Ёде аз пажӯҳишгари тавоно Алиқул Девонақулов

Марде бо сурати сирати дарвешнамо, мӯй ва риши дароз, қомати баланд, вале сархам дар кӯчаҳои пойтахт гаштугузор мекард. Ҳамеша ӯро ғарқи дарёи андеша медиданд. Марде мерафт дар ҷодаҳо, ки ғарқоби андешаҳои худ ва мегуфтӣ ба ин дунё ва ин одамон ӯ коре надорад ва дар як дунёи дигари андешаҳо ғӯтавар аст.

Ва чунин ҳам буд. Вай дар ҳамон оламе ва бо ҳамон одамоне мезист, ки асрори эҷодашонро мавриди таҳқиқу таҳлил ва пажӯҳиш қарор дода буд. Аз Рӯдакиву Сино то Турсунзодаву дигарон….

Алиқул Девонақулов донишманди пуркору заковатманд буда, таърихи адабиёт, илму фарҳанги форсии тоҷикиро аз оғоз  бо асотиру ривоят фаро гирифта буд. Ҷустуҷў, муҳаббат ба забону адабиёт, илму фарҳанги ниёгон доштааш ўро то вопасин лаҳзаҳои умр ҳамеша бо кору андеша ва мулоҳиза бо матну мақола ва рисолаҳои илмию адабӣ фаъол нигоҳ медошт. Махсусан, баъди нашри китоби «Асрори номҳои кишвар» (адади нашр 25 000) устод ҳамчун як ситораи дурахшоне дар осмони илми тоҷик арзи вуҷуд намуд.

Алиқул Девонақулов соли 1928 дар ноҳияи Шаҳритус зода шудааст. Фаъолияти корӣ ва тадқиқотии олими фарзона устод Алиқул Девонақулов аз муаллимӣ оғоз ёфтааст. Ў ду сол дар мактаби ҳафтсолаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус муаллими забон ва адабиёти тоҷик буд. Шавқи такмили ихтисос солҳои 1950-1951 Алиқули ҷавонро ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко овард. Пас аз хатми  донишкада (солҳои 1951-1954) дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Бешканд аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Дар ин ҳангом ба омўзиши таърихи водии доманфарохи Қубодиён, шахсиятҳои маҳбубу маъруфи он, топонимикаи номҳои кишвар машғул шуда, мақолаҳо чоп мекард.

Омўзгори ҷавон Алиқул Девонақулов бо илмҳои азбарнамуда ҳеч қаноат намекард, мехост боз бештар донаду омўзад. Аз ин рў, соли 1954 ба Душанбе баргашта, факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро соли 1959 бо дипломи аъло хатм намуда, аз рўйи тақсимот ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шуд. Ў аввал ҳамчун лаборанти калон (солҳои 1959-60), баъд ба сифати ходими хурди илмӣ (солҳои 1960-70), иҷрокунандаи вазифаи ходими илмӣ (солҳои 1970-72), ходими илмӣ (солҳои 1972-92), ходими калони илмӣ (солҳои 1992-2008), ходими пешбари илмӣ (соли 2009) шуда кор кард. Соли 1968 дар мавзуи «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Алиқул-девонақуловРоҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ва хидматҳои Алиқул Девонақуловро ба назар гирифта, ўро аз соли 1972 барои дуруст ба роҳ мондани нашри осори фалсафаю ҳуқуқ дар шуъбаи фалсафа мудири сектори нашри осор таъин намуданд. Дар давоми 20 соли фаъолияташ дар ин вазифа осори бисёр донишмандони асримиёнагиро таҳияву тадвин ва ба нашр омода намуд. Ҳаваси корҳои илмию эҷодӣ, таҳияю тадвини осори намояндагони илму адабиёт ва фарҳанги форсии тоҷикӣ баъди чанде ўро ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ овард. 18 сол, аз соли 1992 то охири умр, дар ҳамин институт ҳамчун ходими калони илмӣ (1992), ходими пешбари илм (2009), мудири шуъбаи нашри осори илмӣ (1993-1998), мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри осор (1998-2006), мушовири мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри осори илмӣ (2006)  фаъолият кардааст.

Устод «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковусро ба нашр расонид. «Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (ҷилдҳои 7, 8, 9), «Куллиёт»-и Абўалӣ ибни Сино (ҷилдҳои 1, 2, 3), «Китоб-ут-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш (дар ду ҷилд), «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Осори мунтахаб»-и Закариёи Розӣ, «Куллиёт»-и Носири Хусрав (29 асар), дигар асарҳоро   ба нашр омода ва мақолаю асарҳои арзанда эҷод кардааст. Баъзе навиштаҳои Алиқул Девонақулов дар бораи осори Абўалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш ва ҳоказо ба мисли рисолаҳои алоҳида аҳамият доранд.

