Китобҳои Брайлӣ. Садафмоҳ Абдуназарова: “Калоба кучо шуд?»

Калоба кучо шудИн китобчаи хубу хонданӣ барои нобиноён бо ҳуруфи брайлӣ ҳамин сол бо кумаки Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) чоп шудааст. Китоб як қиссаи хонданиву шуниданиро барои бачаҳо дар бар гирифтааст.

Китоби «Калоба куҷо шуд?»-ро бо ҳуруфи брайлӣ хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дастрас кунанд.

Порае аз ин қисса:

Буд набуд, як бибӣ буд. Вай ҷўробу дастпўшак мебофт. Як рўз калобааш гум шуд. Ба суроғи калоба рафт. Хеле сарсон шуд. Онро аз ҷойи дур пайдо кард. Калобадузд ҳам ба даст афтод. Аммо бибӣ хурсанд шуд. Чунки дар роҳ чанд чизи аҷоиб дид. Бибӣ чиҳо дид? Агар зираку доно бошед, шумо ҳам китобро хонда мефаҳмед.

Ва агар мехоҳед онро бо мо бихонед, пас ин ҷо ворид шавед: КАЛОБА КУҶО ШУД?  

Барно САИДМУРОДОВА,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.