Китобхонаи миллӣ фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст намуд
Теъдоди умумии китобҳо ва дигар маводи чопии Китобхонаи миллӣ то 30-уми июни соли 2023 ба 3 миллиону 405 ҳазору 734 нусха расидааст. Дар ин бора субҳи имрӯз Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода хабар дод.
Директори Китобхонаи миллӣ, ки дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа дар ҳузури кормандон суханронӣ мекард, иброз дошт, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2023 ба воситаи гурӯҳи 45-нафара, ки аз ҳисоби кормандони бахшу шуъбаҳои Китобхона ташкил гардидааст, дар умум 239 360 нусха китоб коркард шуда, 16 699 нусхаи он ба шуъбаи мукаммалгардонии фонд барои ворид намудан ба фонди хизматии Китобхона супорида шудааст.
Профессор Файзализод дар бахши дигар аз суханрониаш гуфт, ки кормандони шуъбаи коркарди адабиёт 24466 номгӯи адабиётро қабул ва коркард намудаанд, ки аз он 8689 нусха бо забони тоҷикӣ, 13105 нусха бо забони русӣ, 1010 нусха ба фонди захираҳои ёрирасон, 353 нусха рисолаи илмӣ, 95 нусха бо забони халқҳои ИДМ ва 6 нусха нашрияҳои давомдори илмӣ мебошанд. Кормандони шуъба тамоми адабиёти воридгардидаро бо рақами инвентарӣ қабул карда, ба тарзи алифбо ҷобаҷо ва барои коркард омода месозанд. Китобҳои тозанашр ба соҳаҳо ҷудо гардида, аз рўйи ҷадвали Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) рақамгузорӣ ва ба барномаи “ALEPH” ворид карда мешаванд.
Директори Китобхонаи миллӣ аз фаъолиятҳои илмии ниҳод сухан ронда, иброз дошт, ки дар самти баргардон, таҳия ва нашри осори арзишманди ниёгон ва ҳамчунин осори илмӣ-таҳқиқотие, ки муҳаққиқони дохилию хориҷӣ оид ба таърих, фарҳанг ва расму оини миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ таълиф намудаанд, Маркази “Тоҷикшиносӣ” як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 китоби «Тасаввуф ва адабиёти тасаввуфӣ»-и Е.Э. Бертелс дар ҳаҷми 640 саҳифа таҳрир гардид. Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур аз 800 саҳифа иборат буда, таҳрири ниҳоии он аз моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида буд. Дар иртибот ба тарҷума, таҳия ва таҳрири силсилакитобҳои “Тоҷнома” ҳамзамон, дар ин давра китоби “Киропедия”, “Курушнома”-и Ксенофон Анабасис ба пуррагӣ аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума гардида, таҳрири ниҳоӣ шуд. Китоби «Ал-фиҳрист»-и Ибни Надим аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷумаву таҳия гардида, нусхаи озмоишии он аз чоп баромад. Дар назар аст китоби мазкур то охири соли равон ба чоп супорида мешавад. «Таърих» (китоби IV)-уми Ҳеродот Ҳаликарнасӣ аз забони юнонӣ ба тоҷикӣ пурра тарҷума карда шуд. Пажўҳиш ва тавзеҳоти муфассали илмии асари мазкур аз моҳи ноябри соли 2022 оғоз ёфта, то имрўз дар ҳаҷми 117 саҳифа коркард шудааст. Илова бар ин, тарҷумаи асари «Ҳаммосаи миллии Эрон» -и Нёлдеки аз забони олмонӣ ба забони тоҷикӣ бо тавзеҳот дар ҳаҷми 147 саҳифа, асари «Забони қадимтарин ёдгориҳои насри форсӣ»-и Гилберт Лазард аз забони фаронсавӣ ба забони тоҷикӣ пурра тарҷума, ҳуруфчинӣ шуда, дигар корҳои вобаста ба таҳияи онҳо идома дорад.
Вай ҳамчунин гуфт: Маркази “Тоҷикшиносӣ” нақша дорад, ки таҳияи «Тазкираи шуарои Хатлон», «Кушониён», «Тахористон», «Хоразм ва скифия»-ро бо фарогирии мавод дар шакли китоби мукаммал омода гардонад. Барои таҳияи асарҳои зикршуда, гурўҳи мутахассисони касбӣ ҷалб карда мешаванд.
Матни комили суханронии Директори Китобхонаи миллӣ ин ҷост: