Китобхона дар аксҳои таърихӣ. Бахши 10. Шуъбаи илмӣ-методӣ
Шуъбаи илмӣ-методӣ соли 1950 бо мақсади роҳандозии фаъолияти методӣ барои китобхонаҳо таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии шуъба ин омода намудани дастурҳои методӣ ва дастрас намудани онҳо ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Дар давоми солҳои фаъолияти худ шуъба ба маркази методӣ барои китобхонаҳои тамоми сохторҳо ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ табдил гаштааст. Шуруъ аз як методист шуъба то як гурӯҳи иборат аз 17 корманд дар солҳои охир расид.
Аксҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷураев И.А. Ғоибназаров С. Н., Шаропов Р. Ш., Раҷабов Ҷ., Муҳиддинов С., Маҳмудов Г. аз зумраи нафароне ҳастанд, ки солҳои 80-уми асри гузашта фаъолияти илмии худро аз ҳамин шуъба оғоз намуда, дар рушди соҳаи китобдорӣ ва китобхонашиносӣ саҳми худро гузоштаанд ва имрӯз ҳам аз мутахассисони варзидаи соҳа ба шумор мераванд.
Чуноне, ки аз акси аввал бармеояд, ҷавонтарин кормандон ин шуъба дар он солҳо Маҳмудов. Г., Муҳиддинов. С. ва Раҷабов. Ҷ. мебошанд.
Дар акси дуюм Ҷӯрабой Раҷабов мудири шуъбаи мазкур (1978-1992) мебошад, ки дар муддати зиёда аз чил соли фаъолияташ 50 асару дастурҳои методию библиографӣ офарида, 110 мақолаҳо барои таҷрибаи кори китобдорону китобхонаҳо ва тақризу тавсияномаҳо дар матбуот чоп кардааст. Ӯ дар таҳриру тарҷумаи 100 асар, китобу дастурҳои соҳавӣ низ саҳм гирифтааст, ки то кунун онҳоро китобдорону мутахассисони соҳаи китобдорӣ самаранок истифода мебаранд,
Баъзан вақт методистон водор мешуданд ба деҳаҳои дурдаст сафар карда, ба китобхонаҳо дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда аз қабили таснифи китобҳо, ҷобаҷогузории фонд ва амсоли инҳо кумак расонанд. Ташкилкунандагон ва пешбарандагони ин корҳои муҳим дар он солҳо мутахасссисони соҳибтаҷрибае ба мисли Егошина Е.К., Ҷураев И.А., Назаров Ш.Н., Беляков Е.Г. ва баъдан Ғоибназаров С.Н., Ашуров Г.А., Шаропов Р.Ш., Руденко Е.А. ва дигарон ба ҳисоб мерафтанд. Бо ба даст овардани таҷрибаҳои зарурӣ, чорчӯбаи корҳои методӣ низ васеъ гардид. Дар таҷриба коркард ва нашри маводҳои методӣ низ ворид гардид. Дар 2 соли аввали фаъолият шуъба 5 дастури методӣ ва дар 2 соли баъд – зиёда аз 40 адад дастурҳои методиро нашр намудааст. Дар тули фаъолияти умумии шуъба, яъне то соли 1980 зиёда аз 250 мавод ва дастурҳои методӣ омода ва чоп шудааст. Миёни онҳо дастурҳое ҳастанд, ки мавзуъҳои алоҳидаро дар бар мегиранд ва ҳамзамон дастурҳо ва маводе, ки омӯзиши васеи таҷрибаи кории китобхонаҳои беҳтарини ҷумҳуриро фаро мегиранд.
Бо зиёд гардидани мутахассисони соҳавӣ ва пешрафти кори китобхона дар ҷумҳурӣ вазифаҳои методӣ низ зиёд гардиданд. Ин аз номи дастурҳо аён аст: «Китобхона – барои меҳнаткашони деҳот», «Ҳамроҳи мутахассисон» (аз таҷрибаи кории китобхонаҳои деҳот), «Ватандӯстонро тарбия менамоем» (аз таҷрибаи кории тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии кӯдакон) ва ғайра.
Солҳои охир бар дӯши шуъбаи илмӣ-методӣ дар Китобхона, роҳбарияти методии кори китобхона дар ҷумҳурӣ ва мутобиқгардонии корҳои методии китобхонаҳои тамоми сохторҳо ва мақомот вогузор шудааст. Вобаста ба ин масъала дар солҳои 80-ум чорабиниҳои якҷоя бо китобхонаи Давлатии ИҶШС ба номи В.И. Ленин ба назар мерасид.
Соли 1969 дар сохтори китобхона шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ таъсис дода шуд, ки он соли 1992 бо шуъбаи илмӣ-методӣ якҷо гардонида шуд ва бо ин ном то соли 2012 фаъолият кард. Аз соли 2023 бо номи шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ фаъолият карда истодааст.
ТАҲИЯИ ШУЪБАИ
ИЛМӢ-МЕТОДӢ ВА
ТАҲҚИҚОТӢ