Рӯ ба илм. Оё вулкани Дамовандро медонед дар куҷост?

Дамованд вулкани хомўшшуда дар соҳили ҷанубии баҳри Каспий, қаторкўҳи Албурзи музофоти Мозандарони Эрон. Аз шаҳри Теҳрон то қароргоҳи Рай (91,3 км) роҳ мумфарш аст. Дамованд охирин бор 5350 сол то милод дамида, ба давраи геологии плейстотсени кайнозой маҳсуб аст.

Дар баландии 5670 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландтарин нуқтаи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дамованд вулкани махрутшакл буда, асосан аз тафтаҳои қабат-қабати андезитӣ таркиб ёфтааст. Аз нишебиҳои Дамованд гази тафсон мебарояд; чашмаҳои сулфур ва гарми лойфишони шифобахш (то 3000 С) дорад. Дар нишебиҳои Дамованд пиряхҳо мавҷуданд.

Бори нахуст кўҳнавард В.Т. Томсон соли 1837 ба қуллаи Дамованд баромадааст. Дар баландии 3200 м қароргоҳи Гўсфандсара ва болотар аз он қароргоҳи нав (4250м) барои сайёҳон бунёд шудааст.

Муаллиф  А. Раҳмонов.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 234.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода

шуъбаи библиографияи миллӣ