Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 – уми сентябр

Як-рузи-таърих-19-09-2023Соли 1764 дар Версал (Фаронса) нависанда, намоишноманависи фаронсавӣ Виктор-Жозеф Этен де Жуи ба дунё омад. Номи аслиаш Этен ва Жуи тахаллуси ӯст. Узви Академияи Фаронса буд.

То инқилоб солҳо чун як марди ҳарбӣ дар Ҳинд ва Гвиан хидмат кард. Дар замони Империя ва бозгашти Бурбунҳо ба салтанати Фаронса Жуи дар ин кишвар соҳибшуҳрат буд ва китобҳояш бо номҳои: «L’Hermite de la Chaussée d’Antin», «L’Hermite en Province», «L’Hermite de la Guyane» маҳз ҳамин солҳо чоп шуданд.

Баъдан 8 новеллаи ӯ дар маҷмуаи «La galerie des femmes» интишор ёфт ва китоби  «Le Franc-Parleur»-ро низ чоп кард.

Асарҳои ӯ ба таври комил солҳои 1823-1828 мунташир шуданд.

Виктор-Жозеф Этен де Жуи  4 сентябри соли 1846 аз дунё бирафт.

Соли 1782 шоир, танзнавис ва намоишноманависи русу украин Аким Николаевич Нахимов зода шуд. Вай аз ҷумлаи хешовандони адмирал П.С.Нахимов буд.

30 июли соли  1814 ҳамагӣ 31 сол дошт, ки вафот кард.

Александ-РадишевСоли 1790  нависанда Александр Радишев барои асараш “Сафар аз Петербург ба Москав” ба Сибир бадарға шуд. Ин яке аз муҳимтарин ва машҳуртарин асарҳои адиби рус аст, ки соли 1790 чоп шудааст.

Адиб дар ин асар, ки дар жанри сафарнома навишта шудааст, бештар дар бораи ҳоли раъиятдорӣ, ҳолу аҳволи деҳқононе, ки заминдорон онҳоро бераҳмона истисмор мекунанд, нақл мекунад.

Александ Радишев нависанда, шоир, файласуфи рус аст, ки солҳои 1749-1802 зистааст.

Соли 1902 дар шаҳри Токио дар синни 35-солагӣ шоир, нависанда, мунаққиди адабиёт ва назарияпардозӣ шоирии ҷопон Масаока Сики тарки олам кард. Вай гирифтори касалии сил буд ва аз ҳамин беморӣ ҷон бохт.

Аз ҳойкусароёни машҳури Ҷопон ба шумор меравад, аммо дар жанрҳои дигари анъанавӣ низ навиштааст.

Соли 1893 вай як силсила мақолаҳое навишт бо номи “Суҳбатҳо дар бораи Басё” ва образҳои офаридаи Матсуо Басё-шоири ҷопонӣ, назарияпардози шеър ва яке аз касоне, ки дар ташаккули жанри ҳойку зиёд заҳмат кашидаастро зери танқид гирифт. Ва ба навкориҳо барои навсозии шаклҳои анъанавии ҳойку ва танка даъват намуд.

Баъдҳо вай мактаби ҳойкунависии худро асос гузошт.

Ҳойку шеърест, ки се банди оғозин ашъори занҷираӣ бо мазмунҳои танзомез аст, ки дар қарни ҳабдаҳум ба қолаби мустақил дар шеъри Ҷопон  табдил шуд.

Мика-Тойми-ВолториСоли 1908 нависандаи аҳли Финландия Мика Тойми Волтори ба дунё омад. Дар Донишгоҳи Ҳелсинки оғоз ба омӯзиш кард ва дар соли 1929 риштаи фалсафаи онро хатм намуд. Пас аз он ба Фаронса рафт ва дар матбуоти Фаронса ба кор машғул шуд. Аз ҳамон вақт бештар вақти худро ба навиштани достонҳои таърихӣ кард. Ин асарҳо хеле ба зудӣ таваҷҷуҳи мунаққидонро ба худ кашиданд. Китобҳояш ба забонҳои мухталиф тарҷума ва чоп шуданд

Романҳои ӯ воқеъияти омехтае аз рухдодҳои таърихӣ, устураҳо ва пиндорҳои худ аст.

