Китоб-сарчашмаи ақлу хирад
“Хонае, ки дар он китоб нест, ба мисли ҷисме, ки рӯҳ надорад”, – гуфтааст хатиб, сиёсатмадор ва файласуфи маъруми Руми бостон Марк Тулий Сисерон. Китоб-ягона манбае мебошад, ки ҳар як шахс метавонад тариқи мутолиаи китобҳои гуногун ақлу хирад, дониш, заковат, зеҳн ва фикронии худро сайқал диҳад. Гузаштагони ниёгони мо ҳамеша ба китоб такя карда, қайд мекарданд, ки беҳтарин дӯсти инсон ин китоб мебошад. Метавон гуфт, ки китоб дар ҳаёти инсон нақши ганҷи бебаҳо, роҳнамо, дӯсти содиқ, тарбиятгар ва омӯзгор бозида, инсонро метавонад ба мартабаҳои баланди зиндагӣ расонад. Беҳуда нест, ки шоири бузурги форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро “Фуруғи субҳи доноӣ…” номидааст.
Мутолиаи китоб дар ҳар як давру замон масъалаи мубрам ва муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки тавассути китоб метавон таърихи гузаштагону ниёгони хеш, давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллиро ҳифз намуд. Китобхонӣ ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки аз пешиниёну тамаддуни халқҳои гуногун, адабиёт, фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиёти ҷомеаи ҷаҳон бархурдор гардем.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкалаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳ аз у ба гушаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар давру замон китоб ба инсон ғизои маънавӣ медиҳад. Чӣ қадаре ки инсон ба мутолиаи китоб машғул гардад ҳамон қадар ақлу хирад, заковат ва афкори ӯ рушд меёбад. Инчунин тариқи китобхонӣ ҳар як шахс метавонад фикру андешаҳои худро дар мавзуҳои гуногун бе чуну чаро баён намояд ва озодбаён гардад. Афкораш тағйир ёбад, сухандону суханрон шавад. Чунонки мегуянд: “ганҷ магир-китоб гир” яъне ганҷу зар бо мурури замон истифода шуда тамом мешавад, аммо китоб бошад тамоми умр бо мо боқӣ мемонад.
Ҷамила Гирдакова, мутахассиси пешбари
шуъбаи хидматрасонии библиографӣ.