Ошноӣ бо файласуфон ва фалсафа. Кабанис кӣ буд?

Пйер Жан Жорж 5-уми июни соли 1757 дар шаҳри Конаки Фаронса дар оилаи файласуфи модигаро ва табиби фаронсавӣ, шогирди Э. Б. Кондиляк дар оилаи адвокат таваллуд ёфтааст. Ҷаҳонбинии сиёсиаш ба жирондинҳо (яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар даврони Инқилоби Бузурги Фаронса) наздик буд. Дар табаддулоти давлатии 18-уми брюмер (фаронс, «туман»)  ширкат варзид.

Соли 1803 Кабанис узви Академияи Фаронса интихоб шуд. Пас аз вафоташ мақоми ишғолкардаи ўро дар Академияи Фаронса ҳамақидаи вай Антуан Дестют де Траси ишғол кард. Дўстони ў О. Мирабова М. Ж. Кондоросе буданд.

Кабанис узви ташкилоти масонҳои «Нуҳхоҳарон» буд. Ў дар муқоиса бо насли калонсолу моддигарои фаронсавии асри 18 пайрави устувору ҷанговари равияи илҳоди (атеизм)-и фалсафа ба шумор намерафт. Ба андешаи Кабанис тафаккур ҳамчун маҳсули мағзи сар ҳамон гуна ҳосил мешавад, ки ғадуди зери меъда барои ҳазми хўрок аз худ тарашшўҳот ҷудо мекунад. Ин ақидаи ў боиси он гардид, ки ўро  яке аз асосгузорони  «атеизми дурушт» пиндоранд.

Ў ва Антуан Десют де Траси асосгузорони таълимот дар бораи «ғоя» («идеология»илм дар бораи қонунҳои умумию тағйирнаёбанда ва бавуҷуд оварандаи ақидаҳо) ба шумор мераванд. Кабанис тибро воситаи асосии такмили навъи башар медонист, зеро ба андешаи вай, тавассути имконоти илми тиб имкон дорад ба бадани инсон таъсир расонида, ба тағйироти рўҳӣ дар он низ ноил шуд.

Кабанис дар ташаккул ва такомули илмҳои тиб ва физиология бахусус дар ИМА дар асри 18 таъсири бузург расонд. Дар солҳои охири ҳаёташ ба витализм (равия ва таълимоти куҳнашуда дар биология  ва фалсафа, ки мавҷудоти зиндаро дорои неруи ғайримоддию фавқуттабии идоракунандаи ҷисм медонист) майл кард.

Кабанис 5  майи соли 1808 дар шаҳри Серенкури Фаронса вафот кард.

Бозчоп  аз  Энсиклопедияи миллии тоҷик . – Душанбе,  2020. – Ҷ. 9. – С. 166.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
шуъбаи библиографияи миллӣ.