Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20 – уми июл

як-рузи-адабиёт-20-07-2023Соли 1304 дар Аретсо шоир ва сарвари инсонгароии ренесанс, инсоншиноси итолёӣ ба дунё омад. Петрарка дар назм ва наср устод буд ва боиси эътибори забони лотинӣ шуд. Ӯ буд, ки бо заҳмати зиёд осори нависандагон ва андешамандони қадимро ҷамъоварӣ кард. Шуруи асри ренесанс дар охири қарни чордаҳум сабаби рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва пешрафти фарҳангии зиёде дар Италия шуд ва аз ин замон буд, ки китобҳои  сарфу наҳви итолёвӣ таҳия шуд ва дар канори тараққии забони итолёвӣ аз равнақи забони лотин коста шуд.

Франческо Петрарка яке аз машҳуртарин шоирон ва нависандагони ин давра аст, ки ба забонҳои итолёвӣ ва лотинӣ осори муҳиме таълиф кардааст. (Муфассалтар ба “Як рӯзи адабиёт…19 июл муроҷиат кунед) Соли 1534 дар шаҳри Кембриҷ аввалин нашриёт дар олам сабти ном шуд. Он як нашриёти донишгоҳӣ дар назди Донишгоҳи Кембриҷ буда, тавассути Ҳенрии ҳаштум таъсис ёфта буд. Ин интишорот дар айни замон қадимитарин ношири фаъол дар ҷаҳон аст. Он дар Кембриҷ, Ню-Йорк, Мадрид, Деҳлии Нав, Сингапур, дар маҷмуъ дар беш аз 40 кишвари олам марказҳои худро дорад ва аз беш аз 50 ҳазор муаллифон дархост мегирад ва осорашонро чоп мекунад.

Ин нашриёт маҷалаҳои академӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, китобу маҷаллаҳои раҳнамо ва Инҷилро нашр мекунад. Дар замони худ шахсиятҳое чун Ҷон Милтон, Уилям Ҳарвей, Исаак Нютон, Бертран Рассел, Стивен Ҳокинг асарҳои худро дар ҳамин нашриёт чоп кардаанд.

Соли 1725 дар Сарагос ношири испонӣ Иоаҳим Ибарро зода шуд. Соли 1779 вай масъули чопи Академияи подшоҳии Испания таъин гардид. Дар ин кишвар санъати чопи китобро хеле такмил дод. Нашрҳои хеле зебову хуб ороишёфтаи Инҷил, “Таърихи Испания”, романи “Дон Кихот” Сервантес маҳз дар нашриёти ӯ чоп шудаанд.

Соли 1816 дар манзили истиқоматии худ шоири рус Гавриил Державин дар синни 73-солагӣ даргузашт. Ў ходими машҳури давлатии асри XVIII дар дарбори Екатерина II буд ва муаллифи аввалин гимни ғайрирасмии Русия мебошад.

Эҷодиёти  Гавриил Державин қуллаи классикаи рус ба шумор меравад. Аввалин асарҳои шоир дар давраи хидмати ҳарбиаш пайдо шудаанд. Соли 1774 асарҳои «Қасидаи бузургӣ» ва «Қасида ба ашроф» рўйи чоп омаданд. Дар соли 1776 бошад, аввалин маҷмуаи ашъори шоир «Қасидаҳое, ки дар ғами Читалагой тарҷума ва эҷод шудаанд» ба дасти хонандагон расид.

Соли 1782 мадҳияи «Фелитса», ки ба императритса Екатерина II бахшида шуда, ба табъ расид, ки он ба шоир шуҳрати васеи адабӣ овард. Дере нагузашта дигар асарҳои машҳури Державин аз қабили: «Ашроф», «Ба Евгений. Ҳаёти Званская», «Барои марги княз Мешерский», «Худо», «Добриня», «Шаршара», «Ирод ва Мариамна» ва ғайраҳо пайдо шуданд.

Соли 1864 дар Карлбо шоири шведӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1931 Эрик Карлфелдт ба дунё омад.

Карлфелдт шаш маҷмӯаи аввалини ашъори худро соли 1895 нашр кард, ки он «Сурудҳои олами ваҳшӣ ва ишқ» ном дошт. Шеърҳои ба маҷмӯа дохилшуда ва тамоми шеърҳои ў расмҳои ҳаёти деҳқонони ватани шоир – Далекарлияро тасвир мекунанд, ки аксаран бо рангҳои ирфонӣ навишта шудаанд. Ашъори Карлфелдт бо хусусиятҳои миллӣ ва рӯҳияи анъанавии амиқи лирикӣ фарқ мекунад.

Тамоми осори ӯ бо ҳасрати андозаи зиндагии одӣ, бо урфу одатҳои деҳқонии худ тасвир ёфтааст. Ду маҷмӯаи навбатии шеърҳо бошад, «Сурудҳои Фридолин» (1898) ва «Боғи лаззатҳои Фридолин» (1901) унвон гирифтаанд. Фридолин номи қаҳрамони лирикист, ки дар паси он худи муаллиф пинҳон шудааст. Фридолин — нимдеҳқон ва қисман шоир худро ҳамчун шахсе тавсиф мекунад, ки «бо деҳқонон ба забони мардуми одӣ ва ба забони лотинӣ бо одамони соҳибмаълумот муошират менамояд».

Маҷмуаи «Боғи Фридолин» силсилашеърҳои «Расмҳои девории Далекарлия»-ро дарбар мегирад. Инҳо шояд асилтарин ашъори шоир бошанд.

Соли 1870 дар шаҳри Порис дар синни 39-солагӣ бар асари бемории оташак (сифилис) нависандаи фаронсавӣ Жюл де Гонкур вафот кард. Ӯ бародарии хурдии романнавис ва муаррихи барҷастаи фаронсавӣ Эдмон де Гонкур буд.

Соли 1886 дар Гатчин шоир ва тарҷумони рус, мутарҷими “Шоҳнома” Михаил Лозинский таваллуд шуд. Ӯро бунёдгузори мактаби тарҷумаи шеър дар Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд.

Солҳои 1913-1917 муҳаррири маҷаллаи “Аполлон” буд. Соли 1914 дар як китобхонаи расмӣ китобдор ва мушовирӣ мекард. Аввалин маҷмуаи шеърҳояшро бо номи “Калиди кӯҳӣ” соли 1916 чоп кард ва соли 1922 муҷаддадан нашр шуд.

Баъди инқилоби Октябр Максим Горкий Лозинскийро ба нашриёти “Адабиёти умумиҷаҳонӣ” овард ва ӯ дар ин маҷалла ба корҳои тарҷумаву таҳрир машғул шуд.

Соли 1921 тибқи парвандаи Н.С.Гумелёв боздошт шуд, баъдан озод гардид. 20 марти соли 1932 бори дигар боздошт шуд ва ба муҳлати 3 сол барои таблиғоти зиддишӯравӣ шартан аз озодӣ маҳрум гардид.

Вай Шекспир, Ричард Шеридан, Пйер Корнел, Молйер, Сервантес, Карло Ҳотси, Проспер Мериме, Ромен Роллан барин адибони бузурги оламро ба русӣ тарҷума кардааст. Пораҳоеро аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ низ тарҷума кардааст.

31 январи соли 1955 дар Ленинград фавтидааст.

Соли 1928 дар ноҳияи Шаҳритус олим, пажӯҳишгар ва донишманди маълуфи тоҷик Алиқул Девонақулов таваллуд шуд. зода шудааст. Фаъолияти корӣ ва тадқиқотии олими фарзона устод Алиқул Девонақулов аз муаллимӣ оғоз ёфтааст. Ў ду сол дар мактаби ҳафтсолаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус муаллими забон ва адабиёти тоҷик буд. Шавқи такмили ихтисос солҳои 1950-1951 Алиқули ҷавонро ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко овард. Пас аз хатми  донишкада (солҳои 1951-1954) дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Бешканд аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Дар ин ҳангом ба омўзиши таърихи водии доманфарохи Қубодиён, шахсиятҳои маҳбубу маъруфи он, топонимикаи номҳои кишвар машғул шуда, мақолаҳо чоп мекард.

