Китобхонаи милии Тоҷикистон фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст намуд

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар ҷаласае, ки субҳи имрӯз баргузор шуд, фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст кард. Ҷаласаро директори Китобхона профессор Файзализода Ҷумахон Хол ифтитоҳ намуд ва аз фаъолиятҳои густардаи ин муассисаи фарҳангӣ дар ин ним сол муфассал ҳисобот дод.

Директори Китобхона фаъолияти марказ ва бахшу шуъбаҳои Китобхонаро ба баррасӣ гирифта, иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар умум фаъолияти Китобхона назаррас буда, натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст омаданд. Ва дар ин баробар ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда дар рафти фаъолият ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласа Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Китобхона, Шӯрои бонувони Китобхона ва Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ аз фаъолиятҳҳои шашмоҳаи худ гузориш доданд.

Матни комили Ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷост:

ҲИСОБОТ

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»-И ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ШАШ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2021