Китоби нав. Аҳмадшоҳ Комилзода: “Дарбанд”
Ин рисолаи пажӯҳишии донишманди тоҷик Аҳмадшоҳ Комилзода соли ҷорӣ дар нашриёти “Маориф” нашр шуда ва як таҳқиқоти комилан илмӣ дар бораи қалъаи таърихии Дарбанд (қалъаи Имлок) ва қалъаи ҳамҷавори он Қалъаи Ҷамшед (Қалъаи Ҷумҳур) ва дижу истеҳкомҳои марбут ба он дар ноҳияи Нуробод, ҳамчунин қалъаҳои дигари ҷамҷавори онҳо дар минтақаи Рашти Тоҷикистон мебошад. Муаллиф дар пешгуфтори китоб навиштааст:
Дар Тоҷикистон шаҳру қалъаҳои бостонии зиёд аст, ки чанде аз онҳо аз тарафи пажўҳишгарон ва бостоншиносон омўхта ва осори онҳо кашфу ошкор карда шудаанд. Вале дар ин миён дар бораи баъзе аз қалъаҳои таърихӣ, чун Қалъаи Дарбанд (Қалъаи Имлок), Қалъаи Ҷамшед (Кохи Ҷамҳур), Қалъаи Говакон / Ғурканд (воқеъ дар шаҳристони Ғарми имрўза), Қалъаи Рашт (воқеъ дар Ҳойит) ва Қалъаҳои Лахш, ки ҳамагӣ дар водии Рашти имрўзӣ воқеъ шудаанд, маълумоти кофӣ вуҷуд надорад. Ин қалъаҳо аз тарафи бостоншиносон мавриди омўзиши ҷиддӣ қарор нагирифтаанд.
Ҳамчунин дар ҷавори қалъаҳои бузурги Рашту Дарбанд шумораи зиёди харобаҳои қалъаҳои хурду бузург мавҷуд аст, ки аз онҳо ном, баъзан харобаҳояшон боқӣ мондааст. Қалъаи Занку, Қалъаи Чоргул ва Қалъаи Лахш дар ноҳияи Лахш: Қалъаи Лаби Об дар ноҳияи Тоҷикобод, Қалъаи Шаҳидон дар деҳаи Хуфак, Қалъаи Кофир дар деҳаи Шул, қалъаҳои деҳаи Хост ва Нимич, Қалъаи Бобирхон дар деҳаи Навдонаки ноҳияи Рашт: Қалъаи Шоҳбача дар деҳаи Марғзори Сири канори Дарбанд, Қалъаи Климед дар деҳаи Кабутиён, Қалъаи Даҳана дар соҳили рости Сурхоб, Қалъаи Кафтаргузар, қалъаҳои хурду бузург дар деҳаи Юст, Қалъаи Хочканд дар деҳаи Яхак, Қалъаи Хушак дар деҳаи Истун, қалъаҳои хурду калон дар деҳаи Яхч, Қалъаи Кофир, Қалъаи Миёна ва Қалъаи Боло деҳаи Меҳробод (Комсомолобод), Қалъаи Амлокдор ва Қалъаи Кофир дар деҳаи Сичароғи ноҳияи Нуробод: Қалъаи Шер-1, Қалъаи Шер-2 ва Қалъаи Лохарф дар ҳавзи дарёи Хингоби ноҳияи Сангвор ва чанде дигар аз ҷумлаи онҳоянд. Ногуфта намонад, ки ному ҷойгоҳи бештари ин ёдгориҳои таърихӣ дар сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла асари маъруфи «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» баён шудааст.
Бо навиштани ин рисола хостем, дар бораи қалъаҳои номдори Дарбанд (Имлок) ва Ҷамшед (Ҷамҳур), ки харобаҳояшон то имрўз хубтару беҳтар боқӣ мондааст, маълумоти бештар пешкаши хонанда кунем. Бо ин мақсад мо, пеш аз ҳама сарчашмаҳои илмӣ ва осори таърихнигорони пешин ва имрўзиро мавриди омўзиш қарор дода, дар бораи ин қалъаҳо маълумот ҷамъ овардем.
Дар рисола дар бораи харобаҳои истеҳкомҳо ва ёдгириҳои таърихии мавҷуда дар мавзеъҳои атроф ва хатти ҳаракат ба Қалъаи Дарбанд, ҳамчунин аз нишонаҳо ва осори боқимонда дар мавзеъҳои табиӣ, ҷойгоҳ, вижагиҳои табиӣ ва ҷуғрофӣ истифода бурда, маводро таҳия кардем.
Дар баробари маълумоти назарӣ ва илмӣ, ҳамчунин дар асоси нишонаҳои мавзеъҳои ҷангӣ, номи истеҳком ва нишонаҳои ёдгориҳои бостон дар шакли пайдарпай ва ҳамбастагии онҳо пешкаши хонанда гардонда шудааст.
Ҳангоми ҷамъоварии мавод мо ба ин мавзеъҳо рафта, нишонаҳои табиӣ ва таърихии онҳо, ному мавқеи ҷуғрофиашонро омўхта, акси онҳоро ба навор бардоштем, аз маълумоти бостоншиносон, таърихнигорон ва нақлу ривояти сокинони маҳалҳо низ истифода бурдем. Дар баҳсу баррасии мавзуъ аз истифодаи нақлу ривоятҳои роиҷ дар миёни мардум, инчунин маълумоти баъзе китобу сарчашмаҳое, ки ба назар ғайриилмӣ ва ривоятӣ ба назар мерасанд, сарфи назар кардем.
Рисолаи «Дарбанд»-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.