Китоби нав. А.Ҳамдам, Л. Чигрин “Эмомали Раҳмон жасорати”
Тарҷумаи осори Президенти кишвар ва китобҳо дар бораи фаъолият ва дастовардҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон навишташуда тайи солҳои охир мунтазам нашр мешаванд.
Ахиран китоби Леонид Чигрин ва Ато Ҳамдам “Эмомали Раҳмон жасорати”, мутарҷим Омонбой Жуманов ба забони ӯзбекӣ дар нашриёти “Эр-Граф” ба теъдоди 500 нусха дар ҳаҷми 624 саҳифа нашр гардид. Ин китоб соли 2011 дар ҳамин нашриёт ба забони русӣ чоп шуда буд.
Китоби мазкур аз се қисм иборат аст. Дар қисмати аввали он, ки “Корномаи Эмомалӣ Раҳмон” ном дорад, доир ба ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан меравад.
Қисмати дуюми он, “Роҳи бузурги абрешим” номгузорӣ шуда, доир ба оғози роҳи Чин ба Осиёву Аврупо ва василаи рушди дастовардҳои фарҳангӣ-илмӣ сухан меравад. Роҳи Бузурги Абрешим бузургтарин дастоварди фарҳанги ҷаҳонист. Он ба густариш ва рушди самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои Осиёву Аврупо суръат бахшида, ваҳдат ва шукуфоии онҳоро таъмин менамояд.
Дар қисми сеюм адибон “Корномаи ду Пешво” оид ба ҳаёту фаъолият ва дӯстии ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек, Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маълумот медиҳанд.
Бунафша Раҳмонова,