Китоби нав. Ҳадафҳои созандаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ин китоб, ки соли 2025 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст, муҳтавои асосии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давоми солҳои 2015-2025 ироа гардидаанд, ба тариқи саволу ҷавоб шарҳу баён ёфтааст. Ҳамзамон барои дар сатҳи матлуб ба мардум расонидани нишондодҳои Паём ба ҳар яки он муаррифӣ омода карда шудааст, ки дар мавриди истифода кумаки амалии худро хоҳад расонид.

Китоб ҳамчун дастурамали тарғиботии роҳнамо барои муҳаққиқон, таҳлилгарон, устодон, донишҷӯён, таблиғгарон ва кулли мардум пешкаш шудааст.

Паём падидаи нав ва дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ

Баъди гузашти марҳилаҳои тулонии таърих халқи шарафманди тоҷик дар охири қарни XX хушбахтона боз соҳиби давлати алоҳида гардида, мустақилияти худро ба даст овард, ки ба он орзуи чандинасраи ин халқи таммаддунсоз ба ҳисоб мерафт. Бо паси сар кардани мушкилиҳои ибтидои соҳибдавлатӣ ва зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтани фарзонафарзанди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъияӣ ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат тағйирот, дигаргунӣ ва пешравиҳои бузургу назаррас ба вуқуъ пайвастанд, ки он тақозои замон буда, кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба маҷрои нави таърих ва роҳи дурусти рушду тарақиёт ҳидоят кард. Ташаббусу шоҳкориҳои нав ва ғамхорию дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии кишвар нисбати халқи фарҳангсолори тоҷик ба он оварда расонид, ки пайвастагию ҳамкории ҳукумат бо халқ марҳила ба марҳила густариш ёфт ва дар марҳилаи имрӯза ба авҷи олии худ расидааст.

Яке аз омилҳои асосӣ ва тақдирсози густариши ҳамдигарфаҳмии Ҳукумати мамлакат бо аҳолии кишвар ин ба роҳ мондани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунбарори давлат, яъне Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27-уми апрели соли 2000 дар ҷаласаи якуму якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд. Оғоз аз 27-уми апрели соли 200 то 16-уми декабри соли 2025, яъне дар давоми бисту панҷ сол 27 маротиба  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, ки ин падидаи нав ва дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Паёми Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як меъёри муайяни замони истиқлолият буда, ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол ба Парлумони мамлакат ироа мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки истилоҳи Паём хеле сермаъно ва серпаҳлӯ буда, дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба мазмуни пайғом, хабар, дуруд, таҳният, муборакбодӣ, орзуи нек кардан ба касе, муроҷиат намудан ва рисолат омада аст.

Дар мавриди Паёми Сарвари давлат ба Парлумон бошад он чун дастур ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсозу бунёдкорона маънидод карда мешавад.

Суханронии Президенти мамлакат, Сарвари давлат дар ҳузури узви Парлумон, ироаи Паём аз ҷониби сарвари аввал ба анъанаи сиёсии як қатор кишварҳои ҷаҳон ворид гардида, як падидаи хеле муҳими сиёсиву давлатӣ маҳсуб меёбад.

Паёми Сардори давлат ба Парлумон як усули таърихии робита, ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи се шохаи ҳокимияти сиёсӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ буда, ба ин васила ҳар чи бештар ва хубтар ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ бо мақсадӣ хидмат кардан бар манфиати мардум ва ҷомеа мебошад. Паёми Сарвари давлат ба мақоми олии қонунгузори кишвар чун дастур, ҳидоят, барнома, нақшаи дурнамо, қутбнамо барои солҳои минбаъда ва санади сарнавиштсозу созанда маҳбус меёбад.

Паёми Президентро на танҳо узви мақомоти олии қонунгузори мамлакат – Парлумон, балки намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимият ва сохторҳои идоракунӣ – вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, васоити ахбори умум, тамоми аҳли ҷомеа, умуман кулли шаҳрвандони мамлакат мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дода, ба суханронии роҳбари давлат чун барнома, ҳидоятнома таваҷҷуҳи амиқ ва хоса зоҳир менамоянд ва аз он маълумот, далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ба даст меоранд ва барои фаъолияти минбаъдаи хеш дастуру супоришҳои мушаххас гирифта, ҷиҳати иҷрои саривақтии он нақшаи мукаммали корӣ омода менамоянд…

Китоби “Ҳадафҳои созандаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешабари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон