ХУМОР. Устод, роҳбар ва падари меҳрубон

   Аз реҳлати яке аз маъруфтарин китобшиносони кишвар Қурбоналӣ Абдураҳимзода ҳудудан як сол сипарӣ мешавад. Қурбоналӣ на танҳо як олими маъруф ва донандаи хуби соҳаи худ буд, балки як падари басо меҳрубона ғамхор барои фарзандон ва ҳамсари мушфиқ барои бонуи хонадон буд. Худо биёмурзад.

  Мисраҳои зер  аз пайвандони ӯст, ки ҳар гоҳе хумори падару бобои азизашон мегирад, замзама мекунанд ва ба ёд меоранд.

Эй марди ҷасур, олиму бовиҷдон,

Будӣ ту ҳалиму беҳтар аз ҷон
Дилдодаи хонаву дари хеш,

Бар мо ту будӣ ҳамтану ҷон!

Ёди ту кунем ҳар саҳаргоҳ,

Ҳам шоми даю шоми баҳорон!

Эй фахри ману сари баландам,

Армону ҳавасҳои чу қандам.

Рафтӣ туву рафт ҷисму ҷонам,

Дунёву замину осмонам.

Бар хок фитоду сахт бишкаст,

Пойи ҳаваси аспи самандам.

Будӣ ту фидои илму фарҳанг,

Бо килку китоб будӣ ту пайванд.

Дар ҷисми ману наберагонат,

Ҷон будию ҳам мисоли ҷавшан.

Дар қалби ту сад орзу буд,

Сад мақсади зебову наку буд.

Рафтиву он ҳама фано шуд,

Манзилгаҳи ту дорулбақо шуд.

Ҷояшон ҷаннату рухашон шоду манзилашон обод бошад.

Қурбонова  Нигина, Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо