Китоби нав. 700  масъалаҳои тестӣ аз механика

Дастури мазкур барои довталабон, хонандагони литсею гимназияҳо, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, ки тариқи низоми нави таҳсилот  таҳсил мекунад, тавсия шудааст.

Дар сарсухан муаллифон Б.Пирзода ва Ш.Убайдов навиштаанд:  Маълум аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ-касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, марҳилаҳои фаннӣ тавассути миёнаи умумӣ, марҳилаҳои фаннӣ тавассути тестҳо гузаронида мешавад. Аз ин лиҳоз, дар ин дастури методӣ, кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки дараҷаи тайёрии хонандагон ба назар гирифта шавад.

Мақсади нашри ин дастур ба довталабон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дониш аз физика ҳосилкардаашонро мустаҳкамтар кардан, инчунин барои усулҳои нави ҳалли масъалаҳоро аз фасли механика ёд гирифтаашон кўмак расонидан аст.

Дар дастур суолу масъалаҳои тестӣ, формулаҳои асосӣ аз механика ва доимиҳои физикию коэффисиентҳо гирд оварда шудааст. Ҳар як суолу масъалаҳои тестӣ бо панҷ ҷавоб сабт ёфтааст, ки танҳо ҷавоби яктоаш дуруст мебошад. Хонанда бояд ҷавоби дурустро дарёфт карда, дар варақаи ҷавобҳо қайд намояд.

Дастури  мазкур аз камбудиҳои холӣ нест ва шахсоне, ки барои беҳбудии он ақидаҳои худро иброз медоранд, муаллифон миннатдории хешро баён мекунад.

Ин китоб ҳоло ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид шудаву шумо аз он метавонед истифода кунед.

Исроил Иброҳимов, мутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