Китобхона дар аксҳои таърихӣ. Бахши 8 Шуъбаи библиографияи миллӣ

библиографияи-миллӣТибқи иттилои аксҳои таърихӣ вазифаи асосиро дар соҳаи кишваршиносӣ дар Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ шуъбаи библиографияи миллӣ пеш мебурд, ки он соли 1971 таъсис ёфтааст. Аммо кор барои сохтани библиографияи  кишваршиносӣ аз соли 1938, соли таъсиси шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ оғоз гардида буд.

Дар шуъбаи библиографияи миллӣ дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ инъикосгари адабиёти хусусияти кишваршиносидошта сохта шуда, ба таври доимӣ пурра мегардид. Феҳристи системивӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нишондиҳандаи мавод ва маҷмуаи саволҳо оид ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, рушди хоҷагии халқ, инчунин омӯзиш ва истифодаи сарватҳои табии он мебошад.

библиографияи-миллӣОн замон корҳои муҳим барои сохтани методҳои библиографие, ки тарафҳои муҳимми ҷамъиятӣ-сиёсии кишваршиносиро инъикос менамояд, ба роҳ монда буданд.

Аз ҷониби кормандони шуъба дастурҳои зиёде дар мавзуъҳои гуногун барои хонандагон ва истифодаи омма, омода ва аз чоп баромадааст. Миёни онҳо дастурҳои илмӣ-ёрирасон, дастурҳои тавсиявии ҷамъиятӣ-сиёсӣ, илмҳои дақиқ, мавзуъҳои техникӣ ва хоҷагидорӣ, адабиёт ва санъат ва ғайра буданд.

библиографияи-миллӣШуъба гурӯҳҳо ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои хоҷагии халқ ва маорифро аз адабиёти нав огоҳ месохт. Бо ин мақсад ба таври муайян, чунин рӯйхатҳои маълумотӣ: «Адабиёти навин оид ба Тоҷикистон», «Тарбияи кормандони комунистӣ» ва «Адабиёти нав оид ба илмҳои педагогӣ ва маълумотнокии мардум» аз чоп баромада буданд. Мақоми махсусро «Тақвими санаҳои муҳим ва таърихии Тоҷикистон (СССР)», ки шуруъ аз соли 1964, ҳамасола рӯи чоп меояд, ишғол менамояд. Дар он адабиёт ва дастурҳои кӯтоҳ оид ба рӯйдодҳои муҳимми сиёсии бо ҳаёти рӯзмарраи ҷумҳурӣ пайваст, арбобони номдор, рӯйдодҳои махсус, инчунин пешрафти хоҷагии халқ ва маориф инъикос гардидаанд.

библиографияи-миллӣҲамзамон дар ин шуъба корҳо дар самти расонидани ёрии методӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ барои ташкили библиографияи кишваршиносӣ, пеш бурда мешаванд. Шуъба дастурҳои библиографии шифоҳӣ ва хаттиро иҷро менамояд, бо хонандагон оид ба суолҳои ба библиографияи кишваршиносӣ марбут буда, машваратҳо мегузаронад ва намоишҳои китоб ташкил менамояд.

Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