“Ҷонҳои мурда”-и Николай Гоголро дар Телеграмканали мо пайгирӣ кунед

Ҷонҳои мурдаНиколай Василевич Гогол нависанда, шоир,мунаққид ва мақоланависи бузурги рус,  бунёдгузори сабки реализми интиқодӣ дар адабиёти рус ва яке аз бузургтарин танзпардозони адабиёти ҷаҳон аст. Аксари муҳаққиқони осораш ба ин назаранд, ки вай ба адабиёти рус ва ҷаҳон таъсири вижа дорад. Михаил Булгаков, Фёдор Достоевский, Франс Кафка, Фланнери О’ Конор, Акутагава барин адибони маъруфи ҷаҳон зери таъсири Гогол мондаву сабки нигориши ӯро пазирафтаанд.

Николай Василевич Гогол (ҳангоми таваллуд Яновский) 1-уми апрели соли 1809 дар губернияи Полтава ба дунё  омада 4-уми марти соли 1852, вақте ҳамагӣ 42 сол дошт, дар шаҳри Москав аз олам гузашт.

“Шабҳо канори деҳкадаи Диканко”, “Миргород”, “Тарас Булба”. “Муфаттиш”, “Ҷонҳои мурда”, “Издивоҷ”, “Вий”, “Достонҳои питербургӣ”, “Шинел”, “Девона” номгӯи нопурраи асарҳои Николай Гогол мебошанд.

Аз бойгонии китобҳои Китобхонаи миллӣ ҷилди сеюми асарҳои мунтахаби Николай Гоголро, ки асари машҳури ӯ “Ҷонҳои мурда”-ро дар бар гирифтааст, интихоб кардем, ки онро ҳамин ҳоло аз Телеграмканали мо метавонед боргирӣ кунед ва ё мутолиа намоед.

Ин китоб соли 1986 дар тарҷумаи Э. Муллоқандов дар нашриёти “Ирфон” чоп шудааст.

Китоб ин ҷост: Н.Гогол. “ҶОНҲОИ МУРДА