Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2021)

Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2021) / Мураттибон Ф.Аминов, С.Гулов; Зери назари Ҷ.Х.Файзализода; Муҳаррирон Г.Маҳмудов, З.Гулмурод. – Душанбе: Эр-граф, 2020. – 160 с.

Соли нуҳум аст, ки шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро омода намуда, рўйи чоп меорад. Тақвим аз ду қисм таркиб ёфта, дар қисми аввал ахбори воқеаҳои соли 2021 ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библиографӣ вобаста ба санаҳои мавлуди арбобони намоёни сиёсӣ, давлатӣ, адабӣ, илмию фарҳангӣ фароҳам омадааст. Зимнан дар қисмати аввали ахбори воқеаҳои соли 2021 намояндагони сиёсию давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ, генералҳо аз Тоҷикистон, ҳамчунин олимон, адибону журналистони ҷумҳурӣ, арбобони фарҳанг, ки санаҳои ҷашнӣ –50, 55, 60, 65, 70, 75, 80, 85, 90, 95, 100 – сола ва ғайра доранд, номбар карда мешаванд.

Тақвим ба китобдорону дигар дастандаркорон, ки дар тарҳрезию созмондиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, илмӣ, адабию фарҳангӣ ва оммавӣ-маърифатӣ ҳиссагузоранд, мадад хоҳад расонд.