Китоби нав. Абуалӣ ибни Сино. “Осор” (ҷилди ҳафтум)
Нашриёти “Дониш” ҷилди ҳафтуми осори мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Синоро чоп кард.
Осори мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки дар ин ҷилди осори ў ба хонанда пешниҳод карда шудааст, аз қисматҳои «Ҷадал», «Хитоба», «Суфастоӣ» ва «Фанни шеър», ки аз бахшҳои муҳими илми мантиқи «Китоб-уш-шифо» ба шумор мераванд, иборат аст. Боиси шодмонист, ки аз нигоҳи аҳамияти илмӣ ва фарҳангӣ ин рисолаҳо ва назариёти мантиқӣ-гносеологии дар онҳо дарҷёфта то ҳанўз арзиши худро аз даст надодаанд.
Муҳимтарин арзиши ин осор иборат аз он аст, ки дар он раванди ҳаракати ақлонии фикр аз таваҳҳумот ба сўи ҳақиқат, роҳи озод намудани тафаккури инсон аз шабаҳҳо, сафсатаву суханбозиву фиреб, дурўғу хаёлоти номатлубе, ки ба инсон ба таври мақсаднок, иҷборӣ ва ё тасодуфан бо роҳҳои мухталиф ворид мешаванд, нишон дода мешавад.
Китоби мазкурро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фарҳоди Салим, мутахассиси
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.