Ёди Сайф Раҳимзоди Афардӣ. Порае аз қиссаи “Падруду  пайғом” (Бахши сеюм)

Сайф Раҳимзоди Афардӣ«Вақте ки аз бистар ба рўи тахт хобонидемаш таги болишаш дафтаре баромад…Чанд сатр аз ҳамин дафтар, ки дувоздаҳ варақ дошт: «Медонам, ки чанд рўзи дигарам мондаасту бас. Сад афсўс, ки интиҳои умрамро дар бистар интизор мешавам, на ҷое, ки марги ман ба дигаре зиндагӣ бубахшад, на дар мошин ҳалок шудаам, ки бигўям инқилоби техникӣ маро кўшт.

Ҳарчи ҳаст дар вуҷуди ман аст ва аз вуҷуди ман аст (Ҷисми заифе доштаам, ки ба ин дард муқовимат накард). Ин фақат фоҷиаи вуҷуди ман аст; аслан фоҷиа нест, як ҳодисаи таассуфенгезе барои наздикони ман аст.Таассуф  аз он чизи бисёре аз зиндагӣ гирифтаам, пас гардонда наметавонам, фурсат намондааст, қарздор меравам. Насле аз худ боқӣ нагузоштаам, ки қарзи ман ба гардани ў биофтад… Дар Карияи Боло ба профессор гуфтам , ки ҳама гуна таҷрибаҳое, ки ба табобати ин дард зарур аст, дар вуҷуди ман гузаронанд, агар доруе носанҷида доранд, дар бадани ман бисанҷанд. Профессор гуфт писарам, бисёр ҷовонӣ, ин навмедӣ ба синни ту мувофиқат нест… Не, ман ноумед нестам: ба дунё омадам саодати бузургтар аз ин вуҷуд дорад? Ман ҳаст шудам! По ба замин мондам, ба ҳарчи ки дасти одамӣ мерасад, даст расондам. Ба онҷое, ки даст намерасад, нигоҳам расид, то он ҷое, ки поям мебурд, рафтам, то онҷое, ки на дасту на по, на нигоҳ мебурдам, хаёлу ҳиссиёт ба фарёдам расид, китобҳо! Магар боре гул начидаам, рўй дарё нахобидаам, болои дарахти пурмева набаромадаам, зери офтоб набудаам, таги борон намондаам, ки бубинам, чӣ зебост борони баҳорӣ ва ҳам тирамоҳӣ, хокбозӣ накардаам, миёни ғаллазори зарду офтобӣ роҳгум назадаам, подабонӣ нарафтаам, аспсаворӣ накардаам, суруде нашунидаам, суруде нахондаам, най накашидаам, ғиҷак нанавохтаам, хоб надидаам, дар хобам парвоз накардаам, моҳу моҳира дар об надидаам, дар хоб надидаам, ки паҳлуи ҳам дар осмон шино мекунанад ва ситора мехўранд, ба дунё аз сари дасти падарам нигоҳ накардаам, ў маро боло набардоштааст, модар дар оғӯшам нагирифтааст, дар самалёт аз миёни абрҳо нагузаштаам, аз паҳлуи абрҳо заминро надидаам, магар тулуи офтобро ҳазорон бор надидаам, афсона нашунидаам, дар афсона набудаам?!… Не, ман аз бехудиву ноумедӣ ҷисми худро ба таҷриба намедиҳам, баръакс, ин аз умедвориҳост. Умед дорам, ки агар ҷисми ман иллате дорад, он ҳам барои зиндагӣ хидмат кунад. Мехоҳам охирин одаме, ки қурбонии ин дард хоҳад буд, ман бошам, барои сиҳатии дигарон… Ин ҷо ҳеҷ даъвое буда наметавонад; вақте ман медонам, ки интиҳои умрам фаро расидааст ва дар вартае худро биафканам, ки ба ҳеҷ зараре ва зиёне мақсуде ҳосил шавад, чӣ гуна кор аст, чӣ гуна қаҳрамонист! Ҳарчанд дарду қаҳрамонӣ он қадар аз ҳам дур нестанд; дарде, ки мақсаде дар худ дошта бошад, ё мақсаде, ки кашидани дарду ранҷеро тақозо кунад, вале он дарде, ки дар ман аст, ба ҳеҷ гуна мақсаде ҳамроҳ буда наметавонад, магар як каме таскин ба дилу ба хотир, ки агар ман ҳамроҳи падару бародари худ дар ҷанг мебудам, ҳар мушкилеро мебардоштам ва агар асир меафтодам, ҳеҷ гуна дарду шиканҷае ба хиёнатам намебурд, лаб намекушодам; ин қадар дарде, ки дар вуҷуди ман аст, агар он ба хотири кори бузурге мебуд, агар ба нафъи чанд касе мебуд, хушбахт мебудам…

