Китобхонаи миллии Фаронса ва вижагиҳои хидматрасонӣ дар он

   Китобхонаи миллии Фаронса яке аз қадимтарин китобхона дар Аврупо аст. Ин боргоҳ муддатҳои дароз китобхонаи шахсии шоҳони Фаронса буд ва поягузорони он низ шоҳони ин кишвра буданд. Яке аз подшоҳони Фаронса, ки асосгузори таъсиси нахустин махзанҳои китобнигоҳдориро ба худ касб кардааст, ин Карли V мебошад ва ў солҳои 1360-1380 аввалин китобхонаи салтанатӣ бо дороии ҳазор нусхаи хаттӣ дар яке аз толорҳои сохтмони Лувр (калонтарин осорхонаи олам, ки дар маркази Порис ҷойгир шудааст) барои худ сохт.

   Баъдан Жил Моле дар соли 1373 барои ба танзим даровардани фонди китобхона феҳристе аз нусхаҳои мавҷуд дар китобхонаро таҳия намуд, ки ҳанӯз дастнависи он дар бахши нусхаҳои хаттии ин боргоҳ мавҷуд аст. Ҷойнишинони Карли V ба ин Китобхона чандон аҳамияте надоданд ва нусхаҳои хаттиро дар соли 1424 ба Ҷон Ланкастери герсог Бедфорд (анг. John of Lancaster, 1st Duke of Bedford – як наҷибзода, сарбоз ва давлатмарди аҳли подшоҳии Инглистон буд) фурӯхтанд. Карли VIII ва Луйи XII низ ба тавсияи он пардохтанд ва маҳалли китобхона бо тағйири маҳалли иқомати подшоҳон аз қасре ба қасри дигар тағйир мекард. Дар соли 1523 сарпарастии китобхона ба Гиём Бюде – нависандаи қарни 15 Фаронса, донишманди машҳури улуми инсонӣ вогузор гардид ва маҳалли он дар қасри Фонтенбло қарор гирифт. Ҳоло Китобхонаи миллии Фаронса дар хиёбони Ришелю, минтақаи “Порис ду” воқеъ гардидааст. Албатта, ин навиштаи хурдакаки мо аз таърихи Китобхонаи миллии Фаронса кори тамомшуда набуда, вобаста ба ин китобхона гуфтаҳои зиёди пароканда ҳастанд, ки басо ҷолибанд.

      Аммо, бояд қайд шавад, ки Китобхонаи миллии Фаронса дар давраҳои гуногун китобхонаи шоҳ, шоҳӣ, императорӣ ва боз китобхонаи миллӣ унвон гирифтааст Дар соли 1988 президенти Фаронса Франсуа Миттеран (1916-1996) бо дар назардошти афзоиши рўзафзуни маводи гуногун ба китобхона ва хатари ҳифзу нигаҳдории мавод дар он ва хизматрасонӣ ба хонандагон, тарҳи навро барои биноҳои замонавӣ барои ин Китобхона ба нақша гирифт, ки дар он вақт фонди китобхона 9 миллион манбаъҳои гуногунро фаро гирифта буд ва тамоми он маводи мавҷудбударо ҷамъоварӣ намуда, ба бино ба тарҳи нав сохташуда кӯчонанд. Маҷмӯи китобхонаи замонавӣ аз чор манораи баландошиёна иборат буда, аз ҷониби меъмор Доминик Перо сохта шудааст. Азнавсозию имкониятҳои нави бозсозӣ шудани шудани китобхона сабаб шуд, ки Китобхонаи милии Фаронса ҳамчун яке аз китобхонаҳои бузурги ҷаҳон, ки дорои 10 млн нусха китоб буд, машҳур гардад.

     Китобхонаи миллии Фаронса (Франсузӣ: Bibliothèque nationale de France, ихтисораш дар шакли BNF) китобхона дар Париж буда, бузургтарин маҷмуаи адабиёти фаронсавӣ дар чаҳон аст. Чунончи ишора рафт, яке аз қадимтарин китобхонаҳои Аврупо, бузургтарин китобхона дар Фаронса ва яке аз калонтарин китобхонаҳои чаҳон ба ҳисоб меравад. Сохтори BNF аз рӯйи шумораи корманд зиёд аст ва дар он 2651 нафар фаъолият дорад, ки 2500 нафарашон ба таври доимӣ кор мекунанд. Дар як сол бошад зиёда аз 1,3 млн хонанда ба китобхона ворид мешаванд.

     Баъд аз зуҳури бемории каронавирус ба кормандон барои иштирок дар конфронсҳо ва намоишгоҳҳо эмкунӣ зарур шуморида шуд, вале барои дастрасӣ ба толорҳои хониш гузарнома чандон лозим набуд, маълумоти муҳим ба хотири гурӯҳҳои эҳтиётӣ баъзе толорҳо фаъолият намекунанд.

     Агар ба ғанигардонии бойгонии Китобхонаи миллии Фаронса нигоҳ кунем, фондҳояш бо шарофати пасандози қонунии Франсуаи 1 дар соли 1537 ва воридоти гуногун соле тақрибан 670000 ҳуҷҷат зиёд мешавад. Соли 1537 соле аст, ки қонун “Дар бораи супоридани нусхаҳои ҳатмӣ” ба тасвиб расид ва тибқи ин қонун ҳар китобе, ки дар кишвар ба чоп мерасад, бояд як нусхаи он ба ин китобхона ворид шавад. Аз рўйи ин тартиб дар соли 1622 фонди умумии ин китобхона ба 4712 нусха китоб расид. Агар ба гуфтаҳои боло боз ишора шавад, мебинем, ки то соли 1692 Китобхонаи Фаронса танҳо барои ашрофзодагон ва онҳое, ки ба дарбори подшоҳӣ иртибот доштанд, дастрас буду бас. Шурўъ аз соли 1692 дарҳои китобхона ба рӯйи тамоми мардум кушода шуд ва соли 1743 ба макони ҳозираи он дар қасри Кординал Мазарин воқеъ дар хиёбони Ришелю интиқол ёфт ва дар он ҷо ба панҷ бахш тақсим гардид. Соли 1789 китобхонаи салтанатӣ расман ба номи Китобхонаи миллии Фаронса номгузорӣ шуд. Бо шурўъи Инқилоби кабир дар Фаронса фаъолияти Китобхона то муддате қатъ гардид. Дар ин муддат талаботи Қонун “Дар бораи супоридани нусхаҳои ҳатмӣ” низ тӯли се сол амалӣ нашуд, вале маҷмӯи фонди китобхонаи мазкур бо дарёфти беш аз 3000 санад мусодирашуда аз амволи хонадони салтанатӣ ва хориҷиён ғановати бештаре ёфт.

            Анбори асосии китобхона дар соҳили чапи дарёи Сена, дар минтақаи 13-уми Париж ҷойгир аст ва ба номи Франсуа Миттеран гузошта шудааст.

            Аз рўйи маълумотҳои мо, ҳоло Китобхона дорои зиёда 14 миллион китоб ва маводи чопӣ, миллион нашрияҳои даврӣ, тақрибан 250000 ҳазор дастнавис, харита, акс, танга, медал, маводҳои савтӣ, видио, мултимедияҳо ва ғайра мебошад. Бо ихтирои технологияи нусхабардории китоб, Китобхонаи BNF яке аз аввалинҳо шуда, маҷмуаҳое, ки аз ҷониби хонандаи он серталаб ҳастанд, ба таври электронӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷойгирнамоиро оғоз бахшид ва онҳо дар нишонии gallica.bnf.fr ракамӣ шуда, ба мардум дастрас гардидаанд.

            Дар сомонаи Франсуа Миттеран реҷаи кории ин муассиса нишон дода шуда, ба шарту шароитҳои китобхона ва истифода аз он низ ишора шудааст. Толорҳои хониши умуми китобхона рӯзҳои сешанбе ва якшанбе аз соати 10 то 19 кушода буда, рӯзи якшанбе бошад аз соати 13 то 19 боз аст. Сомонае, ки аз ҷониби китобхона барои хонандагон пешкаш гардидааст, истифодабаранда метавонад 8 ҳуҷҷатро фармоиш диҳад. Маъмурон ва масъулони BNF тавсия медиҳанд, ки барои ишғоли ҷой қабл аз омадан ба китобхона тавассути вебсайт ё Affluences машварат кунанд. Хонанда бояд фармоиши худро як рӯз пеш аз соати 14 фармоиш диҳад, ба истиснои шуъбаҳои китобҳои нодир. Фармоиши хонанда пагоҳӣ соати 10 пешкаш мегардад.

            Фонди китобхона аз рӯйи мавзӯъ дар 23 бахш тақсим шудааст, ки бо алифбо нишонагузорӣ мешавад. «А»-китобҳои нодир Z «Полиграфия» F «Ҳуқуқ» L-«Таърихи Фаронса» P-«Таърихи Амрико» ва T- «Тибб» ва ғайра. Хонанда аз рӯйи рақами асар ва ҳарф китобҳои лозимаро дархост карда метавонад. Масалан ҳарфи G- ҷуғрофиё ва таърихи умумиро дар бар мегирад, ки дорои рамзи G-6497 мебошад. Бо дар назадошти шеваҳои нави истифодабарандагони китоб, ки асоси он мутолеаи рақамӣ мебошад, Фаронса таҳти сарапарстии Вазорати фарҳанг қарор кард, ки хизматрасонии китобхонаи рақамиро (PNB) оғоз кунад. Ин лоиҳа соли 2011 оғоз шуда буд ва ҳоло дар китобхонаҳои шаҳрҳои муайян аз моҳи сентябри соли 2014 пас аз марҳилаи санҷишӣ ҷорӣ шудааст. Китобхонаҳо тавонистанд тавассути системаи қарздиҳии рақамии худ ба ҷамоатҳои дурдаст китобҳоро дастрас намоянд, ки ин навъи хизматрасониро дар мамлакатҳои дигар бо унвони абонименти байни китобхонаҳо ва ё китобҳои ба амонатрафта унвон медиҳанд.

            Китобхонаи милии Фаронса (BNF) дар самти хизматрасониҳои электронӣ яке аз пешсафон дар ҷаҳон аст. Ин китобхона тавонистааст, ки рӯйхати тамоми осори китобхонаи худро дар шакли электронӣ барои дигар китобхонаҳои минтақаи Фаронса ва ҷаҳон пешниҳод намояд.

            Китобхона танҳо ба муассисаҳои илмӣ ва китобхонаҳо ба воситаи шуъбаи абанимент китоб медиҳад. Хонандагони аз 18-сола поён наметавонанд ба ин китобхона ворид шаванд, агар китобҳои ба онҳо зарур дар дигар китобхонаҳои Фаронса набошанд, ба таври истисноӣ ба муҳлати 2-3 рӯз метавонанд аз китобхона истифода баранд. Хориҷиён бошанд барои ворид шудан ба китобхона бояд аз сафорати кишварашон муаррифинома дошта бошанд.

            Китобхонаи миллии Фаронса яке аз маконҳои сайёҳии Фаронса буда, ҷолибтарин ва машҳуртарини ин китобхона қисмати марбут ба ҷаҳони Луис XIV аст.

            Феҳристи китобхона ба таври онлайн фаъол аст, ки аксарияти маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дар он нигоҳдоштаи сомонаҳои онро дар бар мегирад.

            Хидматгузории Китобхонаи миллии Фаронса (BNF) ба панҷ идораи маъмурӣ (директория) тақсим шудаанд, ки сетои аввали онҳо ба яке аз ҷонишини директори генералӣ ва чор ҳайати вакилон сардорӣ мекунанд.

            Шуъбаи коллексияҳо (DCO)  коллексияҳоро идора мекунад ва ба аҳолӣ хидмат мерасонад. Он ба чордаҳ бахши ҳуҷҷатӣ тақсим шудааст, шаш қисмат дар сайти Толбиак, шаш қисмат дар сайти Ришелё, яке ба ду сайт ва қисми охирини мувофиқ ба китобхонаи Арсенал.

            Дирексияи хидматҳо ва шабакаҳо (DSR). Барои вазифаҳои мутақобилан марбут ба ҳамаи шӯъбаҳои ҳуҷҷатҳо ва дигар фаъолиятҳое, ки ба тамоми китобхона таъсир мерасонанд, масъул аст. Он ба шаш шӯъба тақсим мешавад:

            Шуъбаи метамаълумотҳо, ин бахши хидматгузориҳо библиографияи миллии Фаронсаро тартиб дода, феҳристи онро ғанӣ мегардонад, луғати RAMEAU идорашавандаро нигоҳ медорад ва ба бойгонии маълумоти рақамӣ таваҷҷуҳ дорад;

            Шӯъбаи ҳамкорӣ барои робита бо дигар китобхонаҳои Фаронса масъул аст, каталоги коллективии фаронсавӣ, қарзи байникитобӣ ва Галликаро идора мекунад;

            Шуъбахои амонатии ҳуқуқӣ маҳсулоти чопиро аз ноширон ва матбааҳо қабул мекунанд, ки воситаҳои алоҳида бевосита аз тарафи шуъбаҳои махсус қабул ва коркард карда мешаванд (бо ҳамин роҳ шуъбаи мусиқиро ба депозити қонунии нота ва ғайра қабул мекунад); он нигоҳдории ҳатмии ҳуҷҷатҳои рақамии онлайнро таъмин менамояд, ки барои бойгонии веб масъуланд;

            Шуъбаи хидматҳои тасвирӣ ва рақамӣ барои хидматрасонии рақамисозии BnF, инчунин маркетинги дигар хидматҳои пулакӣ, аз қабили бойгонии рақамӣ аз номи шахсони сеюм масъул аст; он инчунин барои истифодаи тиҷоратии ҳуҷҷатҳоро идора мекунад;

            Шуъбаи системаҳои иттилоотӣ дар бораи паҳлӯҳои техникии феҳристҳо, интернети BNF, эълонҳои ҷамъиятӣ ва хидматҳои дурдаст ғамхорӣ мекунад.

            Шуъбаи маъмурият ва кадрҳо (DAP). Хидматҳои дастгирии ғайри китобхонаҳоро муттаҳид мекунад: захираҳои инсонӣ, молия, захираҳои моддӣ.

            Шуъбаи ҷамъиятӣ, ки лоиҳаи он дар соли 2015 оғоз шуда буд, моҳи ноябри соли 2018 ба кор шурўъ намудааст. Мисли бисёре аз китобхонаҳо, бо фарқияти афзояндаи байни ҳузури толорҳои хониш ва коллексияҳои он дучор омада, BNF ин менеҷментро барои рушди хидматҳои худ эҷод мекунад. Мақсади асосӣ ва ниҳоии ин тарҳ ба таври фаврӣ ва бе нуқс конеъ гардондани интизориҳои хонандагону истифодабарандагони он аст. Паст кардани шартҳои аккредитатсия барои корбарони ба истилоҳ «қонунӣ» (M1 барои докторантҳо, тадқиқотчиён, рӯзноманигорон) ва ғайра.

            Маъмурони ин Китобхона инчунин кӯшиш мекунанд, ки тавассути шарикӣ бо ҳудудҳои муайян аудиторияи фарҳангиро рушд ва диверсификатсия кунанд ва чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангиро роҳандозӣ кунанд.

            Сарраёсати тарғиботии фарҳангӣ шeъбаи намоишҳо ва чорабиниҳо, инчунин шeъбаи нашриётро муттаҳид менамояд.

            Ҳайатҳо, сохторҳои сабуктаре мебошанд, ки ба директори генералӣ вобастаанд:

            Ҳайати стратегия ва тадқиқот;

            Хайати вакилони муносибатҳои байналхалқӣ;

            Вакилони муошират;

            Ҳайати вакилони роҳбарикунанда.

            Умуман, бояд гуфта шавад, ки Китобхонаи миллии Фаронса яке аз китобхонаҳои зебо ва бузурги ҷаҳон ба шумор рафта, дар инкишоф ва равнақи илму фарҳанги кишвари Фаронса нақши калидӣ дорад.

Надирмоҳ Боқизода,

мутахассиси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.