Риояи талаботи қонунҳои миллӣ – асоси пешрафти ҷомеа

Бо чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар иртибот ба роҳандозии корҳои тарғиботӣ дар мавриди риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки мутахассисони соҳа семинар-машварат баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Исмоилзода Баҳром Мансур сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Зуҳурова Зарина сардори раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст муовини директори Китобхона Нурзода Ҷалолуддин семинарро оғоз намуда, меҳмононро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Сипас, Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаҳои худро баён намуд. Зикр намуд, ки қабули чунин як қонун дар раванди бархӯрди фарҳангҳо ва таъсири андешаву ақидаҳои бегона ба насли наврас иқдоми саривақтии ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин Зуҳурова Зарина дар суханронии худ ба нақши занон-модарон дар амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ишора намуда, занонро қишри асосии пешбарандаи ҷомеа ва сарфаву сариштакории онҳоро мояи хайру баракат ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат донист.

Дар идомаи чорабинӣ Гиёев Исматулло сармутахассиси Маркази иттилооти ҳуқуқии Китобхона оид ба иҷрои талаботи ин ду қонуни миллӣ ва бархӯрди қонунӣ ҳангоми риоя накардани онҳо шарҳу тавзеҳоти муфидро ироа намуд.

Дар охир миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон доир ба паҳлуҳои гуногуни масоили қонунҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт.