Китобе аз сарнавишти Саразму саразмиён

“Саразм ва баъди Саразм”. Чунин ном дорад китоби адиби маъруф Шераки Ориён, ки  соли 2020 чоп шудааст, вале ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расидааст. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз гузаштаву имрӯзи Саразми бостон ҳикоят мекунад. Ҳикоёташ баҷо ҷолибанду хонданӣ.

Худи муаллиф дар сарсухани мухтасаре навиштааст:  Мавзеи Панҷекатро шоири шаҳир Шамсиддини Шоҳин  «панҷаи худовандӣ»  номида буд,  яъне ишора ба ҷойи муқаддас бошад,  зеро нақши панҷаи худовандӣ,  албат ҷойи муқаддас ба ҳисоб биравад.

Саразм низ аз муқаддасот ва муқаддамоти айёми пешин буд ва маркази ойину салтанату давлат ба ҳисоб мерафт,  аз ин боис онро (Саразмро)  «Кенти Панҷ» ҳам меномиданд, яъне  «шаҳри муқаддас»,  ё бо тарзи дигар бигўем Панҷ+кат ё Панҷекат.  Саразм ё бо тарзи дигар бигўем  «Кенти Панҷ»,  дар ун замонаҳои қадим, яъне панҷуним – шаш ҳазор сол муқаддам, барои маҳаллоти дигари Осиёи Марказӣ ва Осиёи Миёна пешсаф, пешрав, намунаи ибрату тимсоли пайравиҳо будааст.

Ва ин китобест доири тамаддуни таърихӣ, маънавӣ,  мазҳабӣ ва тамаддуни кишоварзӣ,  шаҳрсозӣ ва ҳунармандии яке аз қадимтарин шаҳристонҳои олам  – Панҷекат ва мардуми диловару сарсупурдаи он.

Яъне китоб саргузашти Саразму идомаи онро ва саргузашти диёру тақдири фарзандони онро дар шакли пажўҳиш,  ё дар тарзи бадеӣ ба таҳлил мекашад, ки ҳамагӣ ба ҳам омада, симои таърихию фарҳангии як пораи кишвари бостонро ва мардуми онро рўшану дақиқ ҷилванамо месозад,  хонандаро бастаю шефта медорад.

Китоби “Саразм ва баъди Саразм”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарҳоди САЛИМ, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.