Кантемир – тарҷумони “Мактубҳои форсӣ”-и Монтеске

Антиох-КантемирКантемир – Антиох Димитриевич (10. 9. 1708 Қустантания – 31. 3. 1744, Порис), дипломат, маорифпарвар-ақлгаро, шоир ва яке аз асосгузорони классикгароии рус дар жанри шеърҳои ҳаҷвӣ. Донандаи хуби таърих ва забонҳои юнонӣ, лотинӣ, итолиёӣ, фаронсавӣ русӣ. Шунавандаи курсҳои фалсафа ва риёзии професор Х. Гросс ва Ф. Майер, ҳамчунин, курси алгебра ва нуҷуми Ҳ. Ҳюссен ва дар Донишгоҳи академии назди Акадаемияи Илмҳои Петербург (1726-27). Сафири фавқулода дар Порис (1739-44).

Дар Порис бо Ш. Л. Монтеске шинос шуда, “Мактубҳои форсӣ”-и ӯро тарҷума кард. Ӯ китобу мактубҳо, ба монанди “Як навъ мактуби итолиёии фарогири тасвири Порис ва фаронсавиҳо” (1726), “Ҷадвали файласуф Кебик” (1729), рисолаи Б. Фонтенел “Гуфтугӯ дар бораи сершумории оламҳо” (1730) ва ғайра-ро тарҷума кардааст. Осори ӯ ба забонҳои фаронсавӣ (1749), олмонӣ (1752) ва русӣ (1762) нашр шуданд, вале аксари онҳо то замони мо маҳфуз намондаанд.

Кантемир масъалаи рушди илму маорифро дар Руссия муҳим шуморида, бунёди мактабҳоро вазифаи асосии ҳукумат медонист. Ӯ ҳифзи сохтори давлатиро, ки Пётри Бузург барқарор намуда буд, ҷонибдорӣ мекард ва бо дар назар доштани “Ҷадвали мартабаҳои  соли 1722”-и Пётр, ғояи баробарии одамон, арзиши баланд доштани инсон ва ғайритабақавӣ будани ҷомеаро дастгирӣ менамуд. Ӯ инчунин ҷонибдори ҳуқуқи табиӣ буда, ғояи баробарии одамон дар назди қонун ва судро мақбул медонист. Чунин меҳисобид, ки ҳамаи одамон баробар таваллуд мешаванд ва фақат хулқу табиати онҳоро тарбия ташаккул медиҳад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 436.

Муаллиф: П. А. Ефремова

Таҳияи Замира Давлатова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.