Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми январ

Як-рузи-адабиёт-04-01-2024Соли 1963 дар шаҳри Киев нависандаи асарҳои тахайюлии украин  Тимур Литовченко ба дунё омад. Вай сарвари клуби дӯстдорони асарҳои тахайюлии “Роҳи Каҳкашон” аст.

Соли 1785 дар Ханау афсонанвиси олмонӣ, ҳуқуқдон, забоншинос  Якоб Гримм, бародари Вилгелм Гримм ба дунё омад. Вай бештар барои гирдоварии қиссаҳои қавмӣ ва фолклори Олмон миёни ҳаводорони каломи баъед машҳур шудааст. Якоб Гримм бо кӯмаки бародараш Вилгелм беш аз 210 қиссаи қавмии сарзамини Олмонро гирдоварӣ карданд. Ин достонҳо, ки имрӯз ба номи қиссаҳои Бародарон Гримм шинохта мешаванд, маҷмуае аз дсӯтдоштатарин қиссаҳои кӯдакон аст.

Гао-СинцзяньСоли 1940 дар Ганчжоу нависанда, достоннавис ва наққоши чинӣ Гао Синтзян дида ба олам кушод. Вай  барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2000-ум аст.

Ҳамчунин барои тарҷума ва филмно манависӣ ва коргардонии намоиш низ  шинохта шудааст. асарҳои ӯ бо бештар аз 40 забони олам тарҷума шудааст.

Гао Синтзян ҳамчунин рассоми шинохта  аст ва асарҳои наққошии худро дар бештар аз 30 намоишгоҳ ба тамошо мегузорад.

“Кӯҳсори ҷон” аз ҷумлаи маъруфтарин асарҳои ӯст.

Соли 1941 дар Порис дар синни 81-солагӣ бар асари бемории илтиҳоби шуш нависандаи яҳудитабори Фаронса ва файласуф Анри Бергсон аз олам гузашт. Вай инкишофдиҳандаи ғояҳои спиритуализм (таълимоти идеалистии фалсафӣ, ки мабдаи рӯҳониро моҳияти олам ва тамоми моддиётро офаридаи Худо мешуморад), интуитивизм (ҷараёни фалсафии идеалистӣ, ки фаросатро ягона воситаи идрок меҳисобад) ва фалсафаи ҳаёт; узви Академияи Фаронса ва Президенти улуми ахлоқӣ ва сиёсӣ (1914), нахустин Президенти Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории маънавии созмондодашуда дар чаҳорчӯбаи Лигаи Миллатҳо (1922—1924) буд.

Анри Бергсон барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1927 буд.

Альбер-КамюСоли 1960 дар шаҳри фаронсавии Вилблевен дар синни 46-солагӣ дарп садамаи мошин нависандаи фаронсавӣ, файласуф, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1957 Албер Камю аз олам гузашт.

Ӯ яке аз нависандагони бузурги қарни ХХ ва муаллифи китоби машҳури «Бегона» ва мақолаи ҷараёнсози «Афсонаи Сизиф» мебошад.

Навиштаҳои Албер Камю бозтоб ва инъикоси бегонагӣ ва шикастҳои равшанфикрони Урупо баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ва то ҳадди зиёде таҳти таъсири андешаи фалсафаи асолати вуҷуд (экзистенсиализм) буд. Камю дар соли 1957 дар 44 солагӣ “барои осори муҳими адабӣ, ки ба рушанӣ ба мушкилоти виҷдони башарӣ дар асри ҳозир мепардозад” барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.

Камю дӯсти наздики Жан Пол Сартр буд. Мутафаккире буд, ки фалсафаро ба воситаи асарҳои адабӣ, чун ҳикоя, повест ва роман тарғиб мекард. Муҳаққиқон ҷараёни фалсафиашро экзистенсиализми гуманистӣ ва дунявӣ муайян намудаанд.

Романҳои “Бегона”, “Тоун”, “Суқут”, “Марги хуш”, “Одами аввал”  мансуб ба ӯянд.

Сайёд-ГаффорСоли 1962  дар ноҳияи Нуробод шоири тоҷик Сайёд Ғаффор ба олам омад. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, солҳои 1990-1995 муҳаррири шуъбаи забонҳои нашриёти «Маориф» будааст.

