Ёде аз Роҳила Набиева

картотекаСоли 1933 таваллуд ёфтааст. Соли 1951 баъди хатми Омўзишгоҳи  омўзгории шаҳри Хуҷанд  ба номи Н.К. Крупская ба бахши филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1956 хатм кардааст. Ҳамон сол  бо даъвати роҳбарияти Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати муҳаррир ба кор меояд. То моҳи июли соли 1967  дар  ҳамин китобхона  дар вазифаҳои  сарбиблиограф, мудири шуъбаи маълумотдиҳӣбиблиографӣ  кор карда, баъдан ба аспирантура рафтааст.

Роҳила Набиева дар шўъбаи зикршуда феҳристи кишваршиносиро  доир ба забон ва адабиёти  тоҷик таҳия  намудааст. Маҳз кор дар Китобхона ўро ба олами илм пайваст.

Соли 1973 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Хусусияти лексикӣ ва морфологии «Таърихи салтанати манғития»-и Мирзо Абдулазими  Сомӣ» дифоъ намудааст. Солҳои 1970 -1975 ходими илмии Институти  забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ буд. Баъдан ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба кор рафтааст. Дар он ҷо аввал муаллими калон, баъд мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиография буд. Бо ташаббуси ў кафедраи китобхонашиносӣ таъсис ёфт ва аввалин мудири кафедра  ў интихоб мегардад. Дар ин вазифа баҳри тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа саҳми муносиб гузоштааст. Аз ҷумла, донишҷўёни пешқадамро ба аспирантура омода карда, ба шаҳрҳои Маскаву Ленинград мефиристад, ки ҳамаи онҳо бо унвони илмӣ баргаштанд.

Аз соли 1980 то охири умр бо кори илмию омўзгорӣ машғул шудааст. Дар тайёр кардани омўзгорону такмили ихтисоси онҳо пайваста заҳмат  мекашид.

Вақти дар Китобхонаи  миллӣ кор карданаш ў китоби библиографии «Мирсаид Миршакар»-ро тайёр кард. Инчунин, мақолаҳояш дар «Таквими ҷашн ва санаҳои муҳими таърихӣ», ки китобхона ҳар сол омода менамуд, ба табъ расидаанд. Дар тайёр сохтани китоби  библиографии «Адабиёти халқҳои СССР ба забони тоҷикӣ» ҳиссаи босазо гузоштааст.

Хидматҳои ўро дар соҳаи маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ ба назар гирифта, бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардондаанд.

Ў «Аълочии маорифи халқ», дорандаи Ифтихорномаҳои Вазоратҳои маориф ва фарҳанг мебошад.

Сабоҳат Ибрагимова,
муовини сардори шуъбаи
коркарди адабиёт.