Аз Душанбе ба деҳа омадам, ки ёру дўстонам дар ин ҳолате, ки ҳоло ҳастам, набинандаам ва зиқу мутаассир нашавад, намехоҳам заррае дар авзои онҳо ҳузн бишинад; он чи ки наздиконро мутаассир мекунад, дидани дарду ранҷи дўст аст, бубинанд ки чи гуна ранҷ мекашам, рўҳияашон фишор мехўрад, андўҳгин мешаванд: ақаллан ҳамин ранҷро ба ёру дўстонам нарасонам; модарамро эҳтиёт кунам, ки дасту пояш вазнин аст, бигзор тасаввур кунад, ки ман ҳеҷ дарде надорам, кадом бемории номаълум аст, ки рўз то рўз харобам мекунад; кўдакаш сиҳату саломат ба дунё биёяд, ҷои ман холӣ намонад…

Бояд пири ҳаштодсола бимирад, беафсўсу надомат. Аслан ҳамин тавр аст. Мўйсафеди ҳаштодсола баринам, ҳеҷ воҳимае надорам, тарс дар вуҷудам намондааст.Чӣ қадар ҷаҳд кардам, ки осудагии пирона насибам шавад… Дар чор моҳ шаст сол ба умри худ афзудам. Аввал, махсусан, даҳ рўзи аввал сўхтам, дарун-дарун, равғани чароғ халос шавад, пилта ҳамин тавр месўзад Ҳарчи орзуе буд, шапалак барин зебо, ба ин оташ андохтааш, ҳар ормоне доштам, шикастамаш, ба ин оташ рехтамаш; дар ин чор моҳ шаст сол ба умрам изофа шуд. Хеҷ орзуе надорам. Пешам равшан аст, андешаҳоям ҳам пирона аст: чи нишоне аз ман мемонад?! Ёдам мекунанд, ё фаромўш мешавам. Хуб шуд, ки туй накардем, вагарна, бечора азоб мекашид. Гуфт, ки бевафой накунӣ!… Бевафо будаам…”

Таърих надорад. Ба гумонам субҳ нивиштааст, вақте ки маро ғанаб мебурд, не мумкин вақти дар мактаб буданам навишта бошад”.

-Кори хуб накардӣ, бачам!

-Чӣ кор кардам, ота?

Маро дар таги дарахт хобондӣ. Шохаҳояш ба таги қабурғаҳоям даромаданд, афгорам карданд!

-Ку? Ҳеҷ чӣ нест, ота!

-Дар таги кашам аст, бубин!

-Ин дасти худат аст, ота.

-Ман дарахтам?!

Ва мўйсафед дарахт мешуд. Набераи мўйсафед инро пештар аз дигарон пай бурд, вақте мехост гунҷишки дар шонаи бобо нишастаро бигирад, болои мўйсафед афтиду сахт лат хўрд, гумон кард, ки бобояш дарахт аст. Шохаи шикастаи себро рўи ҷисми лоғари мўйсафед гузошт, винтаку чархакҳои соатро аз ҷебакаш бароварду пеши ў рехт ва сараки маскаолудаашро хам карду пешаки бобояш ба бозӣ даромад.Биниаш хушкида буд, ба лағдаи сараш маска молида буданд, ки мулоим шавад. Бўи маска дар димоғи муйсафед шишт.

-Хола маска!
-Хола маска!

… гуфт ў ба холаи Хиромон. Холаи Хиромон дўғ мекашид. Назди чағдеги ў меистоданд, ба чакраҳои аз чахчўб мепарида нулакашонро медоштанд. Чакраҳои равғанолуди дуғ ба нули онҳо мерасид. Хола, маска!.. Онҳо ба даруни чағдек лелак заданд. “Биравен. Аз ин ҷо! Пай меоя, маскам вайрон мешава!” Холаи Хиромон ҷоруби бехи сутунро ба сари онҳо бардошт. Сахт хафа шуданд, сагро ба ҷоруб намезананд! Хайр, мебинем… Онҳо болои бом баромаданд. Бом мурӣ дошт. Чағдек дар таги мурӣ буд. Муриҳои хонаҳои Боло дар бом мешаванд.

Эзората поён куну биниш!-гуфт ў ба Халил.

    -Намешинам. Не.

   -Биниш, мегум, агар не ба поён телат медиҳам!

   -Надорам, чаро бишинам!

   -Гум шав, аз даҳони мурӣ!

Худ эзорашро поён карду шишт, дар рости даҳани чағдеги холаи Хиромон…

… ҳозир доду войи Холаи Хиромон мебарояд…

Вале….

(Идома дорад)

Таҳияи Рисолат Шералиева, корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ.