Алиф Мӯсо: Романи “Қиёмат”-и Чингиз Айтматов тасхирам кард

Дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», бахши адабиёти ҷаҳон гурӯҳи 4, яъне омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мегузрад ва то ин лаҳзаҳо 8 нафар ширкат намуданд. Мо андешаҳои довталаб Алиф Мусо, сармутахассиси Сарраёстаи маорифи шаҳри Душанбе, ки соли аввали ширкаташ дар озмун аст, пешкаш менамоем.

Дар бораи имконоти Китобхонаи миллӣ барои довталабон:

Дар Китобхонаи миллӣ тамоми шароит барои хонандагон муҳайёст. Ба ҳамаи дастандаркорони ин Муассиса изҳори сипос мекунам. Дар Китобхонаи миллӣ омада китоб мехондам ва бо худ ба хона мебурдам.

Талош мекунам яке аз ҷойҳои ифтихориро сазовор гардам.

****    ****    ****

Китобхонии мардум зиёд шуд:

Ин озмун аз ташаббусҳои Пешвои Муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар дили мардуми кишвар шавқу завқи китобхониро бедор кард. Соли 5-ум аст, ки озмун дар кишвар ҷараён дорад. Дар даври шаҳрӣ аз номинои адабиёти кўдакону наврасон мутассадӣ будам. Бовар кунед кўдакон 6000, 8000 10 000 байт медонанд. Китобхонӣ маърифатнокии инсонро баланд мекунад. Вақте маърифат баланд шуд, албатта дўст доштани Ватан ҳам дар қалби ҳар кас бедор мешавад.

****    ****    ****

Пайдо кардани китоб мушкил набуд:

Дар дарёфт намудани китобҳо мушкилӣ накашидам. Китобхона дорам, ки 10 000 китоб дорад. Аз Китобхонаи миллӣ низ китоб хондам, узви ин китобхона шудам. Аслан аз давраи донишҷўӣ, соли 1985 вақте дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ мехондам, китоб мехаридаму мутолиа мекардам. Бештар адибони классики Ғарб ром утоли менамоям, Александр Дюма ва Шекспир ба ман писанд омаданд. Китоб зиёд мутоли анмудаам, аммо барои озмун зиёда за 75 асар ва 500 байт пешниҳод намудам. Чингиз Айтматов низ аз нависандагони мавриди алоқаам аст. Романаш «Қиёмат», ки дар қатори 20 романи беҳтарини дунё ҷой ворид гардидааст, тасхирам намуд. Бори аввал фаҳмидам, ки маънои калимаи Чингиз уқёнус будааст.

****    ****    ****

Муқоиса:

«Гобсек» – и Оноре де Балзакро хондаму бо асари «Марги судхӯр”-и устод Айнӣ муқоиса кардам.   Фарқи Қорӣ Исмат аз  Гобсек дар ин аст, ки Қорӣ Исмат ғуломи пул буд, Гобсек ҳокими пул.

Гарчанд синну солам ба ҷое расида бошад, ҳам аз хондани ин асар як ҷаҳон маънӣ бардоштам.

****    ****    ****

Тавсия ба омўзгорон:

Ба омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна тавсия медиҳам, ки аз синни хурдӣ меҳри китобхониро дар дили шогирдон бедор кунанд. Дигар худашон таваҷҷўҳ ба китобро давом медиҳанд.

Омодагӣ ба озмун:

Шабҳо китоб мехондам. Рўз ҳам фурсати холӣ ёфтам мехондам. Дар даври шаҳрӣ се моҳ омодагӣ дидам.

****    ****    ****

Жанри дўстдошта:

Пештар зиёд асарҳои корогоҳӣ (детективӣ) мехондам. Танҳо аз детективнависи бритониёӣ Ҷеймс Хедли Чейз 20 роман хондам, ки дар низомномаи адабиёти ҷаҳон нест.

Романҳои дигар хеле нашр шудаанд. Кўишиш мекунам ҳамаашро бихонам. Китобҳои электронӣ намехонам.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.