Китобхонаҳои аҳди қадим. Искандария ва қавмҳои сомӣ

Шояд бузургтарин дастоварди таърихии китобхонаҳои Аҳди Қадим таъсиси китобхонаи Искандария дар Миср бошад. Миёни китобхонаҳои Найнаво ва Искандария шабоҳатҳои қобили мулоҳизае вуҷуд доранд. Ҳар ду дар ниҳод мартабаи ҷаҳонӣ доштаанд, ки шоҳзодагон онҳоро бунёд кардаанд. Бо вуҷуди тафовути маводи навиштанӣ ва шакли китоб дар Найнаво лавҳаҳои гилӣ ва дар Искандария туморҳои папирусӣ вуҷуд дошт ва чаҳор қарн миёни пайдоши онҳо фосила буд, ки аввалӣ дар музей ва дигаре дар Серапис воқеъ буданд, шуҳрати бештаре доштанд.

Маҷмўи ин китобхонаҳо, ки дар қарни севуми пеш аз мелод дар замони қайсар Жулиус барпо гашта, ба 700000ҷилд мерасид. Чунин иқдоми бошукўҳе дар аҳди лавҳаҳои гилӣ ва туморҳои папирусӣ ва теъдоди ками котибони тарбиятшуда барои нусхабардорӣ ба ростӣ ғайри қобилитасвир аст. Аз замони суқути Искандария то кунун, аз назари андозаи маҷмўа чунин амре, ҳатто дар фарҳанги ғарбӣ ё давраи фарҳангии навин ҳам такрор нашудааст.

Китобхонаҳои Искандария назари мардони машҳури таърихро ба худ ҷалб намудаанд. Дар миёни китобдорони он метавон аз Деметрий, Зенодот, Ерастофан, Апполон, Аристофан, Аристарх, Каллимах ва баландмартабащои дигар ном бурд. Равшан аст, ки китобдорони Искандария донишварони бузург буданд ва китобдорӣ кори фаръии онҳо ба шумор мерафт. Онҳо ба гирдоварии китобҳо ва манобеи асил мепардохтанд, онҳоро феҳрист мекарданд ва ба таҳияи китобшиносӣ даст мезаданд. Ҳамчунин вироиши (таҳрири) китобҳо, тарҷумаи онҳо, навиштани (офариниши) адабиёт ва сарпарастии маркази китобатро низ ба уҳда доштанд. Ба қавле  «… дар таърихи китобдорӣ замоне буд, ки китобдорон аз беҳтарин ҳурмат бархурдор буданд». Нигаҳбонони пуриқтидори китоб мутаваллиёни омўзиш ба шумор меомаданд. Барои мушоҳидаи авҷи ин даврон иззати Искандарияи Бостонро андешидан лозим аст. Пеш аз Зиндутус Ефесус китоббони китобхонаи Искандария мудирони омўзишдида, солеҳ ва боистеъдод вуҷуд доштанд.

      Таърихи китобхонаи Искандарияро ба Птолемей Сотер (солҳои 323-283 қабл аз мелод) ва густариши онро ба писараш нисбат медиҳанд. Барои кашфи ниҳодҳое, ки Птолемейро дар таъсиси китобхонаҳои ин миқёси бошукўҳ таҳти таъсир қарор доданд ва китобхонаҳое, ки намунаи кори онҳо буданд, бояд кули осори китобхонаҳои бостонии Мисрро, ки наздик ба 400000 тумор будааст бидонем. Ба тахмини нависандагони румӣ китобхонаҳои Искандария дар замоне, ки тавассути румиён ба оташ кашида шуд ва саранҷом бо фатҳи Миср тавассути мусулмонон ба куллӣ аз миён рафт, ҳудуди 700000 тумор дошт.

      Китобхонаҳои муҳими дигаре дар Искандария Пергом тавассути Евмен 11 (солҳои 159-197 пеш аз мелод) эҷод шуд. Ба гуфтаи Плутарх Голвисиус дўсти Қайсар туҳмат мезад, ки Антониум тамоми китобхонаи Пергомро, ки 200000 асар дошт, ба Клеопатра бахшид. Пергом ба сабаби ҳимояти адаб ва ҳунар машҳур гардид ва тавлиди китоб дар чунон сатҳи густарда анҷом мепазируфт, ки мисриён содироти папирусро ба умеди маъюс кардани онон аз руйнависии китобҳо, боздоштанд. Ин амал ба афзоиши тавлиди пўст ба сифати моддаи навиштанӣ анҷомид.

      Бо вуҷуди маводи фаровоне, ки дар мавриди китобхонаҳо, маҷмўаҳо ва мудирияти онҳо дар даст аст, дар мавриди хонандагони онҳо иттилои чандоне надорем. Китобхонаи Искандария умумӣ буда эҳтимолан хонандагони давронҳои нахусти онро бештар донишварон, сиёсатмадорон, адибон ва касоне, ки фарҳангӣ буданд, ташкил медоданд. Эҳтимолан барои бобилиён ва мисриён, ки маводи навиштаниро нисбатан зиёд мавриди истифода қарор медоданд, бояд истисное қоил шуд.

КИТОБХОНАИ ҚАВМҲОИ СОМӢ

      Баррасии фарҳанги бостонии давраи пеш аз румиҳо ва юнониҳо, бидуни зикри дастовардҳои финикиҳо, оромиҳо, ибриҳо ноқис хоҳад буд. Финикиҳо ҳамчун мардумони дарёнавард дар ҷаҳони бостон машҳур буданд. Дар миёни соири молҳо, папирус ҳам содир мекарданд ва аз ҳамин сабаб густариши дониш ва баҳрагирӣ аз ҳуруфи алифбоӣ, ки пояи нигориши юнониён ва аврупоиёнро ташкил медиҳад, ба онҳо нисбат дода мешавад. Ба унвони мардуми аҳли адаб машҳур набуданд ва ҳар китоберо, ки мавриди истифода қарор медоданд, василае дар хидмати нигоҳдории ҳисобҳои тиҷоратиашон буд.

      Оромиҳо алифборо аз мисриён ва финикиҳо гирифтанд, ки он саранҷом василаи адабӣ ва забони Ховари Наздик шуд.

      Ибриён истеъдоди адабии бештаре доштанд ва нигориши онҳо ба Мўсо ва шариати вай мерасид. Дар авҷи асари адабиашон таҳияи матни Аҳди Қадимро ба онҳо нисбат медиҳанд. Дар боби китобхонаҳои онон чизи зиёде намедонем, аммо ба таҳқиқ дар шаҳрҳои обод онҳо китобхонаҳои вобаста ба маъбад доштанд. Моддаи навиштанӣ папирус буд, ҳарчанд баъдҳо истифода аз пўст ҳам амалӣ гашт.

Аз китоби “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”-и Сафар Сулаймонӣ. Душанбе , 2013.

Таҳияи Дилноза Ғаниева,

мутахассиси пешбари маркази такмили ихтисос.