Омӯзгор ва шеър. Китоби ашъори омӯзгор Қосимҷон Қосимов “Килки сабз”

Маҷмӯаи шеърҳои омӯзгор Қосимҷон Қосимов аз чакидаҳои илҳоми як нафар муосири мо фароҳам омадааст, ки дар он эҳсоси гӯянда, меҳру ихлоси ӯ, муҳаббат ва садоқаташ муқаддасоти Ватан ва Модар, хоку оби ин диёр инъикос ёфтаанд. Ҳарчанд муаллиф даъвои шоирӣ надорад, дар навиштаҳои ӯ ҷо-ҷо тасвирҳо ва маъниҳои хубу шоирона бозгӯ шудаанд ва ашъори ӯро хонданбоб кардаанд.

             Китоби нахустини муаллиф, ки “Килки сабз” ном гирифтааст, далели табъи латифи омӯзгор буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

            Номзади фанҳои филологӣ Ирода Игамова дар сарсухан ба ин китоб аз ҷумла навиштааст: Қосимов Қосим аз шумораи қаламкорони соҳибзавқи даврони Истиқлол аст, ки пайвста бо эҷоди шеър мухлисони худро сархуш месозанд. Мунтазам ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ, вилоятӣ рӯи чоп меояд. Бо хоҳишу дархости ҳаводорони шеъраш ирода намуд, маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Килки сабз” ба нашр расонад.

            Дар ин маҷмӯа ашъори гуногунмавзӯъ, дубайтиҳо, рубоиҳо ва фардбайтҳо ҷамъ оварда шудаанд, ки бо лаҳни равону шево баён ёфтаанд. Шеърҳои “Ваҳдат”, “Ватан”, “Тоҷикистон”, “ Саразм”, “Шукрона мекунам ман”, “Парафшон бод” оҳангҳои ифтихори ватандориро дошта, хонандаро ба шукргузорӣ аз ватандорӣ раҳнамоӣ менамояд.

            Шеърҳои дар ситоиши зан, модар, духтар, ҳамсар, ёр офаридааш низ бо тавсифу лутфи бемисл маҷмӯаро зиннат додаанд. Чун ҳамеша мавзӯи ишқи пок, садоқат, вафодорӣ, васфи оразу қомат, зебогиҳои табиии ёр, нозу ишва, қаҳру ҷаҳли маъшуқа шеърҳои ошиқонаи шоири соҳибзавқро пуртаъсиртару хонданбоб намудааст. Санъатҳои ташбеҳ, тамсил, киноя, талмеҳ,суолу ҷавоб хеле бамавриду зебо истифода шудаанд.

            Қосимов Қ. аслан  пешаи омӯгориро соҳиб буда, дар баробари заҳмати зиёди касбӣ, туғёнҳои ботинии ӯ ғолиб меояду маҷбур мекунанд, қалам ба даст гираду чанд саҳфаро сиёҳ кунад. Маҳсули туғёнҳои ӯ боиси офарида гаштани манзумаҳо гардид. Албатта, эҷодиёти шоир орӣ аз кабудӣ набуда, нобаробарии баъзе ҳиҷоҳои байт, номувофиқ омадани баъзе аз суннатҳои қолаби шеърӣ ба назар мерасанд, ки ислоҳшавандаанд. Агар устоди мо барои таълифи шеърҳои аз ин ҳам баландпоя азм кунанду барои эҷоди шеърҳои худ вақти худро дареғ надоранд, зинаҳои баланди камолоти шоирӣ эшонро интизоранд.

            Ба омӯзгор дар корҳои ояндаи илмиву эҷодияшон комёбиҳо орзумандем.

Китоби “Килки сабз” ҳамин чанде пештар чоп шудаву ҳоло онро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутоиа намоед.

Таҳияи Меҳриниссо Гадоева,

мутахассиси шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.