Китобхонаҳои аҳди қадим

Ошурбонипалро барҳақ китобдори «подшоҳи бостонӣ» номидаанд. Лавҳаҳо мутуни адабиёти  классикии гуногун, маърифати илмӣ ва ғайриилмиро дар бар дошт. Фармонҳо ва қонунҳои замон бар онҳо бойгонӣ шуда буд. Тамоми лавҳаҳо, феҳристнависӣ ва бо низоми мантиқӣ дар махзани китобхона мураттаб шуда буданд. Дар таърихи китобхонаҳо нахустин бор дар китобхонаи Найнаво ба феҳрист бар мехўрем.  

ШУМЕРИЁН

 Аз хабарҳои шаҳрҳои қадими шумериён чунин бар меояд, ки онҳо дар ҳудуди 2700 сол қабл аз мелод китобхонаҳои шахсӣ, мазҳабӣ ва давлатӣ барпо карда будаанд. Воқеан китобхонаи Тело зиёда аз 30000 лавҳаҳои гилин доштааст. Тамаддуни шумериён 3500 сол пеш аз мелод пайдо ва дар Аҳди Тиллоӣ шукуфо шуд. Муаррихони шумерӣ сабти таърихи ҷорӣ ва бозсозии достони гузаштаашонро оғоз кардаанд. Куҳнатарин низоми нигоришии шинохташуда хатти мехӣ» аст ва эътибори шумериҳо ба сабаби офаридани ин хат ва хидмати бузурги онҳо ба башарият аст. Барои навиштан аз қалами филизии тез (шакли мех) истифода мекарданд ва бар маводи чун гили нарм ё чўб менавиштанд. Барои ин манзур котибони тарбиятшуда пеш аз навиштан гили нармро мепухтанд, то чун санг сахт шавад. Қитъаоти гили пухта ба сурати лавҳа, нахустин китобҳое аст, ки то кунун таърих кашф кардааст. Чунин лавҳаҳое василаи сабти иттилооти тиҷорӣ, осори мазҳабӣ – шомили дуоҳо, алоими ҷодуӣ, афсонаҳои муқаддас, ҳикояту ривоятҳои қавмӣ ва миллӣ будаанд. Халқҳо бар ин лавҳаҳо адабиёт, андешаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафии худро ҳифз карданд ва дар миёни маводи ҳаффоришуда аз харобаҳои шаҳрҳои бостониашон лавҳаҳое вуҷуд доранд, ки қитъаоти адабии ҳазор сол камтар аз Илиада бар онҳо нақш бастааст. Шумериён куҳантарин адабиёти шинохташудаи инсонро тадвин кардаанд.

БОБИЛИЁН

 Пас аз шумериён ба тамаддуни бобилиён мерасем, ки фарҳангашон ба Бобил интиқол гашт. Лавҳаҳои гилин моддаи маъмулии хонданӣ ва сабки нигориши сиришти маводи навиштанӣ то ҳадди зиёде ба ҳамон шакл боқӣ монд. Китобхонаҳо дар маъбадҳо ва қарсҳо вучуд доштанд ва яке аз беҳтарин ва муҳимтарин намунаҳои онҳо китобхонаи Бурсипо буд. Дар боби китобхонаҳо ва маҷмўаҳои онҳо иттилои чандоне дар даст надорем, ҳарчанд ҷараёни фарҳангии мушаххас вуҷуд дошт ва маҷмўи қонуни машҳури Ҳаммуробӣ (шоҳи бобилиён Ҳаммуробӣ,  1792-1750 то мелод) ин қонуни худ, ки иборат аз 282 бахш буд,дар тамоми қаламрав дар сутунҳои махсус навишта буд ва ин маҳсули тамаддуни бобилиён буд. Аз навиштан ва маводи навишторӣ дар марҳилаи аввал, дар муомилоти тиҷорӣ, нигоҳдории рўйдодномае аз ҳаводис илова бар қонуни давлатӣ, фармонҳои ҳукуматӣ ва хатимашҳои мазҳабӣ истифода мешуд

ОШУРИЁН

 Подшоҳи Ошур ҳамзамон бо фармонравоии бобилиён буд ва мегўянд китобдорӣ ба мақоми пеша ба даврони онҳо боз мегардад. Ошурбонипал подшоҳи ошурӣ, ки аз 626 то 668 пеш мелод мезист, нахустин сабаби кори китобдорӣ дар назар гирифта мешавад. Ў ки ба хубӣ тарбият ёфта буд, зиндагиашро вақфи фаъолиятҳои фарҳангӣ кард ва ба гирдоварии низомёфтаи адабиёти ошурӣ – бобилӣ пардохт. Ў китоберо ба китобхонаи Бурсипо фиристод, то лавҳаҳои гилӣ ва навиштаҳои мавҷуд дар он ҷоро тарҷума кунанд. Дар Найнаво китобхонаҳои беш аз 20000 лавҳаҳои гилӣ саъсис кард. Ошноӣ ва шинохти мо аз ин китобхонаи пуршукўҳ, ки лавҳаҳои гилӣ он дар   қасри салтанатӣ дар Найнаво ба даст омад ва аз таърихи ковишҳои бостоншиносӣ ҳосил шудааст. Ошурбонипалро барҳақ китобдори «подшоҳи бостонӣ» номидаанд. Лавҳаҳо мутуни адабиёти  классикии гуногун, маърифати илмӣ ва ғайриилмиро дар бар дошт. Фармонҳо ва қонунҳои замон бар онҳо бойгонӣ шуда буд. Тамоми лавҳаҳо, феҳристнависӣ ва бо низоми мантиқӣ дар махзани китобхона мураттаб шуда буданд. Дар таърихи китобхонаҳо нахустин бор дар китобхонаи Найнаво ба феҳрист бар мехўрем. Лавҳаҳо бо низоми мантиқи муайян бар асоси шиноса буд. Сиёҳаи муҳтавои ҳар утоқ ё ҳуҷрае, ки бар сари дари он навишта ё кандакорӣ гардидааст, дар феҳрист мундариҷ ёфтааст. Китобхона корманд дошт ва беш аз он чӣ пештар роиҷ буд, озодона аз махзан истифода мекарданд. Дар воқеъ, китобхонаи ошуриён тасвири каму беши рушду пешрафти нигориш ва шаклу шеваи нигоҳдории мероси инсонӣ дар фарҳанги сумарӣ, бобилӣ ва ошурӣ дар таи давраҳои оғозини таърих мебошад. Пояи фунун ва корҳои китобхонаҳои аз 630 сол пеш аз мелод дар он ҷо гузошта шуд. Метавон гуфт, ки саҳми шумериён дар тамаддуни нигориш ва бобилиён дар эҷоди қонун, мероси ошуриён ба ояндагон китобхонаашон ба шумор меравад.

      Эҷоди хати мехӣ, маҷмўи қонунҳои Ҳаммуробӣ ва китобхонаи нисбатан созмонёфтаи ошуриён дар Найнаво, се нишонаи барҷастаи фарҳангии даврони бостонианд.

Аз китоби “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”-и Сафар Сулаймонӣ. Душанбе , 2013.

Таҳияи Дилноза Ғаниева,

мутахассиси пешбари маркази такмили ихтисос.