Китоби нав «Библиографияи библиографияи Точикистон»

Китобномаи «Библиографияи библиографияи Точикистон» (1991-2022) тибқи  талаботи лоҳиаи илмии «Таҳқиқи вежагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (2021-2025) таҳия шудааст.

Мақсади  китобнома номнависӣ ва муаррифии тамоми навъу шакл ва жанри дастурҳои библиографии тўлӣ солҳои 1991-2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ интишорёфта мебошад .  Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ,  4 боб, 10 фасл ва 39 зерфасл  иборат аст.

Дар мақолаи муқаддимавӣ маълумоти мушаххас оид ба фаъолияти библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  Агентии милии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии ба номи И.Гандии АМИТ, Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои  вилоятӣ, китобхонаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешниҳод шуда, дастурҳои библиографии тўли солҳои 1991-2022 ба забонҳои  тоҷикӣ ва русӣ интишорёфта мавриди омўзиш ва таҳлил қарор гирифтаанд.

Боби якуми китобнома таҳти унвони «Масъалаҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ» маводи назариявии ба мавзуъ ихтисосдоштаро фаро гирифтааст. Боиси  зикр аст, ки дар бештари маҷмўаҳои илмӣ, аз қабили силсиламаҷмўаҳои «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (иборат аз 9 ҷилд) «Библиографишиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» (иборат аз 5 ҷилд) ва маҷаллаи фарҳангӣ-маърифатии «Китобдор» мақолаҳо аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ба ҳар се фасли боби якуми китобнома бахшида шудаанд, аммо тасвири манбаъ дар яке аз фаслҳои боби якум ҷой дода шудааст. Масалан, дар 11 шумораи маҷаллаи фарҳангӣ-маърифатии «Китобдор» (солҳои 2006-2015) оид ба масъалаҳои илми китобдории тоҷик дар маҷмўъ, 147 мавод дарҷ шудааст. Аз ин ҳисоб доир ба соҳаҳои китобшиносӣ-41 мавод, тааллуқ дорад.

Дар боби дуюми китобнома 17 номгўи дастури методӣ-библиографӣ ва 30 номгўи тавсияҳои методӣ номнавис шуданд.

Дар боби сеюми китобнома тамоми навъу шакл ва жанри дастурҳои библиографӣ, аз ҷумла нақшаҳои мавзуии нашриётҳо, библиографияи ҷорӣ, тарҷеӣ, дастурҳои библиографияи соҳавӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, тиб, таърих, иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ, фарҳанг, адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, варзиш, ҷашнҳо ва расму оинҳои миллӣ, дастурҳои библиографияи фардӣ, маълумотномаҳои шарҳиҳолӣ-библиографӣ, нашрияҳои библиографии иттилоотӣ ворид шуданд.

Боби  чоруми  китобнома  оид ба нишондиҳандаҳои  библиографии таҳиянамудаи Китобхонаи  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ, Китобхонаи давлатии бачагонаи  ҷумҳуриявии ба  номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи  ҷумҳурияии илмӣ-тиббии  Тоҷикистон ва Агенти молии созмони байналмилалии рақмгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Унвони маводи дар китобнома воридшуда мутобиқи талаботи стандарти  маъмул ба  забони асл тасвир шудааст. Тақризҳои марбут ба китобу дастурҳо зери осори тақризшуда ҷой дода шудаанд. Маводи дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи мавод ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ ҷобаҷо гузошта шудааст.

Китобнома барои муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм, донишҷўёну омўзгорон, магистрону аспирантон ва кормандони китобхонаҳо кўмак  хоҳанд  расонд.

Мураттиб ва муаллифи сарсухан Шариф Комилзода буда, зери назари Моҳира Аокбирова дар Пажӯҳишгои фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Гулистон  ЛУНДИШОЕВА
Сармутахассиси  шуъбаи
мукаммалгардони фонд