Китоби нав. Мурод Эшонқулов: “Садо ва сеҳри дойра”

Садо ва сеҳри дойраИн китоб ба тозагӣ интишор ёфтааст ва муаллифи он мусиқишиноси маъруфи тоҷик Мурод Эшонқулов мебошад. Муаллиф китобашро дастури таълимӣ номида ва дар муаррифии он овардааст, ки  барои омўзиши асарҳои якканавозӣ бо ҳавозии фортепиано ва бо такяю бордошт аз усулҳои  дойра дар зимни таснифоти шоҳкории маҷмўи мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом” ва таҷрибаи чандинсолаи кори муаллиф таҳия шудааст.

Дастур барои донишомўзони макотиби мусиқӣ ва коллеҷии ҳунарии кишвар, Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон  ба номи Талабхуҷа  Сатторов пешниҳод шудааст.

Муҳаррири китоб дар як шарҳи басо мухтасар онро ин гуна муаррифӣ кардааст: Дойра яке аз созҳои бостонии зарбии тоҷик ва мардумони Осиёи  Марказӣ, Шарқи Миёна ва Наздик мебошад. Дар эҷоду иҷрои мероси мусиқӣ, хоса  иҷрои  оҳангу сурудҳои халқию классикии тоҷик дойра нақши басо муҳим дорад. Сози дойра аз аҳди бостон ҳангоми иҷрои рақс  ё сурудан васеъ истифода мешуд. Дар солҳои 30-ум асри ХХ ва махсусан бо шарофати истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дойра дар оркестрҳои касбӣ, театрҳои мусиқии мазҳакавӣ, дастаҳои рақсӣ чун якканавоз пурэътибор шуд. Таъкид ба ёдоварист, ки ин соз дар эҷодиёти мусиқии тоҷик, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, инчунин берун аз он мавриди истифода аст.

Дойра чун сози зарбӣ дар ансамблҳои гуногун ва инчунин дар иҷрои якканавозӣ истифода шуда, аз ҷиҳати сохт гуногунтаркиб аст. Садои дойра бисёртар бо тарзи кашидани пўст вобастагӣ дорад. Барои сохти ин соз пўстҳои гўсолаи яксола, такабуз, моҳӣ, аспи ҷавон истифода мешавад. Диаметри дойра аксаран 38-41 сантимер буда, дорои танини садоҳои гуногун, яъне буми калон, буми хурд, баки калон, баки хурд ва нохун мебошад. Эҷоду иҷрои ин усулҳо тавассути истифодаю навохти ҳарду даст (панҷа) анҷом меёбанд.

Дар ҷараёни эҷоду иҷрои мусиқии тоҷик дойрадастони боистеъдод  чун Барака Ҳомидов, Кимсан Маҳкамов, Авнер Аминов, Мухтор Аҳроров, Ёқуб Аълоев, Аъло Аълоев, Абдурауф Азаматов, Каримҷон Бурҳонов, Аслам Фозилов, Юсуфҷон Бобоҷонов, Шарифҷон Орифов, Карим  Ҳошимов , Файзулло Улмасов,  Абдусаттор Фозилов ва дигарон ба камол расида, дар тарғиби мерос, пешрафти  мусиқии тоҷик саҳми арзанда доранд.

Дар ҷараёни фаъолияти эҷоду мусиқӣ, омухтани мероси мусиқӣ аз дойранавзони кишвар усулҳои нав эҷоду рўи саҳнаи иҷро омадаанд ва кори ҳунариашон ҷавобгўи  мавзую рангомезии олами мусиқӣ мебошад.

Китоби Мурод Эшонқулов “Садо ва сеҳри дойра”-ро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар