Киштинишастагонем ё киштишикастагонем? Посухи муҳақиқи тоҷик Салими Хатлонӣ

Китоби шоир ва пажӯҳишгари тоҷик Салими Хатлонӣ бо номи  “Киштинишастагонем!…Киштишикастагонем!…” ба тозагӣ нашр шудааст. Ва тавре ҳаводорони осори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ба зудӣ пай мебаранд, муҳаққиқ атрофи ҳамин ду вожа дар як ғазали Ҳофиз: киштинишастагонем ё киштишикастагонем, ки асрҳост баҳсбарангез шудааст, суҳбат мекунад.

Салимӣ Хатлонӣ шоир ва муҳаққиқи сермаҳсулест, ки мақолоти зиёд ва кутубе чандро дар мавриди рӯзгор ва эҷодиёти шуаро ва орифоне чун Мавлонои Балхиву Аттору Саноиву Бедил ва дигар намояндагони адабиёти ирфони тоҷик ба табъ расонида, дар робита ба осори Ҳофизи Шерозӣ низ китоби алоҳидаеро иборат аз ҳафт суҳбат дар атрофи ҷанбаҳои ирфонии ашъори ӯ ба номи “Аташсипори тариқат ва майгусори ҳақиқат” (Душанбе, “Матбуот “-2012) пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонида буд.

Китоби “Киштинишастагонем!…,Киштишикастагонем!..” низ иборат бар ҳафт суҳбат  ва дар маҷмуъ назариёти тозаи шарҳдиҳандаи шоири нуқтасанҷро дар робита бар кушоиши сирри нуҳуфта ва ба илтифот пешовардаи Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ дар ғазали “Дил меравад зи дастам”, соҳибдилон, Худоро…” дар атрофи вожаи мармуз ва баҳсофарда, ки ба дурустӣ оё “киштинишастагонем” ва ё “киштишикастагонем” будани он ба муаммо табдил гардидааст, фароҳам овардааст, ки метавонад эҳдои арзишманди таҳлилӣ ва  таҳқиқие барои ҳаводорони илму ирфон ва аҳли маънӣ бошад.

Салими Хатлонӣ зодаи соли 1960 буда, хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар соли 1979 ва шуъбаи тарҷумонӣ ва адабиётшиносии Институти адабии ба номи Горкийи шаҳри Москав мебошад.

киштишикастагонемАшъораш муттасил дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию умумиитифоқию хориҷӣ ва маҷмӯаҳои шеърии «Аз пушти борон» (1989), «Сапедасори булӯр» (1991), «Фарёдҳо бар ёдҳо» (1994), «Балоғати нур» (1995), «Шикастанҳо…. Набастанҳо» (1996), «Шамими бодаву бод» (1997), «Шабу шабобу шароб» (1998), «Оли Сомоно, муборак Соли Сомонӣ» (1999), «Хокистари ҳубоб» (2000), «Дар гуҳарбори садаф» (2002) мунташир гардидаанд. Дар мавзӯи «Тасвири най дар эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Доктори илмҳои филологӣ мебошад.

Чанде аз асарҳои назмиву насрии Р. Ҳамзатов, Ф. Тютчев ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи китобҳои «Ғуруби парвин» (қиссаву ҳикояҳои адиби туркман Отаҷон Таган (1992) ва «Палакони Сеул» (маҷмӯаи шеърҳои шоираи куриёӣ Ким Ёчо) самараи заҳмати ӯстанд.

Соли 1992 барои маҷмӯаи ашъори «Сапедасори булӯр» сазовори Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст.

Дорандаи ордени «Шараф»мебошад.

Ва ниҳоят суоле, ки ин замон дар сари хонандаи хабар мечархад:  киштинишастагонем ё киштишикастагонем?
Барои посух ба ин суол шумо метавонед китоби “Киштинишастагонем!…Киштишикастагонем”-ро дар
Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон Лундишоева