Ёди устод Айнӣ дар як мизи гирди Китобхонаи миллӣ

Ёди устод АйнӣБо ибтикори Маркази “Забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 146-солагии зодрўзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Айнӣ ва асосҳои навсозии забони адабии тоҷик” мизи гирд баргузор гардид.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ оид ба илм, захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, номзади илмҳои педагогӣ Сайфиддин Камолзода мизи гирдро ҳусни оғоз ва рафти чорабиниро танзим бахшид.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сайфиддин Камолзода ёдовар гардид, ки миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи хеш бо фарзонафарзандон ва бузургони илму фарҳанги худ, ки барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши мондагор гузоштаанд, ифтихор мекунад.

Ў устод Айниро яке аз абармардони сарсупурдаи миллат, шахсияти таърихӣ ва боҷуръату қавиирода арзёбӣ карда, бо самимияти хос иброз дошт, ки дар як замони сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик аллома Айнӣ ба майдон омада, дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақши ҳалкунанда бозидааст.

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бой ва қадимӣ будани адабиёт ва забони адабии тоҷикро таъкид карда, қайд намуда буд: «Халқи тоҷик дар боби адабиёти куҳна … мозии намоён ва таърихи шоёни ифтихорро доро аст. Халқи мо пеш аз инқилоб ҳам соҳиби забони адабии бисёр бой буд», идома дод суханашро Сайфиддин Камолзода.

Сипас муовини директори Китобхонаи миллӣ суханони устод Айниро мисол овард, ки таъкид намуда буд: арабҳо дар Мовароуннаҳр ва Хуронсон «забон ва маданияти маҳаллиро бардошта, ба ҷои он забони арабиро ҳоким гардонида буданд». Вале халқи мо ба сиёсати арабҳо тан надода, забон ва маданияти худро аз дами теғу шамшер нигоҳ дошт. Устод Айнӣ бар асоси омўзиши сарчашмаҳои илмӣ-тадқиқотӣ собит кардааст, ки халқи тоҷик мубориза бурда забони худро нигоҳ дошт ва барои рушди минбаъдаи он ҷонбозиҳо кард.

Хулоса, бо номи устод Айнӣ дар таърихи миллати тоҷик як давраи пуршукўҳ оғоз гардидааст, ки мо аз он ифтихор дорем, таъкид намуд Камолзода дар интиҳои суханрониаш.

Сайфиддин НазарзодаСайфиддин Назарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ иброз дошт, ки Садриддин Айнӣ дар як давраи пурфоҷиаи таърих барои худогоҳии миллӣ, бедории мардуми тоҷик, ҳифзу нигоҳдории забони миллӣ, густариши фарҳангу тамаддун, инкишофи минбаъдаи давлатдории миллии тоҷикон хидматҳои босазое кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар дар бораи замон ва фаъолияти қаҳрамонона ва фидокоронаи фарзандони баруманди миллат дар ин давра, ки устод С. Айнӣ аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбад, чунин изҳори андеша намудааст:

Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдўсти тоҷик алоқаманд аст, ки онро метавон ҳаракати шуубияи даврони шўравӣ номид.”

Устод Айнӣ асарҳои адибони классикро сарчашмаи ноби ғановатманди забони адабӣ дониста, истифодаи вожаҳо ва истилоҳоти он замонро яке аз василаҳои асосии бойшавии захираи луғавии забони тоҷикӣ донистааст. Дар мақолаи худ бо номи “Аз забони Шоҳнома” зарурати таҳқиқ ва пажӯҳиши осори гузаштагонро таъкид намудааст.

Ёди устод АйнӣМуҳаммадиқбол Атозода, номзади илми филология, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ, дар мавзуи “Нақши устод Айнӣ доир ба густариши таҳкими таҳқиқотҳо дар самти матбуоти миллии мо” хеле мухтасар ва бодалел ибрози андеша кард.

Устод Айнӣ аз зумраи он муҳаққиқони энсиклопедист буд, ки тақрибан дар тамоми ҷанбаҳои илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик маълумот доранд, нигоштаҳояшон ҳамчун сарчашмаи илмӣ метавонад имрўз барои пажӯҳишгарон хидмат кунад. Он чизе, ки ман барои худам таҳқиқ кардам доир ба адабиёт, забон, дин, санъат, мусиқӣ, кишоварзӣ, меъморӣ, сиёсӣ, публитсистика, таърих ва ҳатто геополитикаи замони худ устод Айнӣ маълумот доданд. Он чӣ дар самти публитсистика ё таҳқиқотҳо дар самти матбуот мебошад, ин аст, ки устод Айнӣ дар 5 сарчашмае, ки аз худ боқӣ гузоштанд, аз ҷумла, дар шинохти нахустрўзномаи тоҷикӣ “Бухорои Шариф” тавонистанд, ки то имрўз ҳамчун сарчашмаи аслӣ барои муҳаққиқони матбуот хидмат намоянд.

Ёди устод АйнӣНозим Нурзода, мудири Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Устод Айнӣ ва худогоҳии миллӣ” суҳбат карда, гуфт, ки воқеан таҷлили солонаи Айнӣ дар замони Шўравӣ баъди даргузашти устод Айнӣ аз соли 1954 ба ҳукми анъана даромада буд ва ҳамасола ин санаро дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, дар сатҳи донишгоҳӣ, дар сатҳи академикҳо, дар сатҳи муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мекарданд. Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешуд. Маҷмуаҳо нашр мешуд. Ин собиткунандаи он буд, ки ҳанўз дар замони Шўравӣ Айнӣ қаҳрамони мо буд, агарчӣ расман, дар сатҳи расмиву давлатӣ унвони қаҳрамонро нагирифта буд, вале қаҳрамон буд.

Дар мавриди ояндабинии устод Айнӣ, ки инро ба забони илмӣ ориентатсия мегўянд, яъне дурнамо, ояндабинӣ, мавқеъгирӣ, ҷиҳатгирӣ ва самтгирӣ, мушаххас кардани самт, самтеро гирифтану ҳадафро барномарезӣ кардан. Ин мафҳумро дар Аврупо кашф карданд.

Устод Айнӣ аз ҳамин зовия ба масъалаҳои миллӣ, масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, фалсафӣ, таърихӣ, ҳамин тур то як қолаби фикрӣ ва барномавӣ рехт ва дар ҳамин замина то охири умр кор кард.

Устод Айнӣ дар “Ёддоштҳо” аз аввалин шиносоияш бо Аҳмади Дониш, ки ўро ғоибона мешинохт, қисса мекунад. Мегўяд вақте ман аввалин бор “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Донишро хондам, шуруъ шуд сатҳи огоҳии ман.

Ҷалолуддин НурзодаҶалолуддин Нурзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ дар ин мизи гирд ширкату суханронӣ намуда, афзуд: Устод Айнӣ бисёр шахсияти бузург дар навсиандагӣ, таҷассум кардани шахсият дар китоб мебошад. Саид Нафисӣ донишманди бузурги эронӣ  вақте бо устод Айнӣ суҳбат мекунанд, мегўянд Шумо аллома Садриддин Айнӣ ҳастед. Аз ҳамон вақт мо ба Садриддин Айнӣ номи аллома додем.

Баъдан Нурзода порчаеро аз “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ барои ҳозирин қироат намуд.

Бахтиёр Раҳмонов номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гуфт, ки устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар амри бақову пойдорӣ ва ривоҷу равнақи забони модарии мо дар садаи сарнавиштсози ХХ нақши калидӣ дорад, балки дар фароянди таърихии ба марҳалаи нави рушду такмил ворид шудани забон низ бо кору пайкор ва осори мондагори худ нақш бозид. Устод Айнӣ ва осорашон бегумон ба манзалаи пули иртиботиест, ки дирўзу имрўз ва имрўзу фардои миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҳам пайванд медиҳад.

Устод Айнӣ бо таснифи “Намунаи адабиёт тоҷик” фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ва бузургони адабиёти ўро ба мардуми дохилу хориҷ тарғибу муаррифӣ намуд. Тазкираи беназири ў  “Намунаи адабиёт тоҷик” ҳамин гуна тадқиқоти арзишманде буд, ки аз ҷиҳати вуқуфи комил доштани муаллифаш аз таърихи ғании адабиёти мумтози форс-тоҷик, пухтакорӣ ва амиқияти муҳокимарониҳо, дурустфаҳмию дурустбаҳодиҳӣ ба шахсияту осори шоирони гузашта, ташхисис дурусти классикон ва мавқеи онҳо мақому манзалати баланди илмӣ дорад.

Ёдовар бояд шуд, ки 8-уми сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ Унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа