Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми март
Соли 1084 дар Личэн, дар империяи Сун дар оилаи марди олим шоираи аҳли Чин Ли Синчжао зода шуд. Падараш Ли Гэйэй профессори Академияи Императорӣ дар Бянлян (пойтахти Чин дар замони империяи Сун) буд. Соли 1101 ҳамсари муаррих Чжао Минчэн шуд. Вале рӯйдодҳои таърихии импараторрабоӣ онҳоро водор кард, ки ба ҷануб фирор кунанд.
Онҳо соле дар Нанкин (собиқ пойтахти Чин) зистанд. Соли 1129 Чжао Минчэн бар асари беморӣ даргузашт. Ли Синчжао тани танҳо ба Ханчжоу кӯчид.
Марги шавҳараш таъсири ногуворе ба эҷодиёташ гузошт ва ашъори баъдии ӯ саропо аз дарду алами танҳоӣ ҳикоят мекнуад.
Солу рӯзи марги ӯ дақиқ нест ва мегӯянд миёни солҳои 1145 – 1156 аз олам гузаштааст. Тибқи як фарзия вай 12-уми майи соли 1155 тарки олам кардааст. Аммо Донишномаи британиёӣ хабар додааст, ки Ли Синчжао на пештар аз соли 1155 дар шаҳри Сзинхуа даргузаштааст.
Соли 1838 дар шаҳри Рум нависандаи Италия Рафаэлло Ҷованоли ба дунё омадааст. Ӯ бештар бо романи “Спартак” машҳур шуд ва ин асар боис гардид, ки адиб баъдтар як силсила романҳои таърихӣ дар бораи гузаштаи империяи Рум навишт.
Соли 1897 шоир ва нависандаи аҳли Белгия Марсел Тири таваллуд шуд. Аз ҷумлаи ширкаткунандагони Ҷанги якуми ҷаҳон буд. Вай ихтиёрӣ ба сафи артиши Белгия дохил шуд, дар Русия ҷангид ва баъди табаддулоти октябрии соли 1917 аз тариқи Сибир ба ватанаш баргашт. Баъдан ба Амрико рафт, ба Фаронса низ. Ба тиҷорат машғул шуд, сафарҳои зиёд ба гӯшаву канори олам дошт.
Духтари ӯ Лиза тири як вирусшиноси машҳури дунёст.
Дар замони ҷанг бо тахаллуси Ален де Мез бо нашрияҳои пинҳонкори «Леттр франсэз», «Эроп», «Шарафи шоирон” ҳамкорӣ мекард.
Аввали маҷмӯаи ашъораш бо номи “Дил ва ҳиссиёт” соли 1919 аз чоп баромад.
5-уми сентябри соли 1977 аз олам гузашт.
Соли 1897 дар Карс дар хонаводаи фурӯшандаи қолинҳо шоир, нависанда ва тарҷумони арман Егише Чаренс зода шуд. Ӯро классики адабиёти арман меноманд. Чаренс адибе буд бо дардҳои халқи худ мезист, барои беҳбуди шароити зисти мардуми арман талошҳои фаровон карда буд.
Чаренс ҳам аз куштаҳои НКВД буд. Ӯро соли 1936 ба иттиҳоми миллигароӣ, ақидаҳои зиддиинқилобӣ, пайравӣ бо Тротский ва терроризм аввал ҳабси хонагӣ карданд. 27-уми июли соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд. Баъди фишорҳои равонӣ ва зӯровариву латукӯбҳо ба беморхонаи маҳбас интиқол доданд. 27-уми ноябри ҳамон сол дар синни чилсолагӣ ба ҳалокат расид.
То ҳол манзили охирати шоир маълум нест. Соли 1955 баъди маргаш сафед шуд.
Соли 1900 дар Урл шоири юнонӣ Йоргос Сеферис ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1963 буд. Йоргос Сеферис дипломт низ буд ва аз соли 1957 то соли 1962 дар вазифаи сафири Юнон дар Британиё кор кард.
Аввалин маҷмӯаи осори ӯ бо номи “Лаҳзаи ҳассос” соли 1931 мунташир шуд.
20-уми сентябри соли 1971 дар бемористони “Эвангелизмос” аз олам гузашт.
Соли 1912 дар шаҳри Итаравшани вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) адиби тоҷик Разиюлло Абдуллозода таваллуд шуд. Соли 1930 Техникуми иқтисоду саноати Тошканд, соли 1941 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст.
Аз соли 1930 то охири умраш омӯзгорӣ кардааст. Дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа ва мактаби миёнаи ба номи М.Горкийи шаҳри Истаравшан дарс гуфтааст.
