Шодбошии баҳори нозанин

Бахор-(3)Имрӯз ба берун нигаристам. Ҳаво хеле тозаву озода, бӯйи гулу гиёҳҳо ва буттаву райҳон, чукриву торон ба машомам расид. Дарахтони сармозадаву сархам қомат рост намуда, рақскунон  бо гулҳои рангоранги худ фахр доштанд.

Боронаки найсоне ба руйи баргҳои дарахтон мечакид ва онҳо беист худро ҷавлон медоданд. Манзарае, ки чанде пеш сап – сафед буд, ҷомаи сабзро ба бар намуд. Эй баҳори нозанин магар ин туӣ? Ту омадӣ? Чӣ тавр ҷуръат карда бо зимистон хайрухуш намудӣ? Баҳорҷон пазмонат шудаем… Оҳ як соли умри мо ин қадар зуд бигзашт…. Ба сӯи хона тохтам.

Модарҷон бихезед баҳор омадааст, бихезед. Модарам ҳайрон шуда аз чашмони пур аз меҳру садоқаташ  ашк ҷорӣ шуд. Худо ба шукр бачам ба баҳор ҳам расидем ва Худо кунад ки ба баҳори дигар ҳам бирасем. Дастагуле барои модарам оварда,  модарамро сахт ба оғӯш гирифтам. Модарҷон ман Шуморо хеле ва хеле аз ҷонам ҳам зиёдтар дӯст медорам гуфтам.. Модар моро ба оғӯши худ гирифта беист мегирист. Шояд аз дурии фарзандони ғарибмондаи худ, шояд аз марги ҷигарбанди ҷавонмарги худ, шояд аз бевафоии бахти рамидаи худ, шояд аз бемеҳрии фарзандони худ, шояд аз азобу ранҷи зиндагии ноороми худ……. Шояд…Лек Худо ба шукр мегуфт.

Ҳамдилу ҳамҷони ман, эй ҷони ман, ҷон модарам,

Эй ҳамеша меҳрубони меҳрубонон, модарам…..                           

 (Фарзона)

Бале модар фариштаи руйи олам аст, модар аз ҳама мавҷудоти дунё авлотару зеботар аст, модар офарандаи меҳру муҳаббат ва садоқат аст, бахшандаи гуноҳҳои фарзандони худ, модар чароғи хонадон, калиди бахту саодат ва наслофари дунёст. Саҷда меорем ба бузургиву ба пеши пойи модарони худ…

Эй баҳори нозанини нозанинҳои фасли сол. Ту имрӯз хеле фахр аз он дорӣ, ки Рӯзи модар ва Наврӯзи оламафрӯз меҳмони кошонаи туст. Чӣ қадар гулдухтарони зебои мо куртаҳои атласу чаканро ба бар намуда, бо чеҳраҳои зебои худ ҳусни диёри моро боз ҳам зеботару рангинтар  мегардонанд. Хуш омадӣ баҳори нозанину деринтизори мо.

Зимистони барфрези мо нагузошт, ки баҳори нозанин меҳмони мо шавад. Аммо баҳор мардонавор ва бо қадамҳои устувор меҳмони диёри офтобруяи мо гашт. Офарин баҳори зебои мо хушомадӣ, бо омаданат дили моро равшану гарм ва тозаву бекина сохтӣ . Пазмонат будем эй арӯси сол, баҳори орзуву ормонҳои мо , хуш омадӣ…….

Баҳори сабзу тар муборакатон бод ҳамватанони азиз! Ҳамеша ба мисли гулҳои баҳорон сарсабзу хуррам, зебою пуртароват, хандону шукуфон ва сиҳату саломат бар сари фарзандон бимонед!

Эҳтироми модаронро  ҳар лаҳза қиммат шуморем. Худованд ҳар яки Шуморо ба орзуҳои некатон бирасонад!

Баҳор омад зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт……

                                          (Мирзо Турсунзода)

 Фароғат ТОЛИБОВА,  муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ,раиси Шӯрои бонувон.