“Микоил пизишки Султон Салим”, “Фариштаи сиёҳ”, “Сарнагунии Қустантания”, “Рози мамлакат”, “Марде болои салиб” номи чанд асари ӯст.

Мика Тойми Волтори 26 августи соли  1979 дар синни 70-солагӣ дар Ҳелсинки даргузашт.

Уилям-ГолдингСоли 1911 дар деҳаи Сент-Коламб Майнор (Британияи Кабир) нависандаи англис  Уилям Голдинг ба дунё омад.

Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1983 буд. Маъруфтарин асари ӯ “Солори магасҳо” мебошад ва ин романро бузуртарин асари адабиёти ҷаҳон дар асри ХХ меноманд.

Меросхӯрон”, “Афтиши озод”, “Шпил”, “Аҳром”, “Худои ақраб”, “Одамони коғазӣ”, “Ҳамсоягии наздик”, “Сӯхтор дар поён”, “Парвонаи биринҷӣ”, Торикии машҳуд”, “Манори махрутӣ” аз ҷумлаи асарҳои машҳури ӯ мебошанд.

Уилям Голдинг 19 июни соли 1993 дар синни 81-солагӣ вафот кард.

Сипеҳри-ҲасанзодСоли 1957 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон нависанда, тарҷумон, рӯзноманигори  тоҷик Сипеҳр Абдуллоҳи Ҳасанзод таваллуд  шуд.

Қиссаву ҳикояҳои нахустинаш дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи очерки «Фидоиёни роҳи озодӣ» (1992) аз пайкори аввалин муборизони истиқрори сохти нав ҳикоят мекунад. Дар китоби «Парастуҳои саҳна» (1993) пиромуни фаъолияти эҷодии Ҳошими Қосим, Бобохалили Одина, Саъдуллоҳи Карим, Раҷабмади Валӣ, Шарифи Мирзонабот, Одина Ҳошим, Иқболи Юсуф, Қурбоналӣ Раҷаб, Азизи Сабзалӣ, Зулайхо Раҳим ва ғайра суханони тозае гуфтааст.

Маҷмуаи «Боздид» (1992) аз гулчини ҳикоёти нависанда фароҳам омада, мутолиаи ҳикояҳои «Тӯй», «Аёдат», «Сиёҳбахт», «Тантанаи ишқ», «Санги сабук» ва ғ. хонандаро ба андеша мебарад, аз тазоди рӯзгори қаҳрамонон гоҳе ба ваҷдаш меовараду гоҳе ғаминаш мегардонад.

Қиссаи таърихии «Чакомаи Шоҳи Хатлон» дар озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 680-умин солгарди мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайидалии Ҳамадонӣ (1994) шарафёби ҷоиза гардидааст.

Маҷмӯаи «Бозгашти аспи даҳмарда» (2001) аз ҳикояҳои адиб иборат буда, китобҳои «Офтобо, ба ғуруб марав…» (2005), «Гулхани сабз» (2011) ва «Ҳадиси ватандорӣ» (2014) гулчине аз қиссаву ҳикояҳои ӯро дар бар гирифтаанд.

Китоби очерки «Гулхани сабз» аз рӯзгори фарзонамардони миллат ҳикоят карда, дар замири хонандагон эҳсосу хислатҳои бурдборӣ, устуворӣ, худафрӯзӣ, ҳақиқатҷӯйӣ, адолатпарварӣ, меҳанпарастӣ ва зебоиро мепарваронад. Романи тозаэҷоди «Порисеву ворисе» аз нигоҳи баррасии мавзӯъу нигориш ҷолиби диққат аст.

Ҳикояҳои алоҳидаи нависанда ба забонҳои русӣ, белорусӣ, форсӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, морӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.

Маҷмӯаи ҳикоёти адиби маъруфи морӣ-Барандаи Ҷоизаи ҷавонони Ҷумҳурии Морӣ Ю. Артамоновро таҳти унвони «Шаҳди марминҷон» ба тоҷикӣ гардондааст.

Дорандаи медали «Хизмати шоиста» (2012). Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2004).

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.08.2012, таҳти №1321 подоши хидматҳои бисёрсолаву бенуқсон дар соҳаи матбуоти тоҷик бо мукофоти олии давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” шарафёб гардидааст.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