Кишвари беҳуқуқӣ

Бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари кормандони Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и ин муасссиса, китоби “Кишвари беҳуқуқӣ” ва “Дар кӯҳманзар ва водиҳои Бухоро”-и Д.Н. Логофет аз забони русӣ тарҷума шуда, дар нашриёти “Эр-Граф” ба нашр расонида шуд.

Дар асарҳои ходими давлатӣ, ва хизматчии ҳарбии Империяи Россия Дмитрий Николаевич Логофет «Кишвари беҳуқуқӣ» ва «Дар кӯҳманзар ва водиҳои Бухоро» вазъияти Хонигарии Бухоро дар масири таърих, махсусан, дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX ба қалам дода шудааст.

Китоби аввал “Кишвари беҳуқуқӣ” аз сарсухани тарҷумон, пешгуфтор, бисту як боб, мундариҷа ва замимаҳои ишоранамудаи муаллиф иборат буда, аз 149 саҳифа иборат аст.

Китоби дигари Д.Н. Логофет бо унвони “Дар кӯҳманзару водиҳои Бухоро” аз мундариҷа, пешгуфтор ва панҷоҳу як боб иборат аст, ки 390 саҳифаро фаро гирифтааст. Дар охири ин китоб таҳиягарон расмҳои гуногунро вобаста ба мавзӯъ ва муҳтавои асари тарҷумашуда, ҷой кунонидаанд.