Соли 1996 дар маҷаллаи «Фарҳанг» ба кор пардохта, солҳои 2001-2003 вазифаи сармуҳаррии онро бар уҳда доштааст. Ҳамзамон, солҳои 2001-2004, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», солҳои 2005-2007 муҳаррири шуъбаи мактабҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» будааст.

Соли 2008 дар маҷаллаи «Истиқбол» ба кор оғоз карда, ҳоло котиби масъул мебошад.

Ашъораш дар қолаби маҷмӯаҳои «Оби чашм» (1990), «Чашми об» (1995), «Намози ғам» (1998), «Чашмаи ноз» (2002), «Оҳ, ай гули ман» (2004), «Найистон» (2004), «Моро, ба Худо, ту куштаниӣ» (2009), «Нозанин» (2009), «Нозанинтар» (2010), «Дарахти Ватан» (2010), «Достони дилситони Латофат» (2011), «Достони Теша Раҷаб» (2012), «Барфӣ» (2012), «Достончаи як сиёча» (2012), «Очам, Худо, биёя» (2014) ба дасти чоп расидаанд.

Ҳамчунин, муаллифи «Достони Зафар», «Достони дилситони Нигина», «Достони дилситони Сурайё», «Достони таҳамтан» (дар васфи Саидмӯъмин Раҳимов), «Достони Саидраҳмонпаҳлавон» ва «Достони Расулпаҳлавон» аст, ки дар матбуот интишор ёфтаанд.

Аълочии матбуот (2005) ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009).

Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. (Сомонаи Ит.нав)

Шоҳвалӣ-СайидҷаъфарСоли 2007 пажӯҳишгари тоҷик Шоҳвалӣ Саййидҷаъфар тарки олам кард. Вай 5 июли соли 1944 дар деҳаи Ҷирабулоқи ноҳияи Восеъ зода шуда буд.  Солҳои 1962-1963 дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №4 шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Солҳои 1963-1964 дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Фархор сарпешоҳанг, ҳамзамон, устоди таълими меҳнат будааст.

Моҳи августи соли 1964 шомили факултаи филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко шуда, солҳои 1964-1965 дар шаҳри Краснояр адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1969 донишкадаро бо дипломи аъло ба итмом расонда, солҳои 1969-1971 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Энсиклопедияи советии тоҷик дар вазифаҳои лаборант ва муҳаррир кор кардааст.

Солҳои 1971-1974 вориди аспирантура шуда, роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти сухангустари охирҳои асри XVII-и форсизабони Ҳиндустон тадқиқот бурдааст. Соли 1978 дар Шӯрои илми Институти шарқшиносии АН СССР рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Аз моҳи августи соли 1974 то охири ҳаёташ дар Донишкадаи давлатии омӯзгори Кӯлоб омӯзгорӣ мекард.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Абдувалӣ-ДавроновСоли 2013 дар синни 56-солагӣ олим, адабиётшинос ва омӯзгори маъруфи тоҷик Абдувалӣ Давронов аз олам гузашт. Вай 29 майи соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара  ба дунё омада буд.  Соли 1978 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кард.

Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аспиранти Пажӯҳишгоҳи адабиёти Арманистон ва коромӯзи Донишгоҳи давлатии Маскав, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия будааст.

Номзади илми филология, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997).

Ба таҳқиқи адабиёти шӯравии тоҷик ва пайванди адабии халқҳо шуғл меварзид. Муаллифи мақолаҳои пурарзиш аст, ки дар матбуоти Тоҷикистону Арманистон ва Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.

Китобҳояш бо номи «Пайванди замонҳо ва қисмати адабиёт» (1993), «Мушкилоти пайванди адабӣ» (1995), «Уфуқҳои равобити адабӣ» (русӣ, 1995), «Шеърияти зиндагӣ» (1995), «Адабиёт ва замон» (1996), «Пайвандҳои адабии халқи тоҷик» (дар ҳамқаламии Ҳ.Шодиқулов, 2003) дастраси хонандагон гардидаанд.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Арманистон буд.

Таҳияи Б.Шафеъ