Китобхона дар аксҳои таърихӣ. Бахши 5

Ин навбат барои истифодабарандагони гиромӣ аз таърихи таъсис ва фаъолияти яке аз шуъбаҳои калидии Китобхонаи миллӣ – шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир бо истифода аз маълумоти аксҳои таърихӣ иттилоъ медиҳем.

Шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир ҳамзамон бо Китобхонаи давлатии Тоҷикистон (ССР) моҳи майи соли 1933 таъсис гардидааст. Асоси фонди онро дасхатҳое, ки ба Китобхона аз ҷониби институти илмӣ-тадқиқотии назди  комиссариати халқии маорифи  ҷумҳурӣ дода шудаанд, ташкил медиҳанд.

Айни замон шуъба-нигоҳдорандаи асосии дастхатҳои нодир дар ҷумҳурӣ, хазинаи нусхаҳои  аслии асарҳои  маорифпарварон ва санъати гузаштаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар он ҷо зиёда аз 2500 нусха дастхатҳои нодири бузургони тоҷику форс ва дигар халқиятҳои шарқ, аз асрҳои XIII ва XIV, ки аз шахсони воқеӣ  харидорӣ шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

Ифтихори бузурги Китобхона – ёдгориҳои беназир дар соҳаи таърих, адабиёт, фалсафа, тиб, математика, ва астрономия, ки дар мадди аввал «Таърихнома»-и  таърихшиноси машҳури асри 10  Табарӣ, китоби  калонҳаҷми (фолиант) таърихшиноси асри 12-и Ҳинд Зиёуддин Муайядулмулк Баранӣ «Таърихи Фирӯзшоҳӣ», рисола дар бораи назарияи схоластикии Абуалӣ ибн Сино, «Геометрия»-и философ ва математики машҳур Хоҷа Насриддини Тӯсӣ, «Шоҳнома»-и адиби машҳури классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, девони шоир ва лирики номдор Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Хамса»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигар асарҳои адибону нависандагони машҳур ба ҳисоб мераванд.

Яке аз роҳҳои асосии зиёд гардонидани фонди китоби шуъба додугирифти китобҳо туҳфа аз ҷониби сафоратхонаҳо ва харидории китобҳои нодир аз аҳолӣ ва китобхонаҳои хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз шуъбаи мазкур бо муассисаҳои илмӣ ва китобхонаҳои хориҷӣ адабиётро додугирифт  ва харидорӣ менамояд. Аз ёдгориҳои дастнавис ва нашрияҳои чопии шуъба олимону тадқиқотчиён, аспирантҳои Москва, Ленинград, ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна истифода мебурданд.

Дар давоми солҳои фаъолияти шуъбаи кормандонии илмии он фонди нодири худро бо тамоми роҳҳои имконпазир тарғиб менамуданд. Ба мисли: радио, телевизион ва дигар васоили ахбори омма. Онҳо вазифаи муҳимми илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд. Аз тарафи шуъба  якчанд корҳои бунёдие ба нашр расиданд. Ба монанди: «Феҳристи дастнависҳои тоҷикиву форсии Китобхона», «Нишондиҳандаҳои библиографии адабиёт «Рӯдакӣ»», «Таърихи забоншиносии тоҷик» ва як қатор библиографияҳои олимони машҳури Тоҷикистон.

Меҳмононе, ки ба шуъбаи мазкур ташриф меоварданд  аксаран хориҷӣ буданд ва дар вақти бозгашт таассуроти худро дар китоби хотираи шуъба қайд менамуданд. Якчанд ҷумла аз он китоб:

«Сари таъзим фуруд меорам, дар назди китобҳои ниёгони бузурги асрҳои гузаштаи шумо, изҳори таасуроти амиқи худро аз он шахсони ин сарзамин, ки тавонистанд то қуллаҳои баланд расида, чунин китобҳои нодирро эҷод намояд, баён мекунам».

(Мандрик Еиджен сармуҳаррири маҷаллаи руминиягии «Блакера»).

«Чунин сафари тӯлонӣ аз соҳилҳои Атлантика арзанда аст, ки  аз дастнависҳои бузургоне мисли Фирдавсӣ ва Умари Хайём дидан намуда,  таассуроти амиқ бардорӣ».

(Ваграпрофессори илмҳои таърих ва географияи Донишгоҳи шаҳри Тури Фаронса)

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои зиёд роҳбарии шуъбаро ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ номзади илмҳои филологӣ, Абдуллоҷон Юнусов ба зимма доштанд.

Хидматҳои Абдуллоҷон Юнусов дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир шоистаи таҳсин ва сазовори пажуҳиш мебошад.

ШУЪБАИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ВА ТАҲҚИҚОТӢ