Китоби нав. “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон”

Чунин ном дорад, китобе, ки ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Китоб бо кумаки моддию маънавии Муовини Якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар доираи Китобхонаи Анҷумани халқҳои Авруосиё ва Ҷунбиши ҷаҳонии назм ба чоп омода шудааст.

Дар маҷмӯа намунаи асарҳои адибони олам дар васфи Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони халқҳои дунё ва тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ гирд оварда шудааст.