Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тасаввури кӯдакон

IMG_1302Равоншиноси рус Олга Новикова гуфтааст, ки кўдакон расмкаширо бисёр дўст медоранд. Онҳо тамоми чизеро, ки дар атроф мушоҳида ва ҳис мекунанд, тасвир менамоянд. Падару модарон намунаҳои беҳтари ин гуна эҷодкориро барои хотира нигоҳ медоранд, боқиро аҳамият намедиҳанд. Дар ҳамин ҳол агар ба одитарин расмҳои кашидаи ин наврасон бодиққат назар афканем, мебинем ки дар дили кўдак чӣ мегузарад ва ў чиро наметавонад ба бузургсолон бифаҳмонад.

Дар робита ба ин мавзӯъ шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ моҳе як маротиба маҳфили «Панҷаи ҳунар»-ро баргузор менамояд. Ин ҳафта низ ин маҳфил доир шуд ва мавзӯи он иди Ғалаба-9-уми май буд. Дар он хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахт ширкат варзиданд. Наврасон бо завқу ҳавсалаи том ба сохтан ва кашидани расмҳо дар мавзуи зикршуда пардохтанд ва дар натиҷа гулҳои зебову ҷолиб сохтанд. Дар ин кор кўдаконро ду корманди шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони китобхона роҳнамоӣ мекард.

IMG_1294Мо дар маҳфил ҳузур доштем ва бо ду дустрўяки ин маҳфил, ки дугониканд ва бо мароқи том ва фаъолмандии бештар диққатро ҷалб месохтанд, Нушофарину Меҳрофарин ҳамсўҳбат шудем.

Нушофарин:

-Вақте мешунавам ин маҳфил доир мешавад, бо хоҳарам давон- давон шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон меравему дар маҳфили «Панҷаи ҳунар» ширкат мекунем. Бисёр дўст медорам ин маҳфилро. Зеро расмкашӣ ба ман писанд аст. 5-6 маротиба аст дар ин маҳфил ширкат мекунам. Бо духтаракони зиёд дугона шудам, ман аз онҳо ширеш ё қалам мегирам ё баръакс духтаракон аз ман.

Аз ин маҳфил бисёр чизҳоро ёд гирифтам. Дар хона рафта чизҳои ёд гирифтаамро ё дар ёдам мондаро месозам ва ба муаллимаи мактабамон Раҳима Дўстова медиҳам.

Барои Меҳрофарин хонандаи синфи 2-и мактаби №1, ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохтани ситорача дар дохили варақ  дар ин маҳфил душвор будаст. Тавре ў ҳини суҳбат иброз дошт, сохтани рамзи Ғалаба барояш осонтар аст.

-Бори аввал ситорачаро хато буридам. Ба муаллима гуфтам, ки натавонистам, ў бароям ситорача сохт ва нишон дод, ки онро чи гуна бояд офарид.

Дубора сохтам, хуб баромад. Баъд дидам ки сохтани гулҳоро ёд гирифтам. Оҳиста-оҳиста расмҳои кашида ва гулҳои сохтаам яке аз дигаре беҳтар мешуд. Онро ба муаллимаи мактабамон  Раҳима Дўстова нишон медиҳам. Ў ҳатман хурсанд мешавад ва онро ба ҳамсинфонам нишон медиҳад.

Сохтани нвиштачоти 9-уми май ва ғалабаро ёд гирифтам, бо як духтарак, ки Закия ном дошту синфи 1 мехонад, дугона шудам. Ман дар маҳфилҳои гузашта сохтани ананас ва сабзиро ёд гирифтам. Сохтани парчамро ҳам аз худ кардам ва онро ба муаллимаамон додам. Муаллима  сипос гуфт онро дар синф гузошту ба ҳамагон нишон дод.

Сохтани ананас ба ман маъқул шуд, зеро офаридани ин мева душвор набуд. Онро гирд мебурӣ ва баргу чубашро месозӣ.

Тавре ин кўдакон дар суҳбат иброз доштанд, онҳо дар ин шуъба нишаста ба мутолиаи китоб низ машғул мешаванд.

Китобҳои «Ҳуснигул ва парии обӣ», «Мурғи марҷон», «Муши тиллоӣ», «Гурбаи танбалак», «Латифаҳо», «Чистонҳо»-ро Меҳрофарин хондааст.

Ҳамчунин дар компутерҳои шуъба бозиҳои омўзишӣ тамошо кардам, мегўяд ин хонандаи шуъбаи ададбиёти кӯдакон ва наврасон.

Нушофарнин низ ҳамроҳи хоҳараш китобҳо мехонад. «Афсонаи пеш аз хоб», «Ду хирсак», «Маҳтоб дар об», «Яке буд, яке набуд»-ро чанд рўз пеш дар шуъбаи кўдакон хондааст.

Воқеан дар маҳфили «Панҷаи ҳунар» бачаҳо бисёр чизҳоро меомўзанд, ғайр аз сохтани бозичаҳову меваву сабзиҷот дар бораи рангҳо чизҳои зиёд аз худ мекунанд.

Масалан рангҳо сифати хислат ва ҳолатро дода метвонанд ва ҳар ранг рамзи худро дорад:

кабуди тира –тамаркуз, мутамарказ шудан ба мушкилоти дохилӣ, ниёз ба сулҳ ва қаноатмандӣ, бодиққат;

сабз-мувозинат, озодӣ, устуворӣ, талоши амният;

бунафш –тахайюлот, интуитсия, нотавонии эмотсионалӣ ва зеҳнӣ (бачаҳо аксар вақт ин рангро афзалтар медонанд);

сиёҳ – афсурдагӣ, эътироз, харобшавӣ, зарурати таъҷилӣ барои тағирот.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.