Китоб ва рушди ҷомеа

АБКИмрӯз нақш ва мақоми китоб чун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисоду маънавиёт ва маорифу фарҳанги миллатамон беш аз пеш меафзояд.

Пешрафти ҷомеа асосан бо роҳи дониш, инчунин мутолиаи китоб ва дигар воситаҳои илмию адабӣ ба даст меояд.  Тавассути китоб мо таърихи гузашта, ҳаёти имрӯз ва ояндаи дурахшони халқу миллати худро меомӯзем. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъанаҳои  неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад, ки сатҳи дониши худро пайваста мукаммал гардонем. Ниёгони бузурги тоҷик китобро «ҷароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» хон­даанд. Бесабаб нест, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар хусуси китоб гуфтаст:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…

Боиси хушнудист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалбу таваҷҷуҳи ҳамагон ба мутолиаи китоб пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба китобхонӣ ва гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҷалби доираи васеи ҷомеа дар ҳар сол идомаи фармудаҳои хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои ба китобхониву китобхона ҷалб намудани хонандагон ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни онҳо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хоси синнусолӣ ва вижагиҳои майлу рағбати ҳар як гурӯҳи хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Сипас, барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими оммавӣ дар китобхона, аз қабили вохӯриҳо бо шоирону нависандагон ва мутахассисони собиқадор, семинару маҳфилҳои илмӣ, таҳияи рӯйхати адабиёти тозанашри нашрияҳо, лавҳаҳои ҷашну санаҳои муҳими таърихии кишвар ва ғайраҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат масъалаи мазкурро ба миён гузошта, таъкид намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Нигина ҚУРБОНОВА, сармутахассиси шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.