115 сол пеш 11-уми май. Зодрӯзи профессор Холиқ Мирзозода

Холиқ Мирзозода11-уми май ба зодрӯзи адабиётшинос, шоир, нависанда, омӯзгор, доктори илмҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозода 115 сол пур шуд. Мавсуф аз ҷумлаи тавонотарин адибон ва донишмандони муосири тоҷик буд. Дар пажӯҳиши осори классикӣ, романнависӣ муваффақ буд. Шеър ҳам гуфтаву маҷмуаи ашъорашро чоп кардааст.

ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА 11 – уми майи соли 1911 дар деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1935 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии  омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Баъдан муаллим, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Тоҷикистон будааст.

Соли 1946  дар мавзуи эҷодиёти Шамсиддин Шоҳин рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муддати мадиде мудири кафедраи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, чанде директори  Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Вазорати маорифи ҷумҳурӣ будааст. Соли 1968 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Солҳои охир дар зодгоҳаш зиндагию эҷод карда, ба навиштани хотираҳояш машғул буд.

Мақолаи аввалинаш соли 1934 ба табъ расидааст. Дар масъалаҳои умда ва мубрами адабиёт мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар китобҳои “Аҳмияти адабиёт дар тарбияи атеистӣ (1961), “Мулоҳизаҳо дар бораи адибиёт” (1963), “ Ақидаҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик” (1966), “Адабиёт аз нуқтаи назари ҳаёт” (1973), “Афкори рангин” (1982), “Адабиёт таълим ва тарбия” (1983) ва ғайра гирд омадаанд.

Рисолаҳои “Шамсиддин Шоҳин” (1956), “Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти классикии тоҷик” (1958), “Ҳабиб Юсуфӣ” (1960), “Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик”(1962), “Мирсаид  Миршакар”(1962) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар офариниши “Очеркҳои адабиёти советии тоҷик”, “Инкишофи жанрҳо” (1984) саҳми шоиста гузоштааст. Мунтахаби осори Ҳофиз (1957), Шоҳин (1959), Убайди Зокинӣ (1963)-ро барои чоп омода кардааст. Муаллифи чанд китоби дарсӣ низ будааст.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1978), Муаллими шоистаи Тоҷикистон (1958). Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Аз соли 1944 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Моҳи декабри соли 1994 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.

АЗ ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБРО МЕТАВОН ХОНД:

Адабиёти ватан: китоби дарси барои синфи 5. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 260 с.

Образи бадеӣ чист [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 22 с.

Қуллаи камолот: Дар бораи эҷодиёти М. Миршакар. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 172 с.

Адабиёт ва таълим  ва тарбия. – Душанбе: Маориф,1983. – 143 с.

Луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ: Маълумотнома / муҳар. Г. Асророва. – Душанбе: Маориф,1992. – 240 с.

Ақидаи Ҳанафӣ: ба соли бузургдошти Имоми Аъзам (р.ҳ.). – Душанбе, 2009. – 59 с.

Сайқали рӯи замин: Роман / муҳар. А.Худойдодов. – Душанбе: Маориф, 2015. – 272 с.

Боздошт; Гули ғамгин; Сарзаниш:  Силсилаи шеърҳо // Адабиёт ва санъат. –1998.– 20 ноябр.

Сайқали рӯи замин: Порча аз роман // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 27 июл.

АДАБИЁТ ДАР БОРАИ ДОНИШМАНДИ МАЪРУФ

Холиқ Мирзозода // Энсиклопедияи совети тољик [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе, 1981. – Љ.4. – С. 412-413.

Рустам, С.      Қиссаи як тӯҳмат:  Саҳифае аз рӯзгори профессор Холиқ Мирзозода        // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 30 август.

Салом, Н. Б.  Пояи ӯ аз падар… : Ба ифтихори 80-солагии зодрӯзи Холиқ Мирзозода    // Садои мардум. – 1991. – 14 май.

Қудратов, Р., Ҷонфидо, А.  Мазраъи сабз:          Устод доктори илми филология профессор, муаллими ҶШС Тоҷикистон Холиқ Мирзозода 80-сола шуд //         Тоҷикистони шӯравӣ. – 1991. – 11 июн.

Акбарзода, Ю.          Марги соҳибдил:    Дар бораи Холиқ Мирзозода // Омӯзгор. – 1992. – 2 декабр.

Бобокалонова, Ҷ.      Уқобе сӯи авҷи фалак парфишон рафт:         Ба ёди устод Холиқ Мирзозода // Ҷумҳурият. – 1992. – 22 декабр.

Партов, А. Сахтгиру меҳрубон:  Хотираҳо дар бораи устод Холиқ Мирзозода     // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 3 июн.

Худойдодов, А          Садриддин Айнӣ дар шинохти Холиқ Мирзозода // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 11 декабр.

Худойдов, А. Муаллифи китобҳои дарсӣ: оиди фаъолияти адабиётшинос Холиқ Мирзозода // Омӯзгор. – 2011. – 27 май.

Худойдодов,А.          Холиқ Мирзозода дар гирдоби муборизаҳои мафкуравии солҳои сиюм:            Оиди эҷодиёти доктори илмҳои суханшиносӣ, адабиётшинос, профессор Холиқ Мирзозода            // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 17 январ.

Худойдодов, А.         Нақши Холиқ Мирзозода дар рушди адабиётшиносони тоҷик: Ба ифтихори 100-солагии адабиётшинос Холиқ Мирзозода // Адабиёт ва санъат. –  2011. – 5 май.

Худойдодов, А.         Муаллифи китобҳои дарси:       Оиди фаъолияти адабиётшинос Холиқ Мирзозода // Омӯзгор. –     2011. – 27 май.

Худойдодов, А.         Рӯдакӣ дар пажӯҳиши Холиқ Мирзозода:      Саҳми хидматҳои Х. Мирзозода дар Рӯдакишиносӣ  // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 15 ноябр.

Муҳаққиқи фарохназар:  Ба муносибати 110-солагии донишманди тоҷик Холиқ Мирзозода // Омӯзгор. – 2021. – 23 декабр

Элбаев, В.       Пажӯҳишгари анвои наср:          Ба ифтихори 110-солагии адабиётшиноси тоҷик профессор Холиқ Мирзозода        // Омӯзгор. – 2021. – 20 май.

Худойдодов, А.         Рӯзгори ибратбахши адабиётшинос:   Ба муносибати 110-солагии Холиқ Мирзозода    // Адабиет ва санъат. – 2021. – 13 май.

Салмон, Б.     Хушгӯиҳои Холиқ Мирзозода:  Оид ба олими тавоно, адабиётшинос Х. Мирзозода            // Адабиёт ва санъат. – 2023. – 2 март.

Ҳисом, М.      Холиқ Мирзозода ва “Шоҳнома”:  Дар бораитарҷумаи ҳол ва таърихи навишта шуданиШоҳнома“, ҷамъ овардани маълумотҳо аз тарафи адабиётшинос Х. Мирзозода // Паёми Суғд. – 2024. – №7. – С. 97-99.

МАНБАЪ:

Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Хуљанд: Ношир, 2024. – С. 186-187; Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2014. – С.131.

Таҳияи Машҳура Зоирова
корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