Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22 –уми апрел

Як-рузи-адабиёт-22-04-2024Соли 1322 нависанда, наққош ва роҳиби итолёвӣ Франческо да Фабриано дар синни 70-солагӣ аз олам гузашт.  Вай соли 1370 ба дунё омада буд ва аз машҳуртарин наққошони замонаш ба шумор мерафт, ки дар равияи готика муваффақ шуда буд.

Соли 1616 дар Мадрид дар синни 68-солагӣ нависанда, романнавис, шоир, наққош ва намоишноманависи машҳури испонӣ, муаллифи шоҳасари “Дон Кихот” Мигел де Сервантес Сааведра аз олам гузашт. Романи машҳураш “Дон Кихот”, ки бар пояи асарҳои классикии адабиёти Аврупо мерасад, бисёре аз мунтақидон аз он ба унвони нахустин романи нав ва яке аз беҳтарин осори адабии ҷаҳон ном мебаранд.

Ҷолиб он аст, ки Сервантес машҳуртарин романи адабиёти ҷаҳон “Дон Кихот”-ро замоне навишт, ки дар зиндон буд.

Моҳи сентябри соли 1575 Мигел Сервантес бо бародараш Родриго аз Неапол ба Барселона бармегашт. Субҳи рӯзи 26 сентябр ҳангоме, ки галераи (итол. galea, galera  –  киштии белдори пастсаҳни низомӣ бо белҳо ва ду-се сутуни бодбонҳояшон секунҷа ва росткунҷашакл, ки чун ҳаракатовари иловагӣ хидмат мекарданд) онҳо ба соҳили Каталон мерасид, аз ҷониби корсарҳои алҷазоирӣ (корсаркиштиҳои ҷангии хусусӣ) мавриди ҳамла қарор гирифт.  Ба ҳамлаварон муқобилият нишон доданд. Бисёре аз аъзои гурӯҳи киштии онҳо дар ин набард кушта шуданд ва дигаронро ба асорат гирифтанд ва ба Алҷазоир интиқол доданд.

Дон-КихотСервантес 5 соли ҳаёташро дар зиндони Алҷазоир гузаронд. Дар ин миён чор маротиба талош кард, фирор кунад, вале муваффақ нашуд. Аммо ба таври муъҷизаосо  барои кӯшиши фирор ҷазо нагирифт. Дар асорат борҳо азият доданд, шиканҷа карданд.

Падари Сервантес пуле надошт, ки фарзандашро раҳо кунад, чун он чи дошт барои озодии Родригес сарф карда буд. 17 марти соли 1578 падараш шаҳодат дод, ки писараш дар ҷараёни бархӯрд захмӣ шудааст. Шоҳиди ин шаҳодат Матео де Сантистебан ба ёд овард, ки Мигелро ҳашт сол аст мешинохт ва замоне, ки ӯ ҳамагӣ 22 ва ё 23 сол дошт, шинос шуда буд. Ва саҳнаи задухӯрдро ҳам дар ёд дорад. Вай шаҳодат дод, ки дар рӯзи бархӯрд Мигел табъи баланд дошту бемор буд. Ба вай тавсия доданд, ки аз кати беморӣ барнахезад, вале ӯ ба қароре омад, ки дар ин ҷанг ширкат кунад.

Сарбоз Габриэл де Кастанеда, сокини водии кӯҳии Карредо хабар дод, ки Мигел зиндаву саломат дар асорати алҷазоириҳост. Билохира, ӯро баъди пардохти он чизе ки талаб мешуд, соли 1580 аз асорат озод карданд.

“Нумансия” (песа), Ахлоқи Алҷазоирӣ”, “Муҳориба дар баҳр”, “Дон Кихот” (роман), “Ҳикоёти пандомез”, “Сафар ба Парнас”, “Саргардониҳои Персилес ва Сихизмунд” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли  1707 дар Шарфам (Англия) шоир, рӯзноманигор, вакили мудофеа ва намоишноманависи англис Ҳенрӣ Филдинг зода шуд. Ӯро бештар барои ҳикояҳои танзомез ва романи “Саргузашти Том Ҷонз” мешиносанд. Ин аст, ки ӯ ба унвони як романнависи барҷаста бештар шуҳрат ёфта буд. Дар ҷойе менависад: “Он замоне, ки аз шумо қадрдонӣ намешавад бидонед, ки вазифаи худро ба беҳтарин сурат анҷом додаед ва коре боқӣ намондааст”.

“Базми ниқобдорон”, “Муҳаббат дар ниқобҳои гуногун”, “Масхараи нависанда бо намоиши арӯсак”, “Фоҷеа ва ё ҳаёт ва маргиТомас Тами Бузург”, “Лотерея”, “Дон Кихот дар Англия”, “Тақвими таърихии соли 1736”, “Амелия”, “Луғати муосир”, “Рӯзномаи сафар ба Лисабон” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Ҳенрӣ Филдинг  8 октябри соли 1754 аз олам гузашт. Ӯ ҳамагӣ 47 сол умр дид.

Соли 1724 дар Кёнигсберг файласуфи саршиноси олмонии асри маърифат ва корсоз дар фалсафаи ҷадид  Иммануил Кант ба дунё омад. Ӯ яке аз файласуфони калидии асри Маърифат буд. Вай таҷрибагароӣ ва  хирадгароии оғозини навинро дарҳам омехт.

Кант истидлол мекунад, ки дарки инсон сарчашамаи қонунҳои саросарии табиат аст.

Иммануил Кант дар хонаводаи муҳоҷирони шотландӣ мутаваллид шуд. Падараш Георг Кант устохонаи ҳунармандии хонаводагӣ дошт, ки дар он кор мекард. Модараш Анна Регина олмонӣ буд ва замоне вафот кард, ки Кант ҳамагӣ 14 сол дошт.

Хонаводаи онҳо сарватманд набуд, вале дар ҷомеаи он рӯз ҷойгоҳи хос дошт. Муҳаққиқон гуфтаанд, ки гузаштагони Кант аз тарафи падарӣ насаби худро аз рустои литвонии Кантвагген гирифтаанд.

Кант дар синни 16-солаги ба донишгоҳи Кёнигсберг дохил шуд.

Соли 1746 аввалин навиштаи худро бо номи ”Назариёте дар мавриди арзиши воқеъии неруи зинда” мунташир кард. Мебоист тибқи қонунҳои донишгоҳи ба забони илмии лотинӣ менавишт, вале Кант чунин накард. Аввалин асари фалсафии худро ба забони олмонӣ иншо кард.

Соли 1744 падараш шадидан бемор шуд ва 24 марти соли 1746 тарки олам кард. Бо рафтани падар ду хохари 17-14-сола ва додари 9-солаи ӯ бесарпараст монданд.

Соли 1755 ӯ ба кори муаллимӣ дар донишгоҳи Кёнигсберг ҷалб мешавад, аммо бидуни маош. Ягона василаи рӯзгузаронии ӯ ҳақулзаҳмате буд, ки донишҷӯён барои ширкаташон дар лексияҳои ӯ мепардохтанд.

Дар солҳои охири умраш Кант ба дини зардуштӣ таваҷҷуҳ кардааст ва аз нигоҳи худ шахсияти Зардушгт ва оини ӯро таҳлил кардааст.

Кант дар фалсафаи худ дар пайи посухгӯи ба се пурсиши асосӣ аст: нахуст ин ки чӣ чизро метавон донист, дуюм чӣ бояд кард ва сеюм чӣ умед ва интизорӣ метавон дошт?

Дар бораи Кант зиёд метавон навишт, вале қолаби “Як рӯи адабиёт дар таърихи башар” ба ин имкон намедиҳад. Бо баёни муҳимтарин навиштаҳои худ, матлабро ба поён мебарем: “Нақди ақли маҳз”, “Тамҳидот”, “Посухе ба ин пурсиш: маърифат чист?”, “Нақди ақли амалӣ”,  “Нақди қувваи ҳукм”, “Дин дар маҳдудаи ақли танҳо”, “Ба сӯи сулҳи ҷовидона”, “Инсоншиносӣ аз дидгоҳи амалӣ”,…

Иммануил Кант 12 феврали соли 1804 дар синни 79-солагӣ дар Кёнигсберги Пруссия аз дунё рафт.

Соли 1766 нависанда, назарипардози адабӣ, мақоланависи фаронсавӣ хонум Анна Луиза Жермена де Стал таваллуд шуд. Дар адабиёти Аврупои аввали асри бистуяк таъсири зиёд дошт. Духтари вазири молия Жак Неккер ва соҳиби салони адабӣ буд.

Дар доираҳои сиёсӣ соҳибэҳтиром ба шумор мерафт ва расману ошкоро аз сиёсатҳои Наполеон интиқод менамуд, ки ин сабаб шуд аз Фаронса ихроҷ шавад.

Солҳои 1803 – 1814 як салонро дар қалъаи  швейсарии Коппе идора мекард. Аз баробарии гендерӣ ҳимоя менамуд ва тамоили ошиқона дар санъат ва адабиётро пуштибонӣ кард.

Ӯро бештар бо асарҳои “Делфин” (роман), “Коринна ва ё Итолиё” (роман) ва очерки “Дар бораи Олмон” мешиносанд.

14 июли соли  1817, замоне, ки 51 сол дошт, вафот кард.

Соли 2023 дар синни 82-солагӣ дар шаҳри Душанбе нависанда, тарҷумон, рӯзноманигор, очеркнавис, мақоланависи маъруфи кишвар Раҷаб Мардон аз дунё рахти сафар баст. Аз ҷумлаи журналистони соҳибсабк буд.

Раҷаб-МардонРАҶАБ МАРДОН соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 7-солаи зодгоҳаш таҳсилро дар мактаби умумии миёнаи рақами 4 ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб давом дод.

Пас аз итмоми таҳсил соли 1957 то соли 1962 донишҷӯи факултаи Университети давлатии Тоҷикистон, феълан Донишгоҳи миллӣ буд. Баъди хатми Донишгоҳ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати ходими адабӣ, сипас мудири шӯъбаи адабиёт кор кард. Сипас дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», имрӯз рӯзномаҳои «Омӯзгор» – у «Адабиёт ва санъат» фаъолият намуд.

Баъди анҷоми хидмати аскарӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ як муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ва телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири шӯъба ва муҳаррири калону ҷонишини сармуҳарир кор кард. Баъдан ӯро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор  даъват карданд. Ибтидо ходими калони адабӣ ва баъдан мудири шӯъбаи саноат ва сохтмону нақлиёти ин рӯзнома буд.

Соли 1987 дар ҷумҳурӣ нашриёти «Адиб» таъсис ёфт. Бо даъвати нашриёти мазкур Раҷаб Мардон дар вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти илмиву фантастикӣ барои ҷавонон фаъолият дошт. Соли 1999 ӯро ҷонишини аввали Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таин намуданд. Соли 2001 Раҷаб Мардон барои хидматҳо дар назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақаи шахсӣ баромад.

Дар давоми 12 соли нафақа Раҷаб Мардон рӯзномаи «Саноати Тоҷикистон»-и Вазорати саноатро ташкил ва рӯзномаи «Ватанпарвар»-и Кумитаи Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳё намуда, барои эътимоди қавӣ пайдо кардани рӯзномаи «Боҷу хироҷ» – и Кумитаи давлатии андози мамлакат саҳм гузошт.

Ба фаъолияти эҷодӣ аз давраи донишҷўияш пардохта ва дар рўзномаву маҷаллаҳо очерку ҳикояҳои ў ба табъ мерасиданд. Соли 1981 китоби очеркҳои ў ”Мошинсозон” (“Ирфон”), “Бунёдгузорон” (“Ирфон”, 1987), “Дарёи нур” (”Маориф”, 1987) чоп шудаанд. Ва ин асарҳо аз ҳаёт, талоши коргарони корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бунёдгарони корхонаҳои барқи шаҳрҳои Нораку Роғун, нақбсозони Данғара ҳикоят мекунад.

Баъдан асарҳои ў “Марде собит ҳамчу кўҳ” (“Ирфон”, 1984), “Оташи дил” (“Адиб”, 1993), “Дар халқаи занон” (“Пайк”, 1997) нашр шудаанд.

Дар соли 1989 ба узвияти ИН Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Соҳиби унвони Журналисти Хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи ду буда, бо як қатор нишонҳову ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