Китоби нав. Жило Гулназарзода. “Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ”

Низоми маъноии феъл Тавре аз номаш пайдост, ин рисола ба яке аз мавзуъҳои муҳимми забони адабии муосири тоҷикӣ, маънои феъл дар забони адабии тоҷикӣ бахшида шудааст.

Дар он масъалаҳои муҳимми маъношиносӣ, тарз ва роҳҳои таснифоти маъноӣ, омўзиши муфассали маънои феъл дар низоми семантикӣ, таносубҳои маъноӣ, типологияи маънои феъл, инкишофи навъҳои гуногуни маънои феъл, хусусияти навъҳои маънои грамматикии феъл, маънои аспектуалии феъли забони тоҷикӣ ва хелҳои он, мавқеи маънои марҳилавии феъл дар низоми семантики феъли забони тоҷикӣ, маънои нақлӣ ё эвиденсиалияти феъли забони тоҷикӣ, маънои луғавии феъл ва хелҳои он, таносуби системавии маънои феъл дар ифодаи категорияҳои луғавию маъноӣ, барраси гипонимияи феъли забони тоҷикӣ дар заминаи беҳтарин намунаи осори шоир ва адиби асри XV – Абдурраҳмони Ҷомӣ, нишон дода шудааст.

Бори нахуст ба таври нисбатан мукаммал маъноҳои грамматики феъл чун маънои аспектуалӣ ва навъҳои он, маънои нақлӣ ё эвиденсиалияти феъл, маънои луғавӣ ва намудҳои он, чун денотативӣ-сигнификативӣ, маънои прагматикӣ ва хелҳои он, чун услубӣ, коннотативӣ ва эҳсосотӣ, мавқеъ ва хусусияти онҳо дар низоми семантикаи феъл дар асоси назарияҳои гуногун баррасӣ шудааст.

Китоби Жило Гулназарзода. “Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.