Китоби нав. Беҳрӯзи Забеҳулло. “Сипоҳи сухан”

Маҷмуаи нави шоир аст, ки ахиран рӯи чоп омадааст. Дар муаррифии китоб мехонем: “Ин шеърҳо ҳам аз назари мавзӯъу муҳтаво ва ҳам аз назари  шаклу унсурҳои ҳунарӣ пухта ва дархури табъи хонандаи муосир аст. Дар маҷмуа ашъори ҳамосӣ, ғазалиёт, мухаммасот ва рубоиву дубайтиҳои шоир гирдоварӣ шудаанд…”

“Сипоҳи сухан” бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикис тон Рустами Ваҳҳоб нашр шудааст, ки ин сарсуханро бо намунае чанд аз ғазалиёти шоир дар зер меорем.

Шеъри ҳадафманд

Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ аз замони донишҷӯйи дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи давлатии (миллии) Тоҷикистон, зимни ширкат дар маҳфилҳои шеъру адаб лаёқатҳои адабии худро падид сохта буд. Аз ҳамон замон, яъне нимаи дуввуми даҳаи ҳаштоди қарни пешин мо ӯро ба унвони ҷавони соҳибистеъдод ва соҳибфикре, ки дар оянда метавонад ҳам дар бахши эҷоди осори бадеъ ба ҳам пажӯҳиши адабӣ корҳои арзишмандеро ба сомон бирасонад, мешинохтем.

Бо вуҷуди он ки ҳамзамон бо хатми Донишгоҳ Беҳрӯз ва  умуман насли онҳо ба ҳаводиси нохуш ва бесомониҳои пайоварди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯбарӯ шуданд, аммо хушбахтона он лаёқат ва истеъдод на танҳо хомӯш нардид, балки дар кӯраи оташини воқеаҳо обутоб ёфт ва дурахшу истеҳком пайдо кард. Ин  ҳол пеш аз ҳама бастагӣ ба фитрати солим, нияти холис ва ҳадафи волои хидмат ба халқу миллати худ, истиқлоли воқеии андеша ва ормонҳои миллӣ дошт ва бо ин мулоҳиза ҳоло ба итминон метавон гуфт, ки Беҳрӯз аз кӯраи пургудози ин озмоиш сарбалнд ва пирӯз беру номад. Маҷмӯаи ҳозири ӯ бо муҳтавои худ ва арзиши маънавию ҳунарие, ки дар он дарҷ аст,  ҳуҷҷати ин даъво мебошад.

Гуфтанист, ки шеъри Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ бо ин авсоф имрӯз  на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои  ҳамзабонамон низ шинохта ва мақбул аст.

Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ пажӯҳишҳои доманадори худро дар бораи  таҳаввули адабиёти навини тоҷик, ки ба сурати китоб ҳам ба ҳуруфи роиҷи имрӯзӣ дар Тоҷикистон ва ҳам ба ҳуруфи форсӣ ба нашр расида буд, дар қолаби рисолаи номзадӣ бомуваффақият дифоъ ва соҳиби унвони Номзади илми филология гардидааст.

Фаъолияти ҳамзамон дар ду бахш – адабиёт ва адабиётшиносии муосир, ҳамчунин фаъолияти рӯзноманигорӣ дар сатҳи таҳлили руҳдодҳои муҳимми иҷтимоӣ ашъори ӯро ҳам аз назари мавзӯъу муҳтаво ва ҳам аз назари шаклу унсурҳои хориҷӣ пухта ва дархури табъи хонандаи муосири мо гардондааст. Таркиби вазн ва анвои шеъри суннатӣ ва нав низ дар эҷодиёти ӯ қобили  мулоҳиза мебошад.

Бинобар ин  шеъри ӯ аз доираи баҳсҳое, ки ҳанӯз ба номи наву куҳна идома доранд, берун аст ва ба нуқтаи эътидол наздик, ки дар он таносуби куллӣ аз ҳар лиҳоз –навъу қолаб, сабку забону баён, суннату ибдоъ ва … эҳсос мешавад. Аз ин рӯ мо дар ҳамаи анвои ашъори ӯ шоирро саргарми ҳадафи ниҳову ғоӣ ва ба дур аз тафаннуну тасаннуъ мебинем.

Ба қавли Калими Кошонӣ:

                                     Мӯ ба мӯйи хомаи мӯ ҷодаи як сурат аст,

                               Солик аз сад раҳ ба манзил мерасонад хешро.

 

Рустами Ваҳҳоб,

Шоири халқии Тоҷикистон

 

 

Ин се ғазал аз ҳамин маҷмуа аст:

 

Сахт аст вақте бекасу танҳо бимонӣ,

Бо доғи дил чун лолаи саҳро бимонӣ.

Сахт аст баргардӣ ба хона дастхолӣ,

Фарзандро бо ваъдаи фардо бимонӣ.

Сахт аст вақте дӯстонат бевафоянд,

Ё дӯстиро бар сари савдо бимонӣ.

Сахт аст гарчи моҳии тилло, ки бошӣ,

Аммо ба дур аз ҷунбиши дарё бимонӣ.

Сахт аст вақте аз биҳишт ихроҷ гардӣ,

Фарзанди хуби Одаму Ҳавво бимонӣ.

Чун бед аз боди ҳаводис хам нагардӣ,

Ҳамчун чанори пур побарҷо бимонӣ.

Айб аст вақте дасту пову ақл бошад,

Саргашта дар бероҳаи дунё бимонӣ.

***   ***   ***

Аз ҷилваи зебоият одам равонӣ мешавад,

Дар орзуи васли ту кашталдаронӣ мешавад.

Ҳоло, ки маҳҷубӣ чунин, девонабозиро бубин,

Гар парда афтад аз миён, ҷанги ҷаҳонӣ мешавад!

Ҳошо, ба олам як саҳар бе парда бинмоӣ назар,

Даврони дақёнусию подачаронӣ мешавад.

Эй хубтар аз хубҳо, эй меҳтари маҳбубҳо,

Зулмоти пирӣ баъд аз ин субҳи ҷавонӣ мешавад.

Эй бартар аз ақлу шуур, эй нури нури нури нур,

Аз шиддати зебоият одам равонӣ мешавад!

Биё, ки ойинасон дар баробарат бошам,

Дарахти кӯча шавам, сояи сарат бошам.

Лабат шароби таҳур асту ҷоми Ҷам холӣ,

Биёр бодаи лабро, ки соғарат бошам.

Хирому нозу табассум сифоти ҳусни туанд,

Зи ҳусни хеш бигӯ, нозпарварат бошам.

Хушо паранда шавам нағмахони боғчаат,

Нишаста гӯшаи боме кабутарат бошам.

Ту моҳи кишвари ҳусниву зеби фасли баҳор,

Маро бихоҳ шабе, шоҳи кишварат бошам.

Таҳияи Малика Абдуллоева.