Китоби нав. Алӣ Ҷӯра: «Оҳанги зиндагӣ»
Китоби адиб, рӯзноманигори маъруф Алӣ Ҷӯра бо номи «Оҳанги зиндагӣ» ба тозагӣ дар нашриёти «Адиб» рӯи чоп омад. Ин сеюмин китоби қаламкаши номвари тоҷик аст, ки ба дасти хонанда мерасад.
Ҳамчуноне дар муаррифии китоби худ дар як шарҳи басо кутоҳ овардааст, зиндагӣ оҳанг дорад, ки он гоҳе шоду руҳнавоз ва гоҳе ҳазину муассир ба гӯш мерасад. Инсон дар ҳавои ҳамин оҳанг пилла-пилла боло меравад, ба умеде, ки ба хостаҳояш бирасад. Дар ин маҷмуа сухан аз рӯзгору фаъолияти одамони шариф, нексиришту некандеш, накукору ободгар, ҳунарманду эҷодкор меравад. Бахшҳои дигари китоб фарогири раҳоварду мақолаҳои муаллифанд.
КИСТ АЛӢ ҶӮРА?
Қаламкаше, ки инак муддати се даҳсола дар майдони рӯзноманигорӣ муваффақона ва бебокона қадам мезанад. Аз килкаш очерку лавҳа, гузоришу хабар ва гоҳе шеъри сара, ҳикояву қисса мерезад ва бинои эҷодашро мустаҳкаму рангоранг мекунад.
Вай давоми ин солҳо дар нашрияҳои «Варзиш», «Ҷумҳурият», «Тоҷикистон», «Радиои Тоҷикистон» ва радиои «Ватан» кор кардааст. Алҳол вазифаи муовини сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ»-ро ба уҳда дорад.
Соли 2006 дар пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул ва соли 2008 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон курси такмили ихтисосро гузаштааст. Ҳамчунин, бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурииҳои Эрон, Покистон ва Ҷумҳури мардумии Чин сафарҳои хидматӣ анҷом додааст,
Алӣ Ҷӯра барои хидматҳои шоёнаш соли (2019) бо фармони Президенти ҶТ бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Аз ин пештар ду китоби худро бо номҳои «Камони қомат» ва «Тулӯи беғуруб» ба хонанда расонда буд ва ҳоло мо китоби сеюми ӯро бо номи “Оҳанги зиндагӣ” дар даст дорем.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.