Омўзгори ҷавон Алиқул Девонақулов бо илмҳои азбарнамуда ҳеч қаноат намекард, мехост боз бештар донаду омўзад. Аз ин рў, соли 1954 ба Душанбе баргашта, факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро соли 1959 бо дипломи аъло хатм намуда, аз рўйи тақсимот ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шуд. Ў аввал ҳамчун лаборанти калон (солҳои 1959-60), баъд ба сифати ходими хурди илмӣ (солҳои 1960-70), иҷрокунандаи вазифаи ходими илмӣ (солҳои 1970-72), ходими илмӣ (солҳои 1972-92), ходими калони илмӣ (солҳои 1992-2008), ходими пешбари илмӣ (соли 2009) шуда кор кард. Соли 1968 дар мавзуи «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Дар бораи Алиқул Девонақулов матлаби дигаре дар сомона дорем, ки умед аст мехонед.

Соли 1945 дар Порис дар синни 73-солагӣ шоир, нависанда ва файласуфи фаронсавӣ Пол Валери аз олам гузашт. Ӯ дар шаҳри Сат, яке аз шаҳрҳои соҳилӣ дар ҷануби Фаронса чашм ба ҷаҳон кушод. Дар ҳамин шаҳр таҳсил кард. Соли 1889 дар риштаи ҳуқуқ ба таҳсилаш идома дод. Аввалин чакидаҳои хомаашро дар ҳамин сол нашр кард.

Соли 1894 ба Порис рафт ва ба корҳои давлатӣ машғул шуд.

“Буҳрони зеҳн”, “Номаи хонум Эмили Тэст”, “Дар бораи санъат” ва ғайра номи китобҳо ва асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1953 дар шаҳраки Калинини ноҳияи Кагановичобод (баъдан Колхозобод, ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба дунё омад. Хонадонашон соли 1953 ба Хуҷанд баргаштааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №11 ноҳияи Хуҷандро тамом карда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинободро ба итмом расондааст. Ҳамон сол ӯро бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кор фиристодаанд.

Ашъораш дар авроқи гулчину мунтахаботи «Баҳори хаёл» (1987), «Шукуфасанг» (1990), «Лаъл» (дар ҳаммуалифӣ; Хуҷанд, 2000), «Парвозгоҳи бузургон» (дар ҳаммуаллифӣ; 2001), «Ашки мармар» (Хуҷанд, 2002), «Номаи сарво» (Хуҷанд, 2008), «Номаи муҳрбанд» (Хуҷанд, 2010), «Зуҳури Ҳазрати Инсон» (2011), «Талху ширин» (Хуҷанд, 2012) интишор ёфтаанд. Достону манзумаҳояш «Бе ваҳдат бимирам», «Китобхудо», «Пайғоми ориён», «Достони солҳо», «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ», «Бародарнома», «Зуҳури Ҳазрати Инсон», «Наврӯзнома», ки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво хеле ҷолибанд, дар авроқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои алоҳида мунташир гардидаанд.

Барои китоби ашъори «Номаи сарво» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.

Дорандаи ордени «Шараф» (2003).

Шоири халқии Тоҷикистон (2014).

Аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи Аҳмадҷони Раҳматзод матлаби дигаре ҳам дар сомона дорем, ки лутфан ба он руҷуъ намоед.

Соли 1973 дар шаҳри Москав дар синни 73-солагӣ шоир, мутарҷим, таронанавис ва нависандаи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Исаковский вафот кард. Чун коммунисти содиқ шеърҳо ва таронаҳои зиёдеро дар васфи Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳизби коммунист, Ленин ва Сталин навишт.

Маъруфтарин суруди ӯ, ки ҳоло ҳам дар рӯзҳои хоси Ғалаба дар радиову телевизион садо медиҳад, “Катюша”  ном дорад.

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ду ҷоизаи Сталин буд.