Китоб дар масъалаи фалсафаи иҷтимоии забон
Донишманди тоҷик Шерзот Абдуллозода дар сарсухан ба китоби нави худ бо номи “Забон аз нигоҳи фарҳангу маънавиёти миллат” гуфтааст, ки дар ин маҷмӯа “талош кардааст бештар ба масъалаи фалсафаи иҷтимоии забон, нақши он дар барқарории равобити отифию самимият аз тариқи корбурди забон дар чомеа” аҳмият диҳад.
Ин китоб ба тозагӣ мунташир шудааст ва муаллиф гуфтааст, ки онро аз ҳисоби хазинаи шахсии худ интишор додааст. Дар сарсухан, ки ин суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» чун эпиграф истифода гардидааст, муаллиф менависад:
Ин фармудаи Пешвои миллат дар китоби дуҷилдаи худ ба ҳамин ном, қазияи бадеҳӣ (оксиома) – воқеияти далелу исботноталаб мебошад. Яъне эҳтиёҷе барои баҳсу ҷадал надораад ва онро қабул ва мисли модар, гавҳараки чашм бояд ҳифозат ва эҳтиёт намуд. Оё мо ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки ниёгони мо аз миёни қарнҳо онро ҳифз намуда, аз хатарҳои мудҳиши харобиовар маҳфуз ва аз вартаи нестӣ наҷот додаанд, мерасем ва бо ҳамон дилсўзӣ онро муҳофизат ва барои рушди минбаъдаи он мусоидат карда метавонем? Ин саволест, ки ҳар як фарди миллат аз сиёсатмадор то фарҳангӣ, аз деҳқон то омўзгору толибилму донишҷў ба пеши худ бояд гузорад.
Маколаҳое , ки дар маҷмўаи осори банда ҷой дода шудаанд, танҳо он корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва оммавию таблиғию таълимие мебошанд, ки ба масъалаи забон бахшида шудаанд ва қаблан дар саҳифаҳои ВАО нашру интишор шудаанд.
Ҳарчанд тахассуси касбии ман файласуф – дишинос аст, вале филология ихтисоси касбкардаи донишгоҳии ман ҳамчун омўзгори забони тоҷикию арабӣ аст. Забонҳои арабӣ, русӣ, англисӣ ва туркии узбекиро дар сатҳи ба худ лозим медонам. Лозим медонам инро низ ҳамчун насиҳату васият, чун ин пешгуфтор дар синни 77 – солагӣ навишта шуда истодааст, бигўям, ки дар тўли ин умр ҳамчун олим бо коркарди як мавзўъ маҳдуд нашуда, ба ғайр аз камаш 3-4 монографияи илм, боз зиёда аз 7 китоби такмуаллифии таълимӣ дар ҳачми 15-20 ҷ.ч.,ва адҳҳо маколаҳои илмию оммавӣ (ҳадди ақал 150 мақола) дар мавзўҳои гуногуни илмию иҷтимоию сиёсӣ навиштаам.
Бояд гуфт, ки ин ҷониб дар ин маколаҳо бештар ба масъалаи фалсафаи иҷтимоии забон, нақши он дар барқарории равобити отифию самимият аз тариқи корбурди забон дар чомеа, он масоиле, ки камтар таваҷҷуҳи забоншиносони моро ҷалб кардааст, аҳмият додааст .
Ман фикр мекунам, имрўз забони аз ҳама ҷиҳат комилу шевою, зебову пурҷилои тоҷикӣ – форсӣ – дарии мо ҳеҷ нуқсеву норасоие надорад, магар дар фарогирии соҳибонаш ва корбурди лозима аз он. Дар сатҳи назарию шинохти саноати дар он назму насри таърихию имрӯз ҷои ҳарфе нест. Вале дар масъалаи баҳрагирии мо ҳамчун соҳибзабону сарчашмаи баромад ва интишори он, моро як ҳаракати аз ғанабрафтагӣ бедоршудан лозим аст. Барои идроки зарурати инчунин ба ҳуш омадан, як ба гуфтори шоеъ дар кўчаву бозор, дар китобу воситаҳои таълимии забон дар муассисаҳои таълимии забони модарӣ Шумо мавзуъ ё бобу фасле ба номи «Баёни эҳтирому одоби муколамаю муошират дар забони тоҷикӣ» ё наздик ба ҳамин пайдо кардед, ба ман хабар диҳед, ман пайдо накардам.
Ҳол он ки дар фалсафаи забон солҳои охир дар бораи мақулаи эҳтиромро ҳамчун яке аз усулпояҳои забон қабул кардан сухан меравад. Ин матлабро барои он ёдовар шудам, ки дар ин маҷмуаи мақолот яке аз мавзӯҳои асосӣ ҳамин масъалаи эхтиром дар забон мебошад.
Дар охир ногуфта намонад, ки ин ҷузвия ба сифати огоҳӣ ё иттилоотӣ бо хазинаи шахсӣ чоп шуда, агар ниҳоде хоҳад, ки барои доираи васеъ интишор кунад, ихтиёр дорад.
Китоби Шерзот Абдуллозода “Забон аз нигоҳи фарҳангу маънавиёти миллат” –ро шумо ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолеа намоед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.