Китобе “Дар суроғи иқлим аз Душанбе то Антарктида”
Муаллифи ин китоб Абдулҳамид Қаюмов, профессор, академики МАНЭБ, Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2018 директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Китоб соли 2024 чоп шуда ва тавре аз номаш пайдост, аз раванди тағйирёбии ҷаҳонии иқлим бар пояи додаҳои илмиву натиҷаи таҷрибаҳои муосир ҳикоят мекунад. Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа кунанд.
Тасмим гирифтем ҷиҳати ошноии бештар бо китоб, ки мавзуи муҳими рӯзро мавриди таҳқиқ қарор додааст, чанд бахше аз онро ба таваҷҷуҳи хонандагони сомона низ расонем.
КОНВЕНСИЯ ДОИР БА БА ТАҒИЙРЁБИИ ИҚЛИМ
Дар давоми солҳои 80-уми асри гузашта, далелҳои илмӣ оид ба имконпазирии тағйирёбии глобалии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда буд. Моҳи ноябри соли 1998 гурӯҳи байниҳукуматии коршиносони тағйири иқлим ( ГБКТИ ) таъсис ёфт, ки дар он зиёда аз 1000 нафар мутахассисони 60 давлат шомил буданд. Оид ба масъала як силсила конфоронсҳои байналмилалӣ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо барпо гардиданд. Иштирокчиёни ин ҷаласа ниҳоятан ба хулосае омаданд, ки бояд таъҷилан Шартномаи глобалӣ оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим баста шавад.
Кумитаи тадорукот лоиҳаи Конвенсияро таҳия намуд ва 9-уми майи соли 1992 Созмони Миллали Муттаҳид онро қабул кард. Конвенсия 21-уми марти соли 1994 пурра ба расмият даромад. Соли 1998 бошад 175 давлат ба Конвенсия шомил шуданд. Конвенсия аз 25 бахш иборат буда, дар он самтҳои асосии пешгирии тағйирёбии иқлим ва вазифаҳои давлатҳое, нишон дода шудааст.
Ҷаласаи нахустини Конфронси тарафҳо, ки органи олии Конвенсия мебошад, дар шаҳри Берлини Олмон баргузор гашта буд. Мувофиқи қарори ҷаласаи сеюм ( Киотои Ҷопон ) давлатҳои мутарраққӣ то соли 2008-2012 бояд пароканиши газҳои гулхонаиро на камтар аз 5%, нисбат ба соли 1990 кам намоянд. Моҳи январи соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин Конвенсияро қабул намуд.
ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ
Гармшавии глобалӣ ин гармшавии ҳарорати ҳавои болои Замин бо таъсири пароканиши СО2 ва дигар газҳои атмосферӣ мебошад. Гармшавии глобалиро « Эффекти парникӣ » низ ба вуҷуд меорад. Ин калима аз хусусияти гармхонаҳо гирифта шудааст, ки дар минтақаи иқлимашон хунук барои парвариши рустаниҳои гармипарст истифода бурда мешаванд. Гармхона ҳарорати ҳаворо нисбат ба берун гармтар нигоҳ медорад.
Атмосфера дар гирди замин чунин ҳолатро ба вуҷуд меорад. Газҳои гулхонаӣ ё бо ибораи дигар парникӣ гуфта, моддаҳои газмонанди атмосфераро меноманд, ки онҳо табиатан ё пайдоиши антропотехникӣ ва инчунин хусусияти ҷаббидан ва нурафшонии инфрасурхро доранд.
Яке аз газҳои дорои эффекти парникӣ ин буғ мебошад, ки намегузорад, ки нурҳои офтоб куллан ба кайҳон баргарданд. Ин имкон медиҳад, ки ҳарорати ҳавои болои замин аз ҳарорати реалиаш 33° гарм нигоҳ дорад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳарорати миёнаи замин -18 ° С дараҷа хунк аст. Эффекти парникӣ онро ба +15 ° С гармӣ расонидааст. Бояд қайд кард, ки таъсири фаъолияти одам ба буғи об дар тропосфера буда хело кам аст. Газҳое, ки бештар эффекти парникӣ доранд ба фаъоляти одам вобастаанд:
- СО2 ( дуоксиди карбон)
- СН 4 ( метан )
- Н2N ( оксиди нитроген )
- ХФК (хлорфторкарбонҳо)
Дар 50 соли охир миқдори ин газҳо дар натиҷаи фаъолияти одам дар атмосфера хело зиёд шудааст. Ва ин сабаби афзоиши эффекти парникӣ шудааст. Ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро низ ба ташвиш овардааст.
ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Мувофиқи пешгўйӣ тағйирёбии иқлим ба ҳамаи тарафҳои ҳаёту фаъолияти одам ҳамаҷиҳата таъсир мерасонад. Таъсири хисорот дар соҳаи кишоварзи, саноат, экосистемаи табиат, хоҷагии ҷангал, захираҳои об, тандурустӣ дида мешаванд.
Мувофиқи ҳисоботи ГБКТИ натиҷа аз ҳад зиёд об шудани пиряхҳо, сатҳи оби баҳру уқёнусҳо нисбатан баланд мешаванд. Мувофиқи ин ҳисоботҳо то соли 2100 дар даҳсола баландии об ба 6см зиёд мешавад. Баландшавии сатҳи баҳр аз се то шаш маротиба нисбати сад соли охир меафзояд. Ин ҳолат шаҳрҳои назди уқёнусро дар хатар мегузорад. Баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо асосан дар натиҷаи аз ҳад зиёд обшавии пиряхҳои антарктикӣ ба вуҷуд меояд.
Таҳқиқот нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри XX бештар аз 29 километр яхи худро аз даст додааст. Мувофиқи ҳисобот, бар асари гармшавии табиат дар Тоҷикистон, айни замон ҳазорҳо пиряхҳои хурд нест шудаанд. Масоҳати умумии яхбандӣ дар кишвар 20% ва ҳаҷми ях – 25% кам мешавад. Аз ин сабаб миқдори об дар дарёҳо хело кам гардидааст.
Таҳияи Таҳминаи Маҷид,
корманди шуъбаи нигаҳдории китоб.