Хабару мақола, шеъру ҳикоя ва лавҳаю очеркҳо навиштааст.
Мураттиби китобҳои «Зарбулмасалу мақолҳо дар асарҳои С.Айнӣ» (1958), «Ашъори мунтахаб»-и Обидхоҷаев Лутфӣ (1959), «Маҷмӯаи шеърҳо»-и Нойил Шерзода (1961), «Фарҳанги ибораҳои халқӣ» (1974), «Луғати мухтасари адабии тоҷик» (барои мактабҳои миёна; 1973), муаллифи китобҳои «Панди Оқилӣ» (1982), маҷмӯаи очеркҳои «Ёде аз айёми гузашта» (1983), қиссаҳои «Шогирди усто» (1992), «Хӯшаи пурбор» (1992), асари пандуахлоқии «Футувватнома» (1994) мебошад.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Соли 1959 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
19 феврали соли 1995 аз олам даргузашт.
Соли 1913 нависанда ва шоири китобҳо барои кӯдакон ва ҳикояҳои танз, намоишноманависи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Владимирович Михалков ба дунё омад.
Михалков аз шинохтатрин таронанависҳои Шӯравӣ маҳсуб мешуд. Вай муваффақ шуд се бор суруди миллии кишварро дар се давраро бисарояд, ки тақрибан 60 солро ташкил медиҳад.
Вай Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаи давлатии Ленин, се ҷоизаи Сталин, дорандаи орденҳои Ленин ва ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Аз соли 1970 то соли 1990 Раиси Иттиҳдои нависандагони ИҶШС буд.
Аммо ба ӯ бештар асарҳои барои бачаҳо навиштааш шуҳрат овардаанд.
Сергей Михалков 27-уми августи соли 2009 дар шаҳри Москав аз олам рафт.
Соли 1930 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент нависандаи маъруфи тоҷик Ҷумъа Одина ба дунё омад. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол, ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расондааст. Солҳои гуногун муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи маҷаллаи «Тоҷикистон», муҳаррири Радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашри Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ходими адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст.
Асарҳояш аз солҳои 60-ум ба чопшавӣ cap кардаанд. Соли 1964 дар моҳномаи «Садои Шарқ» қиссаи аввалинаш «Авроқи рангин», соли 1968 қиссаи дигараш «Иншо дар мавзӯи озод» ба табъ расидаанд. Соли 1970 ҳар ду қисса бо номи «Авроқи рангин» дар як муҷаллад аз чоп баромадаанд. Соли 1973 маҷмӯаи ҳикояҳояш «Чанбари оташ» чоп шудааст. Соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Романро нашриёти «Ирфон» чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид.
Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонда шуд.
Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми «Искандари Мақдунӣ» дар матбуот чоп шуданд.
Дар тарҷумаи бадеӣ ҳам пешдаст буд. Зиёда аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки романҳои В.Сабко «Кафолати сулҳ», И.Шамякин «Дил дар кафи даст», В.Латсис «Писари моҳигир», Г.Марков «Сибир» аз он шумуланд.
Аз соли 1966 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
14 сентябри соли 1982 вафот кард.
Соли 1964 Додгоҳи халқии Шӯравӣ қарор қабул кард, ки шоир ва тарҷумон Иосиф Бродский муддати 5 сол аз Ленинград ихроҷ карда шавад. Соли 1965 ин парванда дубора баррасӣ шуд ва қарор лағв гардид.
Иосиф Бродский дар замони шўрави ў аз кишвар ронда шуд ва Амрикоро макони зист қарор дод. Бродский дар соли 1987 барои «эҷодиёти ҳамаҷонибаи саршор аз покии андеша ва равшании шеър» барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид.
Ҳангоми ҷоизасупорӣ ба суоли «Шумо худро рус мешуморед ё амрикоӣ?», Бродский ҷавоб дод: “Ман яҳудӣ, шоири рус ва эссенависи англис ҳастам“.
Дар оғози бозсозӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ шеърҳои Бродский, мақолаҳо дар бораи ў ва ҳатто китобҳо рўйи чоп омаданд. Соли 1995 ба ӯ унвони «Шаҳрванди фахрии Санкт–Петербург» дода шуд ва дар соли 2005 нахустин муҷассамаи шоири бузург дар шаҳри Неваи Русия пайдо шуд…
Соли 1992 аз сабаби нарасидани маблағ машҳуртарин нашрияи замони Шӯравӣ “Правда” аз чоп монд.
Таҳияи Б.Шафеъ.