Кўдакон ганҷинаи беҳамто
Вожаҳои кўдак, фарзанд, бача, насл барои ҳар як шахс муқаддас мебошад. Дар хонае, ки фарзанд аст, дар он хона хушбахтӣ ҳукмфармост. Фарзанд неъмати бебаҳои ато кардаи парвардигор мебошад. Ҳар як шахсе, ки фарзанд дорад, бечуну чаро хушбахтарин инсони рўи олам аст. Зеро хандаи беғалаши кўдакон ба дилҳо шодиву сурур мебахшад. Як хандаи тифл як дунёи ғаму андўҳро аз дилҳо берун мекунад. Ҷаҳон бо кўдакон зебо ҳасту зиндагӣ дилнишину гуворо.
1-уми июн ба унвони Рўзи байналмилалии кўдакон ҷашн гирифта мешавад. Аммо баъзе кишварҳо 20 ноябр, рўзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кўдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кўдакро ҳамчун Рўзи умумии кўдакон ҷашн мегиранд.
Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кўдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ў, фаро гирифта шудани кўдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин баҳри ҳимояи ҳуқуқи кўдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак амал мекунад, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд.
Дар Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайд шуда ба зимма гирифт.
Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кўдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кўдакон ташкил медиҳанд. Давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад.
Дар ин рӯзи фархунда ҳамаи кўдакони ҷахонро бо рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хохонем.
Сайрон Сафарова.