Алиқул Девонақулов ҳамчун адабиётшиносу муҳаққиқи матн миёни аҳли илм маъруф аст.

Солҳои охир Алиқул Девонақулов ба баргардон ва таҳияи матнҳои тиббӣ сарукор дошт. Осори тиббии Абўалӣ ибни Сино, Фахриддини Розӣ, Закариёи Розӣ ва дигар намояндагони ин соҳаро барои хонандагон баргардон мекард. Мехост, ки дар баробари ғизои дурусти  адабию илмӣ ва фарҳангӣ барояшон тану ҷони дуруст низ ҳадя намояд.

Устод ба асарҳои илмию адабӣ ҳусни назокат меафзуд. Эҷодиёти ў аз  Рўдакӣ то Турсунзодаро фаро гирифтааст. Дар бораи адибону олимоне чун Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Муҳаммад Ассори Табрезӣ, Шоҳии Сабзаворӣ, Фахриддини Гургонӣ, Насируддини Тўсӣ, Низомулмулки Тўсӣ, Ҳоҷӣ Юсуфи Ҳайатӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Абўалии Мискавайҳ, Фахриддини Розӣ, Закариёи Розӣ ва дигарон асарҳои тозаи хонданбоб навиштааст. Ҳусни қалами устод Алиқул Девонақуловро талмеҳоти нақд аз «Авасто», таърихи куҳани адабӣ, осори қадимии «Худойнома», «Дарахти Осурик»-у «Ёдгори Зарирон», намунаҳои адабиёти шифоҳӣ, нақлу ривояту афсона, асотир ва ҳоказо баланд мебардорад.

Алиқул Девонақулов барои арзишманд шудани сухани нақд, хонову ҷолиб  гардидани осор аз пайвандҳои адабии русӣ, ҳинду араб, турку чин васеъ истифода бурда,  аз самараҳои ҳамкории олимони Эрону донишмандони Афғонистон, Ҳинду Покистон, Русия, тарҷумаҳои осори форсии тоҷикӣ  ва дигар халқҳои дунё, аз бурдубохт, барору нобарорӣ, андешаҳои олимони барҷастаи дунё ёдовар мешуд.  Ин марди заковатманд дар байни мутахассисон ҳамчун матншиноси собиқадор шуҳрат дошт. Нозукиҳои матншиносиро барои ҳамкорону ходимони ҷавони илмӣ омўхта, онҳоро ба ин кори пурзаҳмат омода ва ҳавасманд менамуд.

Устод Девонақулов то охирин рўзҳои умр ҳамроҳи С. Раҳимзода матни илмӣ-оммавии китоби бузургҳаҷми «Иксири аъзам»- и Муҳаммад Аъзамхони Ромпуриро хонда, қайдҳо намуда, бо муқаддима ва луғату тавзеҳот дар 60 ҷузъи таълиф  таҳия менамуд.

Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таҳқиқи осори хаттии халқи тоҷикро дар солҳои 2006-2010 дар 69 ҷузъи таълиф ба нақша дароварда, силсилакитобҳо таҳия кардан хост, ки бахши таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ, оммавӣ, сарчашмаҳои хаттӣ, таърихию фарҳангиро Алиқул  Девонақулов роҳбарӣ менамуд.

Устод Алиқул Девонақулов дар зиндагии худ корҳои азиму наҷиберо анҷом додааст, ки шоистаи таҳсин мебошанд. Дар роҳ сархаму хомўш, орому бетафовут мегашт, вале дар шинохти миллати тоҷик, баррасии илму адаби гузаштагонамон пурталоштарин корманди вақт ба шумор мерафт.

Ў 28-уми декабри соли  2009 аз олам даргузашт.

Шоҳзамон РАҲМОНОВ, профессор

Ва боз: МУҲАҚҚИҚ ВА ТАҲИЯГАРИ НАШРИ ОСОР

Аз тазқиқоти пурарзиши илмии Алиқул Девонақулов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед дархост ва мутолиа намоед:

Девонақулов, А. Тасҳеҳот ва тадқиқот: Дар бораи «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолӣ Кайковус, ки беҳтарин намунаи насри бадеии асри XI ба шумор меравад // Садои Шарқ. – 1966 . –№8. – С.132-140.

Девонақулов, А. Муҳаммад Ассори Табрезӣ: Шуарои ширинкаломи асри XIV тоҷику форс // Маориф ва маданият. – 1967. –1 август.

Девонақулов, А. «Қобуснома» ва хусусиятҳои асосии он: Осори насри бадеии асри XI тоҷику форс буда, муаллифи он Унсурулмаолӣ Кайковус бинни Искандар // Мактаби советӣ. – 1968. –№5. – С.32-37.

Девонақулов, А. Қозизода ва қозизодаи Румӣ // Маориф ва маданият. – 1969. –11 январ.

Девонақулов, А. Шоҳии сабзаворӣ: Дар бораи эҷодиёти шоири форсу тоҷики асри XV Оқмалики Шоҳӣ // Маориф ва маданият. – 1969. – 6 феврал.

Девонақулов, А., Додалишоҳ, Ҷ. Самараи ҳамкорӣ // Садои Шарқ. – 1970 . –№11. – С.146-149.

Девонақулов, А. Мулоҳизаҳо оид ба услуб ва забони «Китоб-ут-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ // Мактаби советӣ. – 1973 . –№7. – С.40-44.

Девонақулов, А. «Осор-ул-боқия»-и Абўрайҳони Берунӣ // Маориф ва маданият. – 1973. –1 сентябр.

Девонақулов, А. «Ширин ва Хусрав»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ // Маориф ва маданият. – 1975. –13 сентябр.

Девонақулов, А., Гулрўзов, М. Бадахшон аз назари дониш // Комсомоли Тоҷикистон. – 1975. –12 октябр.

Девонақулов, А. Бузарҷмеҳри Абулқосими Фирдавсӣ: Мероси гузаштагон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1975. –28 декабр.

Девонақулов, А. Панди падар – хирмани зар: Абдураҳмони Ҷомӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. –16 апрел.

Девонақулов, А. Шод бош, рўҳи муқаддас!: Публитсистика дар бораи В.И. Ленин // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. –7 ноябр.

Девонақулов, А., Зиёваддинов, О. Эҳтироми оила: Мавзўи оила ва оиладорӣ дар «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш // Тоҷикистони советӣ. – 1976. –23 ноябр.

Девонақулов, А. Россия ва Аҳмади Дониш: Ба муносибати 150-умин солгарди таваллудаш // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. –24 ноябр.

Девонақулов, А. Дурдонаҳои китоби маърифат: Намунаҳо аз «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. –11 феврал.

Девонақулов, А., Саломатшоева, Л. «Рисолаи ишқ»-и Абўалӣ Сино: Ба муносибати 1000-солагиаш // Маориф ва маданият. – 1980. –12 июн.

Девонақулов, А., Саломатшоева, Л. Подевори назмшиносӣ: -и Абўалӣ ибни Сино // Маданияти Тоҷикистон. – 1983 . –27 май.

Девонақулов, А. “Хатлон” чист?: Оид ба сарнавишти таърихи калима // Маданияти Тоҷикистон. – 1983 . –4 октябр.

Девонақулов, А. Хуҷанд: Таърихи номи шаҳрҳо // Газетаи муаллимон. – 1983 . –4 октябр.

Девонақулов, А. Шаҳритуз: Сарнавишти калима // Маданияти Тоҷикистон. – 1983 . –21 октябр.

Девонақулов, А. Қубодиён: Кайқубоди аввал бунёдгари ин шаҳр аст ва он таърихи беш аз сеҳазорсола дорад // Маданияти Тоҷикистон. – 1983 . –1 ноябр.

Девонақулов, А. Вахш: Сарнавишти номҳо // Газетаи муаллимон. – 1983 . –12 ноябр.

Девонақулов, А., Девонақулова, Ш. Маънои “тоҷик” чист? // Адабиёт ва санъат. – 1985 . –24 январ.

Девонақулов, А. Ҳикмати «Чароғи абадӣ»-и Мирзо Турсунзода // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986 . –31 октябр.

Девонақулов, А. Асрори номҳои кишвар. – Душанбе:Ирфон, 1989. – 224 с.

Девонақулов, А., Раҳимзода, С. Бохтар: Бохтариён дар ашъори шоирон // Илм ва ҳаёт. – 1989 . –№5. – С.7-9.

Девонақулов, А., Раҳимзода, С. Ҷовидон хирад: Адиб, муаррих ва донишманди маъруф Абўалӣ Аҳмад ибни Яъқуби Мискавайҳ // Илм ва ҳаёт. – 1989 . –№8. – С.9-12.

Девонақулов, А. Оли хўҷандиён ва Ҳоқонии Шервонӣ // Илм ва ҳаёт. – 1989 . –№11. – С.5-7.

Девонақулов, А. Вассофи адолат: Аз таърихи адабиёти илмӣ // Ҷумҳурият. – 1992 . – 29 декабр.

Девонақулов, А. Хоксории Абўалӣ ибни Сино намунаи ибрат аст // Ҷумҳурият. – 1993 . –23 январ.

Девонақулов, А. Чаро Искандари Низомӣ хунхор нест?!…: Оид ба «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ // Ҷумҳурият. – 1993 . –27 феврал.

Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