Китоби нав аз рушди низоми маориф 

Ин китоб, ки “Рушди низоми идоракунии муассисҳои соҳаи маориф дар шароити иқтисоди бозорӣ” номида мешавад, соли ҷорӣ дар нашриёти “Ирфон” чоп шудааст ва муаллифонаш Ҷ.Ғаффорзода, Қ.Раҷабов ва З.Ҳамдамзода мебошанд. Тавре аз номаш пайдост, он масоили рушди низоми идорӣ дар муассисаҳои маорифро дар шароити иқтисодӣ бозорӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар пешгуфтори он аз ҷумла мехонем: Муаммоҳои ворид намудани ислоҳот ва дурнамои рушди низоми идоракунии муассисаҳои соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардидан ба миён омаданд. Барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ зарурати асосноккунии илмӣ ва истифодаи таҷрибаи муосири хориҷиро бо назардошти омӯзиши ҳолати кунунии низоми идоракунии муассисаҳои маориф ва муносибатҳои иқтисодиёти бозорӣ баррасӣ намудан зарур аст.

Дар робита ба ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки воқеияти имрӯзаи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии кишвар таҳияи сиёсати расмии давлатро дар соҳаи маориф тақозо менамояд, ки дар он ба роҳнамоии касбии насли ҷавонон ва такмили минбаъдаи таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, ки 27 декабри соли 1993 қабул гардида, ба он тағйиру иловаҳо аз 22 июли соли 2013 ворид шудааст, маориф – раванди муттасили таълиму тарбия мешобад ва ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди кишвар мушкилот ҷиҳати нигоҳ доштани мавқеъ, ташаккул ва рушди он дар шароитҳои нави таърихӣ ба вуҷуд омад. Барои ташаккул ва рушди  низоми нави маориф, ки қодир бошад низоми муосирро ташкил диҳад ва он ҷавобгӯйи марҳилаҳои нави воқеияти рушд дар Тоҷикистон бошад, зарурат пайдо гардид. Аз ин рӯ, дар назди воҳидҳои сохтории маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, олимону муҳаққиқони соҳа вазифаи навсозии низоми маориф гузошта шуд.

Дар асри ХХI башарият ба як ҳолате ворид шуд, ки дар он қувваҳои эҷодкунанда  ва харобкунанда ба авҷи аълои худ расидаанд. Дар ин ҳолат, омили асосии баромадан аз ин вазъи баамаломада ин маориф, яъне аниқтараш маорифи баландсифат мебошад, ки ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, илм, истеҳсолот ва дигар бахшҳои ҳаёти мардум ҷавобгӯ башад. Бинобар ин, аз ҳолати сифати маориф ташаккули шахсият, ки дар ҳалли тақдири инсоният масъулиятро бар уҳда гирифтааст, вобаста аст.

Барои Тоҷикистон соҳибистиқлол муайян намудани қонуниятҳои рушди низоми идоракунии маориф, муайян кардани моҳияти хусусиятҳои муҳими он, мазмун ва самтҳои асосӣ вобаста аз талаботи замон, нишон додани роҳҳои ноил шудан ба сифати таъли вогузор шудааст.

Китоби “Рушди низоми идоракунии муассисҳои соҳаи маориф дар шароити иқтисоди бозорӣ” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ расидааст ва шумо онро дар ҳар толори хониш метавонед фармоиш диҳед ва мутолиа кунед.

Барно Самиева, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.